Дониш биҷӯй: дар Душанбе намоишгоҳи таҳсилотии Русия ифтитоҳ шуд

92
(Таҷдидшуда 18:54 12.04.2018)
  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018

Дар Душанбе Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии "Маорифи Русия: Душанбе-2018" ифтитоҳ шуд

Дар Душанбе аз 12 то 14 апрел дар Донишгоҳи кишварзӣ, Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии "Маорифи Русия: Душанбе-2018" баргузор мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд бо барномаҳои таҳсилотии донишгоҳҳои Русия аз наздик ошно шаванд.

Дар умум барои намоиши таҳсилотӣ ба Душанбе 35 намояндагони донишгоҳҳои пешсафи Русия омадааст.

Дар ин намоишгоҳ касбҳо ва бахшҳои гуногуни таҳсилоти донишгоҳҳои Русия ба намоиш гузошта шудааст. Ҳар хонанда метавонад мувофиқи касби интихобнамуда, донишгоҳро интихоб кунад.

Ширкаткунандагони намоишгоҳ имкони хубе барои ошно шудан бо шароити буду бош ва таҳсилот дар Русия дошта, аз забони худи намояндагони ин донишгоҳҳо, ба саволҳояшон посух бигиранд.

Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ довталабон метавонанд бо номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои дохил шудан ба ин ё он донишгоҳи Русия лозим аст, ошно шаванд.

92
  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар Душанбе Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии "Маорифи Русия: Душанбе-2018" ифтитоҳ шуд.

  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар намоишгоҳи таҳсилотӣ, 30 донишгоҳи шаҳрҳои гуногуни Русия ширкат мекунанд.

  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар ин намоишгоҳ на фақат донишгоҳҳои пойтахти Русия, балки дигар шаҳру навоҳии ин кишвар ширкат мекунанд.

  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018
    © Sputnik / Амир Исаев

    Донишомӯзон бо кунҷковӣ ба намояндагони донишгоҳҳо дар бораи ихтисосҳо ва шароити буду бош саволҳо медиҳанд.

  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар ҳар плакат, маълумоти пуррае дар бораи ин ё он факулта, ҷойҳои буҷавӣ ва шартномавӣ, баллҳои гузариш ҷой дода шудааст.

  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар баробари донишгоҳҳои Русия дар ин намоишгоҳ филиали донишгоҳҳои бонуфузи Русия дар Тоҷикистон- МГУ, МЭИ, МИСИС ва ғайраҳо ширкат мекунанд.

  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018
    © Sputnik / Амир Исаев

    Ихтисосҳо барои интихоби донишомӯзони тоҷик зиёданд: оғоз аз иқтисод ва ҳуқуқшиносӣ то итисосҳои кайҳонавардӣ ва табиатшиносӣ.

  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018
    © Sputnik / Амир Исаев

    Ин намоишгоҳро Вазорати маорифи Тоҷикистон ва намояндагии "Россотрудничества" ташкил кардаанд.

  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018
    © Sputnik / Амир Исаев

    Ҳадафи баргузории намоишгоҳи таҳсилотӣ ошноии донишомӯзони тоҷик бо шароиити таҳсилот ва буду бош дар донишгоҳҳои Русия мебошад.

  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018
    © Sputnik / Амир Исаев

    Донишҷӯёни оянда натанҳо ба номгӯи ихтисосҳо дар ин ё он донишгоҳ, балки ба шароити буду бош дар хобгоҳҳо ҳам таваҷҷуҳ доранд.

  • Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии таҳсилотии Маорифи Русия: Душанбе-2018
    © Sputnik / Амир Исаев

    Пас аз Душанбе намоишгоҳи таҳсилотӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
намоишгоҳи таҳсилотӣ, намояндагии "Россотрудничества", Вазорати маориф, Тоҷикистон, Русия