Солгарди ихроҷи нируҳои Шӯравӣ аз Афғонистон аксҳои таърихӣ

310
(Таҷдидшуда 14:23 15.02.2019)
Аз он лаҳзае, ки охирин аскари артиши Иттиҳоди Шӯравӣ тариқи пули Дӯстӣ хоки Афғонистонро тарк кард 30 сол сипарӣ шуд. Sputnik Тоҷикистон аксҳои таърихӣ машҳурро пешкаши Шумо менамояд

15 феврали соли 1989 хориҷи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон анҷом ёфт. Моҳи феврали соли 2019 аз лаҳзаи хориҷи артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон 30 сол сипарӣ мешавад.  

Тибқи омори расмӣ 15 феврал охирон аскари Шӯравӣ, ки хоки Афғонистонро тариқи пули Дӯстӣ, Афғонистону Иттиҳоди Шӯравиро мепайваст генерал-лейтинант Борис Громов будааст.

Аммо дар асл дар Афғонистон аскарони Шӯрави, ки ба дасти муҷоҳидон гаравгон афтида буданд ва гурӯҳи марзбонон боқи монда буданд, ки амнияти хуруҷи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ таъмин мекарданд. Гурӯҳи марзбонон хоки Афғонистонро дар нимаи дуюми рӯзи 15 феврал тарк карданд.

Ва 25 декабри соли 1979 тақрибан 80 000 нирӯи артиши Шӯравӣ вориди Афғонистон шуданд. Тайи 10 соли ҷанг Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон беш аз 15 ҳазор қурбонӣ дод.

Хориҷи нирӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон 15 майи соли 1988 шурӯъ шуд.

Иттиҳоди Шӯравӣ аз афғонистон тамоми нирӯҳояшро дар муддати 9 моҳ хориҷ кард. Нисфи артиш Шӯравӣ дар муддати 3 моҳ аз Афғонистон бароварда шуд. Охирин қатори артиши Иттиҳоди Шӯравӣ 15 феврали соли 1989 хоки Афғонистонро тарк кард.

310
  • © Sputnik / Alexander Liskin

    Қатораи мошинҳои зиреҳпӯш дар пули "Дӯстӣ" дар Тирмиз ҳангоми ихроҷи нирӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон.

  • © Sputnik / Andrey Solomonov

    Ихроҷи нирӯҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон. Баргашт ба Ватан.

  • © Sputnik / Andrey Solomonov

    Ихроҷи нирӯҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон. Ҳаракати қатораи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз ағбаи Саланг ба сӯи кӯҳҳои Ҳиндукуш.

  • © Sputnik / Alexander Liskin

    Наздикии шаҳри Тирмиз (ҶШС Узбакистон) маросими тантанавии пешвози сарбозони артиши Шӯравӣ, ки аз Афғонистон ба Ватан баргаштанд

  • © Sputnik / Andrey Solomonov

    Ҷумҳурии Афғонистон (Ҷумҳурии исломии Афғонистон). Марҳила ба марҳила ихроҷи нирӯҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон. Гусел кардани низомиёни Шӯрави аз ҷониби сокинони Афғонистон.

  • © Sputnik / Alexander Liskin

    Наздикии шаҳри Тирмиз (ҶШС Узбакистон) маросими тантанавии пешвози сарбозони артиши Шӯравӣ, ки аз Афғонистон ба Ватан баргаштанд

  • © Sputnik / V.Kiselev

    Ихроҷи нирӯҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон. Хушҳолии наздикон.

  • © Sputnik / Andrey Solomonov

    Анҷоми ихроҷи нирӯҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон. Ҳангоми дидор бо наздикон.

  • © Sputnik / Yuriy Somov

    Бозгашти нирӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон ба Ватан.

  • © Sputnik / Andrey Solomonov

    Ҷуҳурии Афғонистон (Ҷумҳурии исломии Афғонистон). Марҳила ба марҳила ихроҷи нируҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон. Бозгашти аввалин қатораҳои низомии артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ватан. Ағбаи Саланг.

  • © Sputnik / Vladimir Vyatkin

    Қисми низомии нирӯҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар кӯҳҳои Афғонистон.

  • © Sputnik / V. Suhodolskiy

    Капитан Владимир Скиба, сазовори ордени "Ситора"-и дараҷаи III Афғонистон шудааст.

  • © Sputnik / V.Kiselev

    Нирӯҳои маҳдуди артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон. Сарбозон дар доманаи кӯҳи Ҳиндукуш.

  • © Sputnik / Andrey Solomonov

    Нирӯҳои маҳдуди артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон.

  • © Sputnik / Andrey Solomonov

    Ҷуҳурии Афғонистон (Ҷумҳурии исломии Афғонистон). Марҳилаи вориди нируҳои Шӯравӣ ба Афғонистон. Гурӯҳи низомиёни Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди қалъаи Боло Ҳисор дар Кобул.

  • © Sputnik / Andrey Solomonov

    Ҷумҳурии Афғонистон (Ҷумҳурии исломии Афғонистон). Марҳилаи вориди нирӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон. Гурӯҳи низомиёни Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди қалъаи Боло Ҳисор дар Кобул.

  • © Sputnik / Yuriy Somov

    Олег Медянкин - сарбози Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон. Ҷанги Афғонистон дар солҳаои 1979-1988

  • © Sputnik / Andrey Solomonov

    Ҷумҳурии Афғонистон (Ҷумҳурии исломии Афғонистон). Нирӯҳои маҳдуди Шӯравӣ дар Афғонистон. Гурӯҳи махсуси алоҳида баъд аз иҷрои супориши ҷангӣ.

  • © Sputnik / Andrey Solomonov

    Ҷумҳурии Афғонистон (Ҷумҳурии исломии Афғонистон). Марҳилаи ихроҷи нирӯҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон. Ҳаракати қатораи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз ағбаи Саланг ба сӯи кӯҳҳои Ҳиндукуш. Дар канори роҳ боқимондаҳои мошинҳои шикаста ва нобудшуда аз сӯи муҷоҳиддини афғон.

  • © Sputnik / Andrey Solomonov

    Ҷумҳурии Афғонистон (Ҷумҳурии исломии Афғонистон). Маросими қадрдонии сарбозони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ҷанги Афғонистон иштирок намуданд.