Даҳ акси зеботарин фурудгоҳҳои дунё -акс

521
(Таҷдидшуда 15:21 14.05.2019)
Ширкати AirHelp, ки ба ҳимояи ҳуқуқи мусофирони машғул аст, феҳристи беҳтарин фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавоии дунёро таҳия карлдааст

Коршиносони ширкати мазкур зимни таҳияи феҳрист саривақт ва сифати хизматрасонӣ, ҷойҳои истеъмоли ғизо, мағоза ва суръати расидагӣ ба шикояти мусофирон дар фурудгоҳҳоро баҳогузорӣ кардаанд

Дар феҳристи мазкур ҷои аввалро фурудгоҳи Ҳамади пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа ба даст овардааст. Инчунин дар ин феҳраст дар ҷои дувум фурудгоҳи Токио ва севум фурудгоҳи байналмилалии Афин қарор дорад.

Фурудгоҳи байналмилалӣ - Фурудгоҳ воситаест, ки ба он тамоми ҳавопаймоҳо омада мешинанд ва онро ҳамчун истгоҳ истифода мебаранд.

Ёдрас мешавем, ки аввалин фурудгоҳ дар ҷаҳон фурудгоҳи Девау кенегсберг, ки соли соли 1919 ифтитоҳ ётааст ба ҳисоб меравад.

521
  • © AFP 2019 / Karim Jaafar

    Акс аз дохили фурудгоҳи байналмилалии Ҳамад дар Давҳа

  • Фурудгоҳи байналмилалии Токио ва манзараи куҳи Фудзияма

  • © CC0 / Rakoon

    Фурудгоҳи байналмилалии Афин

  • Фурудгоҳи байналмилалии Афонс Пена дар шаҳри Сан-Жозе-дус-Пиняйсе, Бразилия

  • Фурудгоҳи Гендал ба номи Лех Валенса

  • © Sputnik / Vladimir Vyatkin

    Мусофирони дар терминали фурудгоҳи байналмилалии Шереметево

  • © AP / Mahesh Kumar A

    Фурудгоҳи байналмилалии Раҷив Ганди дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон

  • © AFP 2019 / Roslan Rahman

    Фурудгоҳи байналмилалии Чанги дар Сингопур

  • Фурудгоҳи байналмилалии Тенерифе Норте дар Испания

  • Фурудгоҳи байналмилалии Виракопус дар шаҳри Кампинаси иолоти Сан-Паулуи, Бразилая

Бозорҳои Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии COVID - 19: гузориши аксӣ

415
(Таҷдидшуда 20:08 04.07.2020)
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
  • Бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Муштариён дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
Зиндагии мардуми Тоҷикистон бо тадриҷ ба шакли маъмулӣ бозмегардад. Фаъолияти бозорҳои кишварро дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

Дар дари даромади бозор ҳарорати бадани ҳар як муштарӣ санҷида мешавад.

Маъмулан дар назди даромади бозорҳо "кунҷи беҳдоштӣ" ташкил шудааст.

Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

Зиёда аз ин ҳамаи бозорҳои бузурги кишварро кормандони мақомот ҳамарӯза тафтиш мекунанд.

415
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад.

  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аробакашон дар бозори Меҳргон.

  • Бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Бозори Меҳргон имрӯзҳо боз пур аз муштарӣ аст.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд.

  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳо дар бозори Меҳргон. Рафъҳо аз меваҳои мавсимӣ пур шудааст.

  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

  • Муштариён дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муштариён дар бозори Меҳргон. Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Фурӯшандагон низ ҳатман ниқоб мепӯшанд.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Барои фурӯшандагон низ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ мебошад.

Барчаспҳо:
вируси нав, фаъолият, бозор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мардум Конститутсия навро дастгирӣ карданд: ҷараёни овоздиҳӣ дар гузориши аксӣ

95
(Таҷдидшуда 14:26 02.07.2020)
ГРӯзи 1-уми июл дар Русия ва намояндагиҳои расмиаш дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, раъйпурсӣ ё референдум барои ворид кардани тақрибан 200 ислоҳ ба Қонуни асосӣ анҷом ёфт

Ин тағйиротро парлумон, раисҷуҳур ва Додгоҳи қонуни асосии Русия қабул карда буданд, аммо роҳбари Русия таъкид дошт, тағйирот танҳо баъд аз ризояти мардум ба қабул хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки бо сабаби пандемияи коронавирус овоздиҳӣ дар Русия ба санаи 25-уми июн гузошта шуда буд. Овоздиҳи давоми як ҳафта идома кард.

Тибқи омори ахири мақомоти Русия беш аз ҳудуди 78 дарсади мардуми ин кишвар тағийрот дар қонуни асисии ин кишварро пазхируфтанд.

 

 

95
  • © Sputnik / Alexei Druzhinin

    Владимир Путин, раисҷуҳури Русия барои тағйирот дар Қонуни асосӣ райъ дод

  • © Sputnik / Roscosmos

    Овоздиҳӣ дар кайҳон: кайҳоннаварди Русия ҳангоми овоздиҳӣ

  • © Sputnik / Andrei Kasprishin

    Муоврини раиси боғи ваҳши Барнаул Александр Чеботарёв ба овоздиҳӣ бо хирсбача омад

  • © Sputnik / Tomas Tkhaitsuk

    Навбат дар наздикии участкаи интихоботӣ дар Гурҷистон

  • © Sputnik / Dmitry Astakhov

    Нахуствазири Русия ҳам субҳ пушти сандуқи райдиҳӣ омад

  • © Sputnik / Alexei Druzhinin

    Владимир Путин, ҳангоми овоздиҳӣ дар участкаи интихоботӣ

  • © Sputnik / Kirill Kallinikov

    Тоблои иттилоотии Комиссияи марказии интихоботи Русия

  • © Sputnik / Vitaliy Ankov

    Интихобот дар даврони пандемия: амалҳои эҳтиётӣ дар ҳавзаи интихоботӣ

  • © Sputnik / Evgeny Biyatov

    Ҷараёни райдиҳӣ дар шаҳри Маскав

  • © Sputnik / Andrei Kasprishin

    Хирсбача ҳам ба овоздиҳи омад

  • © Sputnik / Mikhail Voskresenskiy

    Дар интихобот иштироки фаъоли ҷавонон ба назар мерасид

  • © Sputnik / Anna Ratkoglo

    Ҳавзаҳои овоздиҳӣ тақрибан дар тамоми гушаву канори ҷаҳон ташкил карда шуда буд. Овоздиҳӣ дар Пекин

  • © Sputnik / Alexei Danichev

    Ҷараёни овоздиҳӣ дар шаҳри Санкт-Петербург

  • © Sputnik / Vitaliy Ankov

    Чораҳои эҳтиётӣ дар замони вируси корона. Дар ҳавзаи интихоботӣ ҳарорати баданро месанҷиданд

  • © Sputnik / Mikhail Voskresenskiy

    Овоздиҳии мардуми Русия барои тағйирот ба Қонуни асосӣ

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ

Бе коррупсия ва ситондани бизнес бо зӯрӣ: Файзов 6 шарти рушди соҳибкориро гуфт

0
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар машварати васеъ бо ҳузури мақомдорони давлатию созмонҳои ҷамъиятӣ масъалаи рушди соҳибкорию дастгирии давлатиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Ёдгор Файзов зимни машварати васеъ изҳор дошт, ки  дар тамоми дунё барои рушди соҳибкорӣ шаш омили асосӣ вуҷуд дорад.

"Якум барои рушди соҳибкорӣ, аз нуқтаи назари андоз, коррупсия, бақайдгирӣ ва ғайра дар доираи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоид бояд фароҳам оварда шавад. Дуюм ба роҳ мондани дастрасӣ ба захираҳои маблағӣ аз тариқи грант, кредитҳои фоиздор ва бефоиз, лизинг, дастрасӣ ба технологияи муосир ва дониш мебошад", - изҳор дошт раиси ВМКБ.

Ӯ тавзеҳ дод, касоне, ки ба тиҷорат сарукор мегиранд, бояд дониши муайян дошта бошанд. Масъалаи сеюм ташкил намудани бозори дохилӣ, донорҳои сабз ва дастрасӣ ба бозори хориҷӣ арзёбӣ шуд.

Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки таъмини ҳуқуқи молу мулкӣ аз омилҳои дигари рушд мебошад, чун соҳибкор бояд мутмаин бошад, ки бизнеси ӯро касе зӯран гирифта наметавонад.

“Масъалаи охирин ин дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ оиди тавлид намудани молҳои воридотивазкунанда ва содиротӣ мебошад”, - гуфт раис.

Тавсиф аз Суғду дастур ба мақомдорони ВМКБ

Раиси ВМКБ аз дастовардҳои бахши хусусии вилояти Суғд тавсиф кардааст, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин вилоят мушоҳида кардаст. Дидем, ки чӣ тавр дар доираи ин меъёрҳо ва талабот соҳибкорӣ рушд кардааст, изҳор дошт ӯ.

Файзов барои сардорони Раёсати сармоягузорӣ, андоз, бонкҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор лозим донистааст, ки таклифу пешниҳодҳои худро барои беҳтар амалӣ гардидани Барнома ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили асосҳои институтсионалӣ, диверсификатсияи содирот, содагардонии расмиёти савдо ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш пешниҳод намоянд.

0
Барчаспҳо:
ВМКБ, соҳибкорӣ, савдо, иқтисод, Тоҷикистон