Бо сафари Раҳмон Мастчоҳ чӣ гуна шуд - гузориши аксӣ

751
  • Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
  • Истиқболи Раҳмон бо рақсу либоси миллии гулдухтарон
  • Оғози сафари кории Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
  • Акси раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳалқаи занону духтарони ноҳияи Мастчоҳ
  • Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури сокинони ноҳияи Мастчоҳ
  • Ифтитоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
  • Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи беморхонаи марказӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ
  • Ифтитоҳи бинои Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
  • Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ бинои филиали Амонатбонк ифтитоҳ кард
  • Акси президент бо кормандони филиали нави Амонатбонк дар мастчоҳ
  • Маросими ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ
  • Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар Мастчоҳи Кӯҳӣ
  • Эмомалӣ раҳмон дар Мастчоҳ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ифтитоҳ намуд
  • Инчунин президент Раҳмон дар ноҳияи мазкур бинои нави додгоҳро ба истифода дод
Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар кард

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари кишварро дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Тавре манбаъ таъкид намудааст, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1996 таъсис ёфта, яке аз ноҳияҳои зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад.

Зимнан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки навбунёди Меҳрон бинои беморхонаи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Бинои беморхонаи марказӣ дуошёна буда, дар муддати кӯтоҳ сохта шудааст.

Раҳмон дар Мастчоҳ: Президент беморхона, биноҳои нави ВУД ва “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ кард

Манбаъ таъкид намудааст, ки то имрӯз беморхонаи марказии ноҳия ба талабот ҷавобгӯ набуд ва сокинон аз сабаби набудани шароит барои ташхису табобат ба маркази вилоят, ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Душанбе мерафтанд, ки ин харҷи зиёд талаб мекард. Бо сохтмони ин иншоот ин камбудиҳо бартараф шуд.

Инчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрон бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода дод.

Ба Раҳмон гуфтанд, сокинони Мастчоҳ дар Кони Ғузн маоши хуб мегиранд

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва намои зебо сохта шудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки то ин вақт кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия дар бинои кӯҳнаву фарсуда ва дар шароити номутобиқи корӣ фаъолият доштанд.

Ҳамзамон роҳбари кишвар дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави филиали рақами 41-и "Амонатбонк"-ро дар ин ноҳия ифтитоҳ намуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон, мақомоти вилоят ва ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳия ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушахас дод.

Инчунин, Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳия мавриди ифтитоҳ намуд.

Бинои нави шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  аз ҷониби Дирексияи иншооти хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон сохта шуда аст.

751
Барчаспҳо:
сафар, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)

Ёде аз Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер: намоиши аксҳо дар оромгоҳи ӯ

316
(Таҷдидшуда 18:50 21.09.2020)
  • Ин намоишгоҳ дар Панҷшер баргузор гардид
  • Зеро маҳз дар Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд аз дасти маргталаб кушта шуд
  • Дар кори намоишгоҳи мазкур 25 шоҳкорӣ ба марази тамошо гузошта шуданд
  • Дар миёни меҳмонон писари Аҳмадшоҳи зиндаёд низ ҳузур дошт
  • Ҳамчунин Бернар - Анри Леви низ барои иштирок дар ин намоишгоҳ озими Панҷшер гардидааст
  • Бернар - Анри Леви яке аз дӯстони қарини Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳисоб меравад
  • Тамошобинон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ низ кам набуданд
  • Намоишгоҳ ба хотири Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамагӣ як рӯз давом кард
  • Бо вуҷуди ин ҳам теъдоди зиёди одамон барои тамо кардани намоишгоҳ ташриф оварданд
  • Дар намоиш беҳтарин аксҳо гироварӣ шуданд
Дар Панҷшер ба хотири пос доштани Қаҳрамони фақиди Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд намоиши аксҳо баргузор гардид

Барои поси хотири Аҳмадшоҳи Масъуд намоиши нодиртарин аксҳои ӯ баргузор гардид. ин намоиш ҳамагӣ як рӯз идома кард ва ба 19 - умин солгарди қатли Аҳмадшоҳи масъд бахшида шуд.

Намоиши аксҳо дар Панҷшери Афғонистон сурат гирифт. Дар маконе, ки Аҳмадшоҳ аз дасти маргталаб ккушта шуд.

Инфиҷор дар сари чорроҳи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Кобул

Гуфта мешавад, дар намоиш ҳамагӣ 25 шоҳкорӣ роҳ ёфт ва ба ҳайси тамошобинони ин намоиш ба ҷузъ аз шаҳрвандони маҳаллӣ боз меҳмонон аз хориҷи кишвар, аз қабили Бернар - Анри Леви нависанда, файласуф ва дӯсти қарини Аҳмадшоҳ низ ширкат варзид.

 

316
  • Ин намоишгоҳ дар Панҷшер баргузор гардид
    © Sputnik / Sh. Baghban

    Выставка в честь Ахмад Шаха Масуда в Панджере

  • Зеро маҳз дар Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд аз дасти маргталаб кушта шуд
    © Sputnik / Sh. Baghban

    Бернар-Анри Леви на выставке в честь Ахмад Шаха Масуда

  • Дар кори намоишгоҳи мазкур 25 шоҳкорӣ ба марази тамошо гузошта шуданд
    © Sputnik / Sh. Baghban

    Выставка в честь Ахмад Шаха Масуда собрала 25 новых работ

  • Дар миёни меҳмонон писари Аҳмадшоҳи зиндаёд низ ҳузур дошт
    © Sputnik / Sh. Baghban

    Бернар-Анри Леви на выставке в честь Ахмад Шаха Масуда

  • Ҳамчунин Бернар - Анри Леви низ барои иштирок дар ин намоишгоҳ озими Панҷшер гардидааст
    © Sputnik / Sh. Baghban

    Основа выставки - полупрофессиональные и любительские портреты, созданные талантливыми жителями Афганистана

  • Бернар - Анри Леви яке аз дӯстони қарини Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳисоб меравад
    © Sputnik / Sh. Baghban

    Посетители рассматривают картины на выставке в честь Ахмад Шаха Масуда

  • Тамошобинон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ низ кам набуданд
    © Sputnik / Sh. Baghban

    В Афганистане жарко, поэтому посетителям, несмотря на определенные риски, можно проносить воду

  • Намоишгоҳ ба хотири Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамагӣ як рӯз давом кард
    © Sputnik / Sh. Baghban

    Бернар-Анри Леви на выставке в честь Ахмад Шаха Масуда

  • Бо вуҷуди ин ҳам теъдоди зиёди одамон барои тамо кардани намоишгоҳ ташриф оварданд
    © Sputnik / Sh. Baghban

    Однодневная выставка - небольшой, но все-таки шанс показать себя афганским портретистам

  • Дар намоиш беҳтарин аксҳо гироварӣ шуданд
    © Sputnik / Sh. Baghban

    Выставка в честь Ахмад Шаха Масуда в Панджере

Барчаспҳо:
Аҳмадшоҳ Масъуд, акс, намоиш, Афғонистон

Дастаи “Алмос” (Шоҳдара) соҳиби “Ҷоми Нур 2020” шуд

261
(Таҷдидшуда 17:26 14.09.2020)
  • Бозии аввалро дастаҳои “Юниор” (Шоҳдара) ва “Рубин” (Шуғнон) оғоз карданд
  • Бозиии ниҳоӣ бо рақобати ду даста “Алмос” (Шоҳдара) ва “Ваҳдат” (Хоруғ) анҷом ёфт
  • Бозии ниҳоӣ низ бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Дастаи “Алмос” рақиби худро шикаст дода барандаи ҷом шуд
  • Дар ҷои дувум дастаи “Ваҳдат”-и (Хоруғ) ва дар ҷои севум дастаи “Юниор”-и (Шоҳдара) қарор гирифтанд
  • Барномаи варзишӣ дар шаҳри Маскав бо тақдими “Ҷоми Нур 2020” ва қадрдонии бозигарон анҷом ёфт
  • Инчунин, дар ин бозиҳо Фарух Давлатмуродов аз дастаи “Алмос” беҳтарин футболбоз дониста шуд
  • Ҳамчунин, Раҳматшоев Рашод бозигари дастаи “Юниор” беҳтарин бозигари ҷавон,  Алихонов Хурсан аз дастаи “Хоруғ” беҳтарин дарвозабон ,  Бутабеков Гулзор аз дастаи “Алмос” беҳтарин дифоъгар Каримов Амин аз дастаи “Юниор” беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд
  • Ин чорабинии муҳими варзиши, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор шуд, бидуни тамошобинон сурат гирифт. Аммо ташкилкунандагон ин даъфа барои мухлисони футбол намоиши футболро тариқи пахши мустақимро дар интернет ба роҳ монда буданд
  • Ҳамчунин, ансамбли “Нур” бо рақси миллии помирӣ барномаи фарҳангиро идома дод
  • Барномаи варзишӣ дар шаҳри Маскав бо тақдими “Ҷоми Нур 2020” ва қадрдонии бозигарон анҷом ёфтл
  • Дар пойтахти Русия чорабинии муҳими варзишӣ ба анҷом раисд, ки дар он дастаи “Алмос” (Шоҳдара) барандаи Ҷоми Нур 2020” гардид
Санаи 13 сентябри соли равон марҳилаи ниҳоӣ рақобатҳои футзали “Ҷоми Нур 2020” ба анҷом расид

Ахиран дар пойтахти Русия чорабинии муҳими варзишӣ ба анҷом раисд, ки дар он дастаи “Алмос” (Шоҳдара) барандаи Ҷоми Нур 2020” гардид.

Бо мусиқии скрипканавози ҷавон ба майдон “Ҷоми Нур” бароварда шуд, ки сипас чаҳор даста барои ба даст овардани ин ҷом рақобат карданд.

Тибқи натиҷаҳои бозиҳои пешин ба марҳилаи ниҳоӣ чаҳор даста, аз ҷумла дастаи “Юниор” (Шоҳдара), “Рубин” (Шуғнон), “Алмос” (Шоҳдара) ва “Ваҳдат” (Хоруғ) роҳ ёфтанд. Ин чорабинии муҳими варзиши, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор шуд, бидуни тамошобинон сурат гирифт. Аммо ташкилкунандагон ин даъфа барои мухлисони футбол намоиши футболро тариқи пахши мустақимро дар интернет ба роҳ монда буданд.

Бозии аввалро дастаҳои “Юниор” (Шоҳдара) ва “Рубин” (Шуғнон) оғоз карданд. Ин бози бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Юниор” (Шоҳдара) анҷом ёфт.

Бозиии ниҳоӣ бо рақобати ду даста “Алмос” (Шоҳдара) ва “Ваҳдат” (Хоруғ) анҷом ёфт.

Бозии ниҳоӣ низ бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Дастаи “Алмос” рақиби худро шикаст дода барандаи ҷом шуд. Дар ҷои дувум дастаи “Ваҳдат”-и (Хоруғ) ва дар ҷои севум дастаи “Юниор”-и (Шоҳдара) қарор гирифт.

Инчунин, дар ин бозиҳо Фарух Давлатмуродов аз дастаи “Алмос” беҳтарин футболбоз дониста шуд.

Ҳамчунин, Раҳматшоев Рашод бозигари дастаи “Юниор” беҳтарин бозигари ҷавон,  Алихонов Хурсан аз дастаи “Хоруғ” беҳтарин дарвозабон ,  Бутабеков Гулзор аз дастаи “Алмос” беҳтарин дифоъгар Каримов Амин аз дастаи “Юниор” беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд.

Баъд аз бозии футбол, тибқи анъана барномаи фарҳангӣ сурат гирифт. Ин барномаи фарҳангиро гимнасти ҷавон бо як рақси зебо оғоз кард. Сипас духтаракон аз гурӯҳи Wonder Girls баромад намуда тамошобинонро бо рақси варзишӣ ба ҳайрат гузоштанд.

Ҳамчунин, ансамбли “Нур” бо рақси миллии помирӣ барномаи фарҳангиро идома дод.

Барномаи варзишӣ дар шаҳри Маскав бо тақдими “Ҷоми Нур 2020” ва қадрдонии бозигарон анҷом ёфт.

261
  • Бозии аввалро дастаҳои “Юниор” (Шоҳдара) ва “Рубин” (Шуғнон) оғоз карданд
    РОО НУР

    Бозии аввалро дастаҳои “Юниор” (Шоҳдара) ва “Рубин” (Шуғнон) оғоз карданд

  • Бозиии ниҳоӣ бо рақобати ду даста “Алмос” (Шоҳдара) ва “Ваҳдат” (Хоруғ) анҷом ёфт
    РОО НУР

    Бозиии ниҳоӣ бо рақобати ду даста “Алмос” (Шоҳдара) ва “Ваҳдат” (Хоруғ) анҷом ёфт

  • Бозии ниҳоӣ низ бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Дастаи “Алмос” рақиби худро шикаст дода барандаи ҷом шуд
    РОО НУР

    Бозии ниҳоӣ низ бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Дастаи “Алмос” рақиби худро шикаст дода барандаи ҷом шуд

  • Дар ҷои дувум дастаи “Ваҳдат”-и (Хоруғ) ва дар ҷои севум дастаи “Юниор”-и (Шоҳдара) қарор гирифтанд
    РОО НУР

    Дар ҷои дувум дастаи “Ваҳдат”-и (Хоруғ) ва дар ҷои севум дастаи “Юниор”-и (Шоҳдара) қарор гирифтанд

  • Барномаи варзишӣ дар шаҳри Маскав бо тақдими “Ҷоми Нур 2020” ва қадрдонии бозигарон анҷом ёфт
    РОО НУР

    Барномаи варзишӣ дар шаҳри Маскав бо тақдими “Ҷоми Нур 2020” ва қадрдонии бозигарон анҷом ёфт

  • Инчунин, дар ин бозиҳо Фарух Давлатмуродов аз дастаи “Алмос” беҳтарин футболбоз дониста шуд
    РОО НУР

    Инчунин, дар ин бозиҳо Фарух Давлатмуродов аз дастаи “Алмос” беҳтарин футболбоз дониста шуд

  • Ҳамчунин, Раҳматшоев Рашод бозигари дастаи “Юниор” беҳтарин бозигари ҷавон,  Алихонов Хурсан аз дастаи “Хоруғ” беҳтарин дарвозабон ,  Бутабеков Гулзор аз дастаи “Алмос” беҳтарин дифоъгар Каримов Амин аз дастаи “Юниор” беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд
    РОО НУР

    Ҳамчунин, Раҳматшоев Рашод бозигари дастаи “Юниор” беҳтарин бозигари ҷавон, Алихонов Хурсан аз дастаи “Хоруғ” беҳтарин дарвозабон , Бутабеков Гулзор аз дастаи “Алмос” беҳтарин дифоъгар Каримов Амин аз дастаи “Юниор” беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд

  • Ин чорабинии муҳими варзиши, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор шуд, бидуни тамошобинон сурат гирифт. Аммо ташкилкунандагон ин даъфа барои мухлисони футбол намоиши футболро тариқи пахши мустақимро дар интернет ба роҳ монда буданд
    РОО НУР

    Ин чорабинии муҳими варзиши, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор шуд, бидуни тамошобинон сурат гирифт. Аммо ташкилкунандагон ин даъфа барои мухлисони футбол намоиши футболро тариқи пахши мустақимро дар интернет ба роҳ монда буданд

  • Ҳамчунин, ансамбли “Нур” бо рақси миллии помирӣ барномаи фарҳангиро идома дод
    РОО НУР

    Ҳамчунин, ансамбли “Нур” бо рақси миллии помирӣ барномаи фарҳангиро идома дод

  • Барномаи варзишӣ дар шаҳри Маскав бо тақдими “Ҷоми Нур 2020” ва қадрдонии бозигарон анҷом ёфтл
    РОО НУР

    Барномаи варзишӣ дар шаҳри Маскав бо тақдими “Ҷоми Нур 2020” ва қадрдонии бозигарон анҷом ёфтл

  • Дар пойтахти Русия чорабинии муҳими варзишӣ ба анҷом раисд, ки дар он дастаи “Алмос” (Шоҳдара) барандаи Ҷоми Нур 2020” гардид
    РОО НУР

    Дар пойтахти Русия чорабинии муҳими варзишӣ ба анҷом раисд, ки дар он дастаи “Алмос” (Шоҳдара) барандаи Ҷоми Нур 2020” гардид

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на красной дорожке

Номзад ба президентӣ Эмомалӣ Раҳмон: шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботӣ

0
(Таҷдидшуда 15:12 24.09.2020)
Кишвардори кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз барои курсии президентӣ дар интихоботи рӯзи 11 октябр, қувва меозмояд

26 сол мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон қарор кард бори панҷум дар фаъолияти сиёсиаш, дар интихоботи президентӣ ширкат кунад.

Шарҳи ҳоли Эмомалӣ Раҳмон 

Ҷаноби Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ, зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад, 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти собиқи Кӯлоб (алъон вилояти Хатлон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Ӯ фаъолияти кории худро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз кардааст.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором адои хидмат карда, пас аз хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ бар мегардад ва дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара корро шуруъ мекунад.

Ба иттилоъи Хадамоти матбуотии президент, оқои Раҳмон соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат ва раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд — ду писар ва ҳафт духтар мебошад.

Фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб шуда, тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб баргузида мешавад.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ин шӯро интихоб гардида, 6 ноябри соли 1994 дар интихоботи президентии кишвар иштирок ва барандаи он эълон мешавад.

Инчунин ӯ барандаи интихоботи президентии 1999-и Тоҷикистон эълон шуда, бори дигар ба муҳлати 7 сол ба курсии раҳбарии Тоҷикистон такя мезанад.

Ҳамин тариқ дар интихоботҳои президентии солҳои  2006 ва 2013 ҳам ин курсиро ҳифз кард.

Дар пайи имзои Созишномаи сулҳ моҳи декабри соли 1999 ба ӯ ба хотири хидматҳояш дар рванди барқарории сулҳу субот дар кишвар унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода мешавад.

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудааст.

Барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон

Шиор: Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум.

Се вазифаи асосӣ:

1. Таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ;

2. Афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат;

3. Расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.

Мувофиқи нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ дар 7 соли оянда 2 баробар афзоиш меёбад.

Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад.

Дар назар аст:

сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маҳсулоти озуқа, бахусус, ғизои хушсифати мутобиқ ба меъёрҳои тавсияшуда афзоиш дода шавад;

вобастагии иқтисоди кишвар аз воридот кам карда мешавад;

сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона шавад;

ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш ёбад.

Нақшаҳо:

  • мунтазам зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнати кормандон;
  • тавсеа бахшидан ба сиёсати «иқтисоди сабз», вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкории экологӣ;
  • идома додани сохтмони НБО-и «Роғун», НБО-и «Себзор», хатти интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «CASA — 1000», таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд»;
  • идома додани сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ, аз ҷумла дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Данғара-Гулистон, Кӯлоб-Муъминобод, Хуҷанд-Конибодом, Восеъ – Темурмалик -Кангурт, Гулистон-Кӯлоб, Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон-Сари Хосор, Шкев-Қалъаихумб, Қалъаихумб-Ванҷ, қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ, Гулистон – Фархор – Панҷ — Дӯстӣ, Хуҷанд-Ашт ва дигар роҳҳои дохилӣ;
  • амалӣ намудани лоиҳаҳои бунёди шабакаи нуриву нахии байналмилалӣ, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ;
  • густариш бахшидан ба раванди ташаккули низоми шаҳрҳои миёна ва хурд ҳамчун «марказҳои устувори рушд» дар деҳоти кишвар;
  • ташкил кардани инфрасохтори муосир дар деҳоти кишвар ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум;
  • таваҷҷуҳи авваландараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳоиилмумаориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, даврабадавразиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддивутехникиионҳо, аз ҷумла таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;
  • тақвият бахшидан ба фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ;
  • тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ;
  • ҳифз кардани мероси фарҳанги миллӣ, васеъ тарғибу ташвиқ  намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат;
  • тавсеа бахшидан ба фарҳанги сиёсии шаҳрвандон, таъмин намудани иштироки шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии корҳои давлатӣ, эҳтироми Конститутсия ва садоқат ба давлат;
  • тавсеа додани фарҳанги сулҳ ва тақвият бахшидан ба ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди нодири мардуми Тоҷикистон;
  • ҳифз намудани суботу оромии ҷомеа, таҳким бахшидан ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне таъмин кардани волоияти қонун, ҳимоя кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар ин самт таҳия ва қабул намудани «Стратегияи рушди низоми ҳуқуқии кишвар барои давраи то соли 2030»;
  • таъмин кардани амнияти миллӣ барои ҳифзи суботу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ;
  • таким бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, муҳайё сохтани шароити беҳтар барои сарҳадбонон ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа;
  • пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ — терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва кибертерроризм, инчунин, ба роҳ мондани шаклу усулҳои муосири муқовимат ба дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ;
  • тақвият бахшидани муқовимат бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои муассир барои аз байн бурдани сабабу омилҳои ба содиршавии он мусоидаткунанда, амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа;
  • таҳким бахшидани ҳамкориҳои сиёсӣ,  иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷануби Шарқӣ,  Ховари Миёна, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Африқо;
  • устувор намудани мақом ва нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи  байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об;
  • идома ва такмил додани сиёсати "дарҳои кушода";
  • ба таври шоиста муаррифӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳандозӣ намудани дипломатияи фарҳангӣ ва инсонӣ бо  дарназардошти ҷанбаҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ;
  • ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳо, шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.
0
Барчаспҳо:
ироъаи барномаи пешазинтихоботӣ, интихобот, сиёсат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон