Гузориши аксӣ аз консерти гурӯҳи "Шамс" ва Салим-Сулаймон дар Маскав

Обуна шудан
Гурӯҳи "Шамс" бо сурудҳои ором, Салиму Сулаймон бо оҳангу сурудҳои ҳиндӣ ва овозхонони роҷистонӣ бо ғазалсароӣ панҷ соат ба муносибати 60-умин солгарди имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ҳунарнамоӣ карданд

Дирӯз, 12 ноябр дар толори консертии "Россия" дар шаҳри Маскав консерти бузург — "Сафари ҳунарии гирди ҷаҳон" ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" бо ширкати 35 овозхон аз Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор шуд.

Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия - Sputnik Тоҷикистон
"Jubilee mubarak": консерти бесобиқаи овозхонони тоҷику ҳиндӣ дар Маскав

Нобоварро тамошобинон чун ҳамеша бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Гурӯҳи "Шамс" имрӯз на барои "покӯбиву дастафшонии" тамошобинон ҳунарнамоӣ кард, балки ба хотири навозиши руҳу ҷони онҳо сурудҳое дар ситоиши Худову расул ва имомон иҷро кард. Ӯ аз ашъори Саъдиву Ҳофиз ва Саноиву Мавлавӣ шеърҳоеро хонд ва таронаҳои тозаашро пешкаши тамошобинон кард.

Салим ва Сулаймон дар рафти ҳунарнамоӣ пеш аз оғози ҳар суруде муҳтавои онро ба тамошобинон мегуфтанду боре ҳам аз тамошобинон хостанд, ки чароғҳои телефонашонро рӯшан кунанду чанд вожа аз таронаро ҳамроҳашон ҳамхонӣ кунанд.

Тамошобинон худро гӯё дар филмҳои ҳиндӣ эҳсос мекарданд, ки "Ишқ, Вала, Лав"-гӯён бо Салиму Сулаймон ҳамхонӣ мекарданд.

© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешРизокорон бо лаби хандон ва кордонӣ меҳмононро ҷо ба ҷо мекарданд.
Консерти бузург ба муносибати Ҷашни алмосӣ дар толори Русия-и Маскав - Sputnik Тоҷикистон
1/10
Ризокорон бо лаби хандон ва кордонӣ меҳмононро ҷо ба ҷо мекарданд.
© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешМуҷрии барномаи консертӣ-Аслишо Акимбеков
Консерти бузург ба муносибати Ҷашни алмосӣ дар толори Русия-и Маскав - Sputnik Тоҷикистон
2/10
Муҷрии барномаи консертӣ-Аслишо Акимбеков
© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешДар саҳна гурӯҳи "Шамс".
Консерти бузург ба муносибати Ҷашни алмосӣ дар толори Русия-и Маскав - Sputnik Тоҷикистон
3/10
Дар саҳна гурӯҳи "Шамс".
© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешРаҳбари гурӯҳи "Шамс"-Нобовар Чиноров-дар ин консерт сурудҳои куҳнаю навашро пешкаши мухлисонаш кард.
Консерти бузург ба муносибати Ҷашни алмосӣ дар толори Русия-и Маскав - Sputnik Тоҷикистон
4/10
Раҳбари гурӯҳи "Шамс"-Нобовар Чиноров-дар ин консерт сурудҳои куҳнаю навашро пешкаши мухлисонаш кард.
© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешҲар як тамошобин кӯшиш мекард, ҳарчӣ бештар ҳунарнамоии овозхононро ба навор бигирад, чун рухдод нотакрор аст.
Консерти бузург ба муносибати Ҷашни алмосӣ дар толори Русия-и Маскав - Sputnik Тоҷикистон
5/10
Ҳар як тамошобин кӯшиш мекард, ҳарчӣ бештар ҳунарнамоии овозхононро ба навор бигирад, чун рухдод нотакрор аст.
© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешБародарон Салман-Сулаймон аз Ҳиндустон ба хотири ҳунарнамоӣ дар ин консерт ба Маскав омаданд.
Консерти бузург ба муносибати Ҷашни алмосӣ дар толори Русия-и Маскав - Sputnik Тоҷикистон
6/10
Бародарон Салман-Сулаймон аз Ҳиндустон ба хотири ҳунарнамоӣ дар ин консерт ба Маскав омаданд.
© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешЯке аз овозхони груӯҳи сарояндагони Ҳиндустон.
Консерти бузург ба муносибати Ҷашни алмосӣ дар толори Русия-и Маскав - Sputnik Тоҷикистон
7/10
Яке аз овозхони груӯҳи сарояндагони Ҳиндустон.
© Sputnik / Стас ЭтвешКонсерти бузург ба муносибати "Ҷашни алмосӣ" дар толори "Русия"-и Маскав.
Консерти бузург ба муносибати Ҷашни алмосӣ дар толори Русия-и Маскав - Sputnik Тоҷикистон
8/10
Консерти бузург ба муносибати "Ҷашни алмосӣ" дар толори "Русия"-и Маскав.
© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешҒазалсароии ҳунармандон аз Раҷистони Ҳиндустон бо овози ҷаззоб ва сурудҳои муҳтаво ба рӯҳу ҷони тамошобинон рӯҳи тоза бахшид.
Консерти бузург ба муносибати Ҷашни алмосӣ дар толори Русия-и Маскав - Sputnik Тоҷикистон
9/10
Ғазалсароии ҳунармандон аз Раҷистони Ҳиндустон бо овози ҷаззоб ва сурудҳои муҳтаво ба рӯҳу ҷони тамошобинон рӯҳи тоза бахшид.
© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешКонсерти бузург ба муносибати "Ҷашни алмосӣ" дар толори "Русия"-и Маскав
Консерти бузург ба муносибати Ҷашни алмосӣ дар толори Русия-и Маскав - Sputnik Тоҷикистон
10/10
Консерти бузург ба муносибати "Ҷашни алмосӣ" дар толори "Русия"-и Маскав
Лентаи хабарҳо
0