Аз кӯҳ ба кӯҳ: аксҳои кӯҳҳо ва қуллаҳои зеботарини дунё (Акс)

432
(Таҷдидшуда 18:46 13.12.2018)
  • Пик Исмоила Сомони, архивное фото
Тибқи тасмими Созмони Милали Муттаҳид, 11 декабр ҳамчун рӯзи байналмилалии кӯҳ дониста шудааст ва аз соли 2003 бад ин сӯ дар куллия кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад

Тибқи омори расмӣ, 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва он чун кишваре кӯҳистонӣ дар минтақа ва ҷаҳон маъруф аст. Бахши аъзаме аз қаламрави Тоҷикистонро кӯҳистони Помир ташкил медиҳад.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ яке аз қуллаҳои кӯҳҳои баланди Тоҷикистон аст. Нуқтаи аз ҳама баландаш 7495 м мебошад. Қуллаи Исмоили Сомонӣ, дар шимолу ғарбии Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст. 

Кӯҳистони Помир пайвандгоҳи баландтарин кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиён-Шон аст. Баландтарин нуқтаи Помир қуллаи Исмоили Сомонӣ ба баландии 7495 м мебошад. Аз дигар қуллаҳои баланди Помир қуллаи Истиқлолият (7165 м то июли 2006 - қуллаи Ленин), қуллаи Абуалӣ ибни Сино (6940 м, то июли соли 2006 – қуллаи Революция) ном доранд.

Sputnik Тоҷикистон беҳтарин ва зеботарин манзараҳои кӯҳҳиро пешниҳод мекунад.

432
  • CC0 / Pixabay

    Манзараи водии кӯҳсори Италия.

  • CC0 / Pixabay

    Манзараи водии кӯҳсори Зеландияи нав.

  • CC0 / Pixabay

    Кӯҳҳои рангинкамони Перу.

  • © Sputnik / MAksim Blinov

    Калисои Троитск дар деҳаи Гергетӣ дар нишебии кӯҳи Казбеки Гурҷистон.

  • CC0 / Pixabay

    Манзараи биёбонии Анд.

  • © Sputnik / Aleksander Piragis

    Пайкари "Хирс бо хирсак" дар даромадгоҳи шаҳри Елизовои минтақаи Камчатский.

  • CC0 / Pixabay

    Манзараи кӯҳи Фудзи дар Ҷопон.

  • Пик Исмоила Сомони, архивное фото

    Манзараи қуллаи Исмоили Сомонӣ

  • Манзари Маттерхорни Алпҳои Пенин дар марзи Швейтсария ва Италия.

  • CC0 / Pixabay

    Манзараи Му Чанг Чай дар Ветнам.

  • Кӯҳи Рорайм дар Амрикои ҷанубӣ.

  • CC0 / Pixabay

    Манзараи кӯҳи Киркюфетл дар Исландия.

  • CC0 / Pixabay

    Кӯҳи Кейптаун.

  • CC0 / Pixabay

    Қуллаи Ама-Даблам дар Ҳимолой.

  • CC0 / Pixabay

    Манзараи кӯҳи Эверест аз меҳмонхонаи Непал.

  • Роҳи El Chaltén, Санта Круз, Аргентина.