Боз ба мактаб: таҷлили рӯзи дониш дар Тоҷикистон

258
(Таҷдидшуда 17:42 03.09.2018)
  • Волидайн кӯдаконро ба мактаб мебаранд
  • Мактаббачаҳои тоҷик зимни сафкашӣ бахшида ба 1 сентябр дар мактаби №31
  • Мактаббачаҳои тоҷик дар сафкашӣ бахшида ба 1 сентябр

  • Аввалин дарси хонандаҳои синфи яки мактаби нави №31
  • Мактаббачаҳои тоҷик дар сафкашӣ бахшида ба 1 сентябр дар мактаби нави №31
  • Аввалин дарси хонандаҳои синфи яки мактаби нави №31
  • Аввалин дарси хонандаҳои синфи яки мактаби нави №31
  • Аввалин дарси хонандаҳои синфи яки мактаби нави №31
Фасли тобистон ба поён расид ва бо ҳамин таътили тобистона мактабӣ низ анҷом ёфт. Рӯзи якуми сентябр мактабҳо дарҳои худро барои талабаҳо боз карданд

Ҳамаи хонандаҳо дастаҷамъона ба мактаб рафтанд. Хонандаҳои хурдсолро волидайн ба мактаб мебурданд.

Тибқи анъана рӯзи аввали соли хониш бо сафкашии мактаббачаҳо оғоз ёфт. Мактаббачаҳо зимни сафкашӣ хонандаҳои синфи якро пешвоз гирифтанд.

Ҳамаи кӯдакҳо бо либосҳои зебову нав ба мактаб омаданд. Духтарҳо бо мӯйбандҳои зебову сафед, бачаҳо бо куртаву гарданбанд ба мактаб омаданд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 55 дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок кард.

Таҷлили рӯзи дониш дар Душанбе дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон.

258
  • Волидайн кӯдаконро ба мактаб мебаранд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Волидайн кӯдаконро ба мактаб мебаранд

  • Мактаббачаҳои тоҷик зимни сафкашӣ бахшида ба 1 сентябр дар мактаби №31
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кӯдакон аз дидори як дигар шод мебошанд

  • Мактаббачаҳои тоҷик дар сафкашӣ бахшида ба 1 сентябр
    © Sputnik / Амир Исаев

    Тибқи анъана рӯзи аввали соли хониш бо сафкашии мактаббачаҳо оғоз ёфт

  • Мактаббачаҳои тоҷик дар сафкашӣ бахшида ба 1 сентябр
    © Sputnik / Амир Исаев

    Мактаббачаҳо зимни сафкашӣ хонандаҳои синфи якро пешвоз гирифтанд

  • Мактаббачаҳои тоҷик дар сафкашӣ бахшида ба 1 сентябр
    © Sputnik / Амир Исаев

    Мактаббачаҳо бодиққат ба мудири мактаб гӯш медиҳанд

  • Мактаббачаҳои тоҷик дар сафкашӣ бахшида ба 1 сентябр
    © Sputnik / Амир Исаев

    Ҳамаи кӯдакҳо бо либосҳои зебову нав ба мактаб омаданд. Духтарҳо бо мӯйбандҳои зебову сафед, бачаҳо бо куртаву гарданбанд ба мактаб омаданд

  • Мактаббачаҳои тоҷик дар сафкашӣ бахшида ба 1 сентябр
    © Sputnik / Амир Исаев

    Суханронии хонандаҳои синфҳои болоӣ зимни сафкашӣ

  • Мактаббачаҳои тоҷик дар сафкашӣ бахшида ба 1 сентябр
    © Sputnik / Амир Исаев

    Хонандаҳои синфи як саргардонанд ва намедонанд чи кор кунанд ва куҷо бираванд

  • Аввалин дарси хонандаҳои синфи яки мактаби нави №31
    © Sputnik / Амир Исаев

    Тибқи анъана дарси аввал соати синфӣ буд

  • Мактаббачаҳои тоҷик дар сафкашӣ бахшида ба 1 сентябр дар мактаби нави №31
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдори шаҳр мактаби навро ифтитоҳ намуданд

  • Аввалин дарси хонандаҳои синфи яки мактаби нави №31
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муаллима бо хонандаҳо шинос мешавад

  • Аввалин дарси хонандаҳои синфи яки мактаби нави №31
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аввалин дарси хонандаҳои синфи яки мактаби нави №31

  • Аввалин дарси хонандаҳои синфи яки мактаби нави №31
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кӯдакон аз дидори омӯзгорон хушҳол мебошанд

Муҳофизат бо усули ҷопонӣ: ниқобҳо бо алмосу марворид - акс

87
  • Ингуна ниқобҳо дар Ҷопон 9 ҳазор доллар арзиш доранд
  • Теъдоди зиёди харидорон барои дидан ва харид намудани чунин ниқобҳо меоянд
  • Ин намуд ниқобҳо дар яке аз мағозаҳои маъруфи Ҷопон фурӯхта мешаванд
  • Ниқобро ҳамакнун ба муд омезиш дода, намудҳои гуногуни онро мебароранд
  • Ҳола дар аксар кишварҳо намудҳои гуногуни ниқобҳо ба назар мерасанд
  • Дар рафҳои ин мағоза ниқобҳои гуногун, ки бо сангҳо оро дода шудаанд, гузошта шуданд
  • Пандемияи коронавирус ҳамаро ниқобпӯш кард
  • Оё барои Шумо пӯшижани чунин ниқобҳо писанд аст?
Дар яке аз мағозаҳои маъруфтарини Ҷопон ниқобҳои муҳофизатӣ аз коронавирус бо алмосу марворид оро дода шуда, ба хариддорон пешниҳод мешаванд

Маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон ҳамаро ниқобпӯш кард. Дар аксар кишварҳо ниқобро ба муд ҳам шомил намуданд ва шаклу намуди онро ба ҳар васила оро ва дигаргун мекунанд.

Масҷидҳои Қазоқистон барои намозҳои панҷвақта боз мешавад: бо ниқоб ва фосила

Аз ҷумла дар Ҷопон ниқобҳои тиббиро бо алмосу марворид ороиш додаанд.

Нархи як ниқоби табиӣ, ки бо алмос ва марворид оро дода шудааст, наздики 9 ҳазор доллар арзиш дорад.

Ин гуна ниқоб дар яке аз маъруфтарин мағозаҳои Ҷопон барои харид ба муштариён пешниҳод мешавад.

87
  • Ингуна ниқобҳо дар Ҷопон 9 ҳазор доллар арзиш доранд
    © REUTERS / Issei Kato

    Ингуна ниқобҳо дар Ҷопон 9 ҳазор доллар арзиш доранд

  • Теъдоди зиёди харидорон барои дидан ва харид намудани чунин ниқобҳо меоянд
    © REUTERS / Issei Kato

    Теъдоди зиёди харидорон барои дидан ва харид намудани чунин ниқобҳо меоянд

  • Ин намуд ниқобҳо дар яке аз мағозаҳои маъруфи Ҷопон фурӯхта мешаванд
    © REUTERS / Issei Kato

    Ин намуд ниқобҳо дар яке аз мағозаҳои маъруфи Ҷопон фурӯхта мешаванд

  • Ниқобро ҳамакнун ба муд омезиш дода, намудҳои гуногуни онро мебароранд
    © REUTERS / Issei Kato

    Ниқобро ҳамакнун ба муд омезиш дода, намудҳои гуногуни онро мебароранд

  • Ҳола дар аксар кишварҳо намудҳои гуногуни ниқобҳо ба назар мерасанд
    © REUTERS / Issei Kato

    Ҳола дар аксар кишварҳо намудҳои гуногуни ниқобҳо ба назар мерасанд

  • Дар рафҳои ин мағоза ниқобҳои гуногун, ки бо сангҳо оро дода шудаанд, гузошта шуданд
    © REUTERS / Issei Kato

    Дар рафҳои ин мағоза ниқобҳои гуногун, ки бо сангҳо оро дода шудаанд, гузошта шуданд

  • Пандемияи коронавирус ҳамаро ниқобпӯш кард
    © REUTERS / Issei Kato

    Пандемияи коронавирус ҳамаро ниқобпӯш кард

  • Оё барои Шумо пӯшижани чунин ниқобҳо писанд аст?
    © REUTERS / Issei Kato

    Оё барои Шумо пӯшижани чунин ниқобҳо писанд аст?

Барчаспҳо:
акс, Ҷопон

Марадона дунёро падруд гуфт: ӯ чигуна дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд - акс

252
(Таҷдидшуда 14:37 26.11.2020)
Алберто Фернандес, раисиҷумҳури Аргентина дар паёме ба муносибати даргузашти Марадона 3 рӯз азо (мотам)-и умумӣ дар кишвараш эълом кард

Даргузашти Диего Армандо Марадона ҳамаи мардуми Аргентинаро таҳти таъсир қарор дода ва бархе ахбор ҳокӣ аз он аст, ки мардум ба нишонаи нороҳатӣ ба хиёбонҳо омадаанд.

Даргузашти Марадона ҳамчунин бо вокуниши шахсиятҳои матраҳи дунёи футбол ҳамроҳ буд.

Расона‌ҳои Аргентина рӯзи чаҳоршанбе аз даргузашти Диего Марадона бар асари оризаи қалбӣ хабар доданд.

Марадонаи 60- сола, чанде қабл ба иллати оризаи қалбӣ дар бемористон бистарӣ ва ҷарроҳӣ шуда буд.

Вай яке аз беҳтарини бозигарони таърихи футбол ва ситораи даҳаи 80 милодӣ ба шумор мерафт ва ҳамвора шуморе аз бозикунон ва мураббиёни саршинос, коршиносон, маҷаллоти тахассусии футбол ва низ ҳаводорони ин риштаи варзишӣ, ӯро бартарин бозикуни тамоми таърихи футбол медонанд.

252
  • © REUTERS / Carlos Barria

    Даргузашти Марадона ҳамаи мардуми Аргентинаро таҳти таъсир қарор дод

  • © REUTERS / Action Images / Juha Tamminen

    Марадона яке аз беҳтарини бозикунони таърихи футбол ва ситораи даҳаи 80 милодӣ ба шумор мерафт

  • © AP / Carlo Fumagalli, file

    Диего Армандо Марадона бо ҷоми дар Чемпионати Ҷаҳон дар даст баъд аз бозии финал бо тими миллии Олмон дар соли 1986

  • © REUTERS / Stringer

    Диего Марадона бо ҳамсараш Клаудия ва модари меҳрубонаш, соли 1989

  • © Sputnik / Vladimir Rodionov

    Марадона дар ҳайати тими "Наполи" баъд аз бозӣ бо тими Спартаки Маскав дар соли 1990

  • © AFP 2020 / Daniel Garcia

    Диего Армандо Марадона 30 октябри соли 1960 таваллуд шудааст. Дар синни 10- солагӣ ба тими наврасони "Лос Себолитас" пайваст.

  • © REUTERS / Stringer

    Суҳбати ду шахси намоён: Диего Марадона ва раисҷумҳури Куба Фидел Кастро дар Куба, 2001 сол

  • © REUTERS / Marcos Brindicci

    Диего Марадона бо сигори кубинӣ ва нақши Че Гевара бар даст

  • © AFP 2020 / Stringer

    Аз соли 1977 Диего ба ҳайати тими миллӣ шомил гардид.

  • © AP / Matt Sayles

    Бозии охирони Марадона бо тими "Ривер Плейта" санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд

  • © AFP 2020 / Valery Hache

    Сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт медиҳад

  • © REUTERS / Eddie Keogh

    Дар робита ба даргузашти Марадона, кишвардори Аргентина Алберто Фернандес дар қаламрави кишвараш се рӯзи мотам эълон намуд

  • © Sputnik / Sergey Guneev

    Президенти Русия Владимир Путин, ситораи футболи Бразилия Пеле ва ситораи Аргентина Диего Марадона

  • © REUTERS / Marcos Brindicci

    Диего Марадона ҳамроҳ бо дустдухтараш

  • © REUTERS / Grigory Dukor

    Диего Марадона бо бозии футболаш Аргентираро ба денё муаррифӣ кард

Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

0
(Таҷдидшуда 20:57 28.11.2020)
Дар вилояти Хатлон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёди 941 иншооти тандурустӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Хатлон 532 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, то ҷашни Истиқлол дар вилоят бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 70 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

“Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки айни ҳол сохтмони иншооти калонҳаҷм, аз қабили бинои Маркази перинаталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, дар деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ идома дорад.

Нашрия зикр намудааст, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 115 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ фаъолият менамоянд.

0
Барчаспҳо:
сохтмон, Тоҷикистон