Аз идгардак то ҳинобандӣ: гузориши аксӣ аз таҷлили Иди Фитр дар ҷаҳон

153
(Таҷдидшуда 14:40 04.06.2019)
  • Празднование Ид аль-Фитр или Иди Рамазон
  • Дети в Душанбе, архивное фото
Иди Фитрро дар Тоҷикистон 5 июн ва дар Русия имрӯз, 4 июн таҷлил мекунанд. Мусалмонони кишварҳои ҷаҳон бо одатҳои хос Иди Рамазонро пешвоз мегиранд. Аксҳои таҷлили ин иди мусалмониро дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон аз гузориши аксии мо пайгирӣ кунед

Имрӯз мусалмонони Русия Иди саиди Фитрро таҷлил мекунанд. Қариб дар масҷидҳои тамоми шаҳрҳои мусалмоннишини кишвар соати 07:00 намози ид баргузор шуд.

Президент России Владимир Путин в Кремле
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар Масҷиди ҷомеи Маскав низ намози ид баргузор шуд, ки дар он садҳо муҳоҷирони тоҷик иштирок доштанд.

Шӯрои улумои Тоҷикистон пештар қарор дод, ки Иди Фитр дар кишвар 5 июн таҷлил мешавад. Намози идро мусалмонон соати 06:00 барпо хоҳанд кард.

Иди Рамазон — яке аз ҷашнҳои бузургтарини мусулмонони ҷаҳон ва мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ҷашн дар охири моҳи шарифи Рамазон таҷлил шуда, рӯзи бахшидани гуноҳҳои якдигар, некию накӯкорӣ дониста мешавад.

Имсол мусалмонони Тоҷикистон ва Русия аз 6 май рӯза гирифтанд.

Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд. 

Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид.

Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.

153
  • Празднование Ид аль-Фитр или Иди Рамазон
    © Sputnik

    Таҷлили Иди Фитр дар Душанбе

  • Дети в Душанбе, архивное фото
    © Sputnik

    Идгардаки кӯдакони тоҷик дар Душанбе

  • © Sputnik / Evgeniy Odinokov

    Мусалмонон дар Маскав ҳангоми адои намози ид. Масҷиди ҷомеи Маскав

  • © Sputnik / Evgeniy Odinokov

    Мусалмонон пеш аз намози ид дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон. Дар марказ - раиси шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнутддин

  • © Sputnik / Evgeniy Odinokov

    Маскав, пеш аз адои номози ид

  • © AP / Rahmat Gul

    Афғонистон. Раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ Аҳмадзой дар рӯзи иди Рамазон ба шодбошии сокинони кишвараш баромад

  • © AP / Rahmat Gul

    Мусалмонони Кобул ҳамдигарро ба оғӯш кашида, идро шодбош мегӯянд

  • © REUTERS / Florion Goga

    Албания. Кӯдаке ҳангоми намози иди Фитр

  • © Sputnik / Evgeniy Odinokov

    Муҳоҷирон пас аз намози ид. Масҷиди ҷомеъ - Маскав

  • © Sputnik / Evgeniy Odinokov

    Тасбеҳгардонӣ, намози ид, Маскав

  • © Sputnik / Evgeniy Odinokov

    Дар Маскав амнияти мусалмонони намозгузор таъмин мешавад, Иди Фитр, Русия

  • © REUTERS / Muhammad Hamed

    Урдун - духтари араб барои таҷлили Иди Фитр ширинӣ мепазад

  • © REUTERS / Florion Goga

    Занони албанӣ ҳангоми таҷлили Иди Рамазон

  • © Sputnik / Evgeniy Odinokov

    Мусалмонон дар Масҷиди ҷомеи Маскав дар рӯзи Иди Фитр

  • © AFP 2019 / Tauseef Mustafa

    Сринагар, Кашмир. Духтарак барои таҷлили Иди Фитр ба дасташ ҳино бастааст

  • © Sputnik / Evgeniy Odinokov

    Муфтии Русия Равил Ғайнуддин ва мусалмонон дар намози ид - Масҷиди ҷомеи Маскав

  • © AP / Muhammad Sajjad

    Ҷавони покистонӣ барои таҷлили Иди Фитр тоқӣ мехарад

  • © AP / Khalid Mohammed

    Бағдод. Зани араб дар рӯзи ид ба сокинон ширинӣ тақсим мекунад