Маликаи рақс рӯи ях бо ҳиҷоб: варзишкори АМА, ки қоидаи бозиро дигар кард

796
(Таҷдидшуда 13:40 07.03.2019)
Ба шарофати варзишкор Зуҳро Ларӣ, Аморати муттаҳидаи Араб аввалин кишвари шарқи наздик аст, ки дар International Skating Union (Иттиҳодияи ҷаҳонии скейт) узвияти доимиро ба даст овард

Зуҳро Ларӣ – аввалин варзишкори рақс рӯи ях аст, ки Аморати муттаҳидаи Арабро бар мусобиқаҳои байналмилдалӣ муаррифӣ кардааст. дар расонаҳои хабарӣ вай бо номи маликаи рақс рӯи ях бо ҳиҷоб ошност. Ба хотири ин варзишкор International Skating Union  ба қоидаҳои худ тағйирот ворид намуд.

Қаблан дар ин варзиш доштани сарпӯш, ба иллати хатар манъ шуда буд. Вақте, ки бори аввал Зуҳро дар Ҷоми Аврупо дар Итолиё дар фасли 2011-12 иштирок кард, доварон холҳои ӯро барои доштани ҳиҷоб кам карданд.

Аммо баъд аз гузашти вақт вазъ тағйир ёфт ва ҳоло Зуҳро метавонад роҳат бо ҳиҷоб дар мусобиқаҳо ширкат намояд. ISU маҳз барои ҳамин варзишкор қоидаҳои худро тағйир дод.

Ҳоло холҳои Зуҳроро барои доштани ҳиҷоб кам намекунанд. Имрӯз варзишкор ба мусобиқа дар Универсиадаи шаҳри Красноярск омодагӣ мебинад.

Барои Зуҳро ин аввалин мусобиқа дар сатҳи олӣ мебошад.  Зуҳро бо расонаҳо чандон суҳбат карданро дӯст намедорад. Дар соли 2012 Зуҳро аввалин бор дар яке аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷои аввалро ишғол кард.

Маликаи рақс рӯи ях мураббии рус дорад. Александра Ивлева собиқ варзишкори Русия устоди варзишкори ҳиҷобдор шудааст. Мураббиаш боварӣ дорад, ки Зуҳро бо ин хислаташ дар оянда чемпион хоҳад шуд.

Қаблан Зуҳро қоил шуд, ки ӯ мухлиси варзишкори рус Евгения Медведева мебошад.           

796
  • © Sputnik / Vladimir Astapkovich

    Тамоми ҷаҳон дар ҳайратаст, ки Зуҳро Ларӣ аз АМА тавонистааст кишварашро бо ҳиҷоб дар мусобиқаҳои рақс рӯи ях намояндагӣ кунад

  • © Sputnik / Vladimir Astapkovich

    Зуҳро бо ҳиҷоб дар мусобиқа иштирок мекунад. Қаблан ҳиҷоб дар ин навъи варзиш манъ буд

  • © AFP 2019 / Andrea Solero

    Тибқи қоидаҳои ISU иштирок намудан бо сарпӯш манъ аст. ба ҳамин хотир қаблан холҳои Зуҳроро барои доштани ҳиҷоб кам мекарданд

  • © Sputnik / Vladimir Astapkovich

    Сипас маҳз барои ҳамин варзишкор ба қоидаҳои ин навъи варзиш тағйирот ворид карда шуд. Акнун Зуҳро метавонад дар мусобиқаҳо ба роҳат бо ҳиҷоб иштирок намояд

  • © Sputnik / Vladimir Astapkovich

    Пас аз ҳамин ҳодиса расонаҳои хабарӣ Зуҳроро Маликаи рақс рӯи ях ном карданд

  • © AP / Eugene Hoshiko

    Варзишкор таъкид намудааст, ки дар Ватанаш аз ӯ ҷонибдорӣ ва ҳаводорӣ мекунанд

  • © AP / Matthias Schrader

    Аввалин пирӯзии Зуҳро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2007 сурат гирифтааст

  • © Sputnik / Vladimir Astapkovich

    Падари Зуҳро шаҳрванди АМА мебошад, аммо модараш шаҳрванди Амрико

  • © AFP 2019 / Andrea Solero

    Зуҳро мухлиси варзишкори рус Евгения Медведева буда аст

  • © Sputnik / Vladimir Astapkovich

    Имрӯз варзишкор ба мусобиқа дар Универсиадаи шаҳри Красноярск омодагӣ мебинад

  • © AP / Eugene Hoshiko

    Маликаи рақс рӯи ях мураббии рус дорад. Александра Ивлева собиқ варзишкори Русия устоди варзишкори ҳиҷобдор шудааст.

  • © AFP 2019 / Andrea Solero

    Бузургтарин орзӯи Зуҳро Ларӣ - ин иштирок дар Олимпиада будааст