Порис дар иҳотаи гӯсфандон: подабонӣ дар назди "Эйфел"

327
(Таҷдидшуда 18:55 19.07.2019)
Ин рӯзҳо дар Порис ҳодисаи аҷиберо метавон мушоҳида кард - гӯсфандон маркази шаҳри Порисро ба чарогоҳ табдил додаанд

Аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед, чӣ гуна гӯсфандон шаҳри Порисро иҳота кардаанд.

Сабаби чаронидани гӯсфандон дар маркази шаҳр оддӣ будааст.

Ин як тарҳи Вазорати кишоварзии Фаронса аст, ки дар чорчӯби он ҳар моҳ чӯпонон гӯсфандони худро барои ҷустуҷӯи чароҳҳои нав ба шаҳр мебароранду дар навбати худ, мардуми шаҳр аз дидани гӯсфандон, бо табиат пайваста хастагияшонро рафъ мекунанд.

Гӯсфандон бо хоҳиши худ дар назди ин ё он иншооти шаҳрӣ - кафе, тарабхона, мағозаҳо ё боғҳои ҳайвонот истода алаф мехӯранду зиндагии маҳзуни шаҳрнишинонро гуворо мегардонанд.

327
  • © AFP 2019 /

    Селаи гӯсфандон дар рӯ ба рӯи манораи "Эйфел" дар маркази шаҳри Порис.

  • © AFP 2019 / Martin Bureau

    Корманди пулис селаи гӯсфандонро аз роҳ "мегузаронад".

  • © REUTERS / Philippe Wojazer

    Чӯпонон селаи гӯсфандонро аз пули Александри III мегузаронанд.

  • © AFP 2019 /

    Чӯпон бо гӯсфандонаш. Дар Порис.

  • © AFP 2019 / Martin Bureau

    Селаи гӯсфандон дар маркази шаҳри Порис.

  • © AFP 2019 / Martin Bureau

    Духтари ҷавон дар даст асо гӯсфандонро аз маркази шаҳр мебарорад.

  • © REUTERS / Philippe Wojazer

    Селаи гӯсфандо дар Порис. Фаронса.

  • © AFP 2019 / Martin Bureau

    Чӯпон селаи дар шаҳри Порис. Фаронса.

  • © AFP 2019 /

    Гӯсфандон дар маҳалли зисте дар Порис.

  • © REUTERS / Philippe Wojazer

    Чӯпонон селаи гӯсфандонро аз пули Александри III мегузаронанд.

  • © AFP 2019 /

    Гӯсфандон дар рӯ ба рӯи манораи "Эйфел" дар Порис.

Барчаспҳо:
гӯсфандон, гӯсфанд, Порис