Даҳ боздиду мулоқот дар як рӯз: 18 акси ҷолиб аз сафари Раҳмон ба зодгоҳаш

891
  • Раисҷумҳур бо сокинони деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мулоқот кард
  • Президент нахуст аз Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар маркази савдои Каёнӯш ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуд
  • Дар намоишгоҳи маҳсулоти дастранҷи меҳнаткашони вилоят натиҷаи меҳнати сокинони ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонии он ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.
  • Сипас, раисҷумҳур аз  хоҷагии деҳқонии ба номи “Ҳоҷӣ Лайло” дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара дидан кард
  • Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 30 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор замини ҳосилдеҳ дар майдони 0,40 га 12 гармхона бунёд шудааст. Дар ин ҷо бо усули хос лиму, помидор, бодиринг, карам, гулкарам ва дигар сабзавот парвариш меёбад.
  • Дар беш аз 25 гектари майдони боқимондаи заминҳои хоҷагӣ дарахтони гуногуни мевадиҳандаи олуи сиёҳ, бодом, гелос, зардолу, себ, хурмо, шафтолу ва хуч шинонида шудааст, ки аллакай ба ҳосил даромадааст.
  • Президент аз Намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуд
  • Хоҷагиҳои зотпарварии вилоят дар Маркази савдои Каёнӯш намунаи чорвои хушзоти хурду калон ва намудҳои гуногуни парандаю моҳиро ба Эмомалӣ Раҳмон дар ин намоишгоҳ муаррифӣ карданд
  • Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар даромадгоҳи деҳоти “Пушинг” бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди “Данғара – Пушинг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод
  • Ин роҳ деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамичро бо маркази ноҳияи Данғара мепайвандад ва дарозии он 18 километрро ташкил медиҳад.
  • Дар ҳамин деҳа раисҷумҳур бинои таваллудхонаи муосирро ифтитоҳ кард
  • Дар деҳоти Пушинг қаблан бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекард, ки ба ҳама сокинон ба таври қонеъкунанда хизмат расонида наметавонист.
  • Дар назди таваллудхона ва паҳлӯи мактаби навбунёд аз ҷониби соҳибкорони деҳа як мавзеи нообод ба маркази фарҳангию фароғатии “Пушинг” сайргоҳи мардум табдил дода шуд.
  • Дар маркази деҳаи Пушинг бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон як мактаби муосир бунёд гардид.
  • Дар деҳаи Пушинг қаблан мактаб бо 850 нафар ҷой фаъолият дошт, вале он ба шароити рӯз ва талабот ҷавобгӯ набуд
  • Ошхона бо 50 ҷой, буғхона барои гармидиҳӣ ба синфхонаҳои мактаб, ҳавзи об барои таъмини оби ошомиданӣ бо ғунҷоиши 15 куб об ва анбори захираи ангишт аз имконоти дигари муассиса мебошад, ки дар вақти бунёди мактаб ба инобат гирифта шудааст.
  • Барои таъмини пурраи шароити илму ҳунаромӯзӣ, ба машқу тамрин фаро гарифтани фарзандон дар муассисаи тозабунёд муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла, толори варзиш бо 300 ҷойи нишаст ва майдончаи варзиш барои бозиҳои мухталифи варзишӣ.
  • Масоҳати умумии замини мактаб 2,5 гектарро ташкил медиҳад ва он дар маркази деҳа дар ҷойи хушбоду ҳаво сохта шудааст
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ки зодгоҳаш низ ҳаст, сафари корӣ анҷом дод

Раисҷумҳур бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва сӯҳбату мулоқот бо сокинон аз ин ноҳия дидан намудааст.

Бино бар гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, президент Раҳмон дар пайи сафар ба Данғара тайи як рӯз 10 боздиду мулоқот анҷом дод.

Раисҷумҳур нахсут аз Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар маркази савдои Каёнӯш ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуд. Сипас аз намоиши чорвои хушзот дидан карда, роҳи мошингарди деҳоти Пушингро ифтитоҳ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар давоми рӯз чанд муассиса, аз ҷумла, мактаб, таваллудхона, боғи Прачам ва боғи фарҳангиро ифтитоҳ карда, аз хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Лайло" дидан намуд.

Сафари кории раисҷумҳур идома дорад.

891