22 даромадгоҳ ва 900 чароғак: гузориши аксӣ аз боғи "Куруши Кабир" дар Душанбе

505
(Таҷдидшуда 18:30 09.06.2019)
  • Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир”-ро ифтитоҳ карданд.
  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
  • Зебосанамҳои тоҷик
  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 7 июн дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир”-ро ифтитоҳ карданд

 

Масоҳати боғи “Куруши Кабир” наздики 5 гектарро ташкил медиҳад.

Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ 40 нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд. Дар рафти азнавсозии боғ бошад, 150 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб гашганд.

Хоҳишмандон метавонанд ба боғ тавассути 22 даромадгоҳи хурд ва 4 даромадгоҳи калон, ки дутояш бо фаввораҳо ороиш ёфтааст, ворид гарданд. Дар ду тарафи боғ амфитеатрҳо бо фаввораҳо сохта шудааст, ки барои гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ омода мебошанд.

Ғайр аз ин барои гаштугузор ва истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳҳо сохта шудааст.

Баҳри дилхушии кӯдакон чор майдончаи бозӣ бо насби таҷҳизоти махсус омодаи истифода мебошад.

Дар масоҳати 1640 метри мураббаъ се адад майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва тенниси рӯи миз сохта шудааст.

Дар ҳудуди боғ 4 қаҳвахона, аз ҷумла 2 адад пӯшида ва 2 кушода баҳри хизмати мизоҷон омода мебошад.

Боғи мазкур бо ду ташноби зеризамини муҷаҳҳаз мебошад.

Равшании боғро баъди шом зиёда аз 900 чароғаки равшанидиҳандаи барқӣ ва 6 маҷмӯи равшандиҳандаҳои галогенӣ таъмин менамоянд.

5700 адад дарахтону буттаҳои ҳамешасабзи кипарис, магнолия, фотиния, самшит, пихта, туя ва ғайра, зиёда аз 40 намуд, ки аз давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Италия, Испания, Франсия, Олмон ва Ҳолланд ворид гардидааст, ба ҳусни боғ латофати махсусро зам менамоянд.

Ғайр аз ин гулҳои гуногунранги мавсимӣ зиёда аз 350 ҳазор дона шинонда шудааст ва масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъи боғ сабзазор карда шудааст, ки симои боғро боз ҳам зебо мегардонанд.

Дар қисми ҷанубии боғ маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва хизматрасонӣ сохта шудааст.

Гирдо гирди боғ дар масоҳати 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бо буттаҳои ҳамешасабзи фотиния, ки аз Италия ворид гардидааст, оро дода шудааст.

Барои гиромидошти хизматҳои арзанда дар соҳаи фарҳанги кишвар дар ду тарафи боғ муҷассамаи мусаввир ва накқоши тоҷик Камолиддин Беҳзод ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова ҷой дода шудааст.

505
  • Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир”-ро ифтитоҳ карданд.
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

    Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир”-ро ифтитоҳ карданд.

  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

    Гирдо гирди боғ дар масоҳати 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бо буттаҳои ҳамешасабзи фотиния, ки аз Италия ворид гардидааст, оро дода шудааст.

  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

    Дар ҳудуди боғ 4 қаҳвахона, аз ҷумла 2 адад пӯшида ва 2 кушода баҳри хизмати мизоҷон омода мебошад.

  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

    Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе

  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

    Барои гаштугузор ва истироҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳҳо сохта шудааст.

  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

    Пайкараи Ҳунарманди мардумии ИҶШС Малика Собирова дар боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе.

  • Зебосанамҳои тоҷик
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

    Зебосанамҳои тоҷик.

  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

    Ифтитоҳи боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе, шодии кӯдаконро афзуд, чун барои онҳо дар ин боғ чаҳор майдончаи бозӣ сохта шудааст.

  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе

    Хоҳишмандон метавонанд ба боғ тавассути 22 даромадгоҳи хурд ва 4 даромадгоҳи калон, ки дутояш бо фаввораҳо ороиш ёфтааст, ворид гарданд.

  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

    Масоҳати боғи “Куруши Кабир” наздики 5 гектарро ташкил медиҳад.

  • Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

    Боғи ба номи Куруши Кабир дар Душанбе.