Манзараҳои кураи замин, ки шабеҳи моҳтобанд: моҳ аз дохили хона

222
(Таҷдидшуда 17:19 22.07.2019)
Моҳтоб — ягона ҳамрадифи табиии Замин мебошад. Ин баъди Офтоб дуюмин ҷирми бонури осмонист, ки дар Замин метобад ва яке аз ҳамрадифҳои калонтарини системаи офтобӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин ягона ҷойест, ки ба он пои инсон расидааст.

20 июли соли 1969 кайҳоннаварди амрикоӣ Нил Армстронг, қадамҳои аввали худро рӯи моҳтоб гузошт. Ҳамон лаҳзаҳо миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон дар рӯ ба рӯи телевизорҳо нишаста аз манзараҳои сиёҳ сафеди моҳтоб бо диққат тамошо мекарданд.

Аммо пас аз басташавии барномаи “Аполон” пои инсон ба моҳтоб гузошта нашудааст.

Аммо ҳоло инсон ба воситаи телескопҳои гуногун сангу чуқуриҳои Моҳро бубинанду биозӯзанд. Аз кураи  Замин, фақат як тарафи Моҳтобро дидан мумкин аст.

Зами́н — яке аз сайёраҳои манзумаи Офтоб аст, ки  аз рӯи масофа то Офтоб сев­вумин ва аз рӯи ҳаҷм панҷумин сайёра дар миёни сай­ёраҳои манзумаи Офтоб ба ҳисоб меравад. Фарқи асосии Замин аз дигар сайёраҳои манзумаи Офтоб мавҷудияти ҳаёт дар он аст.

Sputnik Тоҷикистон барои хонандаҳо гузориши аксие, омода намудааст, ки дар кураи Замин манзараҳои шабеҳи Моҳтоб дида мешавад. 

222