Таҷлили Иди Қурбон дар Эрон - гузориши аксӣ

546
(Таҷдидшуда 16:54 12.08.2019)
Имрӯз, дар Эрон иди саиди Қурбон аст ва намози ин иди бузург субҳи имрӯз бо ҳузури пуршӯри мардум ‏дар саросари Эрон баргузор шуд.

Иди Қурбон, яке аз идҳои мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.

Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ – хонагӣ  барои қурбонӣ ҷоиз аст: гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.

Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.

Идгардаки эрониҳоро дар Иди Қурбон аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

546
  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Намози Иди Қурбон дар масҷидҳои Эрон

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ – хонагӣ барои қурбонӣ ҷоиз аст: гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Таҷлили Иди Қурбон дар Эрон

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Дуою оятхонӣ гирди дастархони идона

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа таҷлил мешавад

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Иди Қурбон, яке аз идҳо дар оини Ислом - охирии Ҳаҷ буда, баъд аз 70 рӯзи иди Рамазон, дар 10-уми моҳи Зул-Ҳиҷа ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз мусулмонон гӯсфандеро харида қурбонӣ мекунанд

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Чаҳор навъ ҳайвонот барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гӯсфанд, буз, гов ва шутур

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Кӯдакон дар Эрон пас аз идгардак пулҳои ҷамъовардаашонро ҳисоб доранд

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Иди Қурбон дар поёни маросими Ҳаҷҷи Акбар дар Макка таҷлил мешавад. Дар ин рӯз ҳар мусалмон муваззаф аст, уштур, гов, гусфанд ё бузро қурбонӣ кунад.

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Гирдиҳам омадани оилаи эронӣ дар гирди дастархони идона

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Дар аксар кишварҳои олам рӯзи шанбе Ид ал-Азҳо ё Иди Қурбон таҷлил мешавад

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Яъне гӯшти чорвои қурбоникардашуда бояд барои таъмини эҳтиёҷоти оила ва ҳиссаи дигараш барои кумак ба муҳтоҷон сарф карда шавад

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Маросими қурбонии чорво дар Эрон

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Дасторхони идона дар яке аз хонаҳои Эрон

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Намози Ид дар яке аз масҷидҳои Эрон

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Интиқоли гӯсфанд барои қурбонӣ

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Таҷлили Иди Қурбон дар Эрон

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Таом аз гӯшти қурбонишуда

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Ҷамъомади кӯдакони эронӣ гирди дастархон дар рузи Иди Қурбон

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Як шутур ва ё як гов барои ҳафт нафар кофист, пас ширкати ҳафт нафар дар қурбонии як шутур ва ё як гов забҳ карда мешавад

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Таҷлили Иди Қурбон дар Эрон

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Роҳ ба сӯи масҷид - мардони эронӣ барои адои намози Ид мераванд

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Имрӯз дар Эрон Иди Қурбон таҷлил мешавад

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Вақти забҳи қурбонӣ баъд аз намози иди қурбон оғоз мешавад

  • © Sputnik / Soheil Ghanbarzadeh

    Барои қурбонӣ як гусфанд аз як шахс басанда аст