Аз кулчаву шӯрбо то гаҳвораву пероҳан: меҳмондории Раҳмон аз Ли Кетсян (АКС)

341
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  •  Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • р Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • Эмомалӣ Раҳмон ва ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  •  Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян дар Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам
Дар намоишгоҳи Боғи Ирам барои меҳмонони чинӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи президент тамоми расму оини тоҷикон ва намунаи беҳтарини ҳунарҳову анъанаҳои хоси миллати тоҷикро намоиш доданд

Cайругашти шомгоҳии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Ли Кетсян, нахуствазири Чин, дар мавзеъи хушбоду ҳавои Боғи Ирам сурат гирифт.

Дар намоишгоҳ  таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимаи мардуми тамаддунофари тоҷик, таъомҳои миллӣ, намунаи дастовардҳои ҳунармандони соҳибзавқи кишвар, анвои гуногуни хурока, нону шириниҳо, меваҳои тару тоза ва хуштаъм, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхези Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Озода Раҳмон Ли Кетсян ва ҳамсарашро бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, намоиши сару либоси мардонаю занонаи миллӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ, меваву хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон ва таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар ошно сохтанд.

Дар як гӯшаи махсус инчунин имкониятҳои сайёҳии кишвар дар соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд.

341