Мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурӯдгоҳ чӣ хел истиқбол гирифтанд ? - акс

248
(Таҷдидшуда 17:34 25.09.2019)
  • Мухлисони футбол новобаста ба нимашаб  дар фурӯдгоҳи Душанбе  мунтахаби наврасони Тоҷикистонро интизоранд
  • Хурсанди мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳадду канор надорад
  • Дар фурудгоҳи байналмиллалӣ футболбозони ҷавонро духтарони миллипӯш ба гулдастаҳо пешвоз гирифтанд
  • Футболбозони тоҷик бо ба самар расонидани 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2020 рекорд гузоштанд
  • Миёни ҳазорон мухлисон, инчунин роҳбари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамзамон раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон низ омада буданд
  • Истиқболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон
  • Тими наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё - 2020 дар маҷмӯъ ба 12 имтиёз соҳиб шуданд
  • Зимнан барои дастгирии мунтахаби наврасон,ҷавонон бо шиору овезаҳо ба пешвози онҳо омаданд
  • Дар дасти аксар ҷавонон овезаҳо бо навиштаҷоти Тоҷикистон ба пеш ҷилва мезад
Тими мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон, ки бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифт, соати 2-и имрӯз ба Ватан баргашт

Ба пешвози мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол ҳазорон мухлисон, хешу пайвандон ва дӯстони онҳо ташриф оварданд.

Новобаста ба он ки ними шаб буд, ҳазорон мухлиси футбол барои табрики даста ба фурудгоҳ расида буданд. Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистонро ҷавонону калонсон бо рақсу бози ва дабалу карнай пешвоз гирифтанд.

Дар дасти аксари мухлисон, ки ба пешвози футболбозони наврас омаданд, овезаҳо бо навиштаҷоти "Тоҷикистон ба пеш", буд.

Истиқболи гарму самимии футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе- аксу навор

Миёни ҳазорҳо нафар сокинони пойтахт дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба пешвози футболбозон ҳайати роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон низ  омаданд.

Дар толори қабули меҳмонони олиқадр футболбозон ва ҳайати мураббиёну маъмуронро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов қабул карданд.

Видеои голҳо ва хандаю гиря: наврасони тоҷик тими Урдунро шикаст доданд

Ёдрас мешавем, ки ахиран мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон тими наврасони Урдунро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2020 роҳхат гирифт.

Тими наврасони Тоҷикистон бо 12 имтиёзу 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 рекорд гузошт.

248
  • Мухлисони футбол новобаста ба нимашаб  дар фурӯдгоҳи Душанбе  мунтахаби наврасони Тоҷикистонро интизоранд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Мухлисони футбол дар интизори мунтахаби наврасони Тоҷикистон

  • Хурсанди мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳадду канор надорад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Хурсанди мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳадду канор надорад

  • Дар фурудгоҳи байналмиллалӣ футболбозони ҷавонро духтарони миллипӯш ба гулдастаҳо пешвоз гирифтанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар фурудгоҳи байналмиллалӣ футболбозони ҷавонро духтарони миллипӯш ба гулдастаҳо пешвоз гирифтанд

  • Футболбозони тоҷик бо ба самар расонидани 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2020 рекорд гузоштанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Футболбозони тоҷик бо ба самар расонидани 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2020 рекорд гузоштанд

  • Миёни ҳазорон мухлисон, инчунин роҳбари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамзамон раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон низ омада буданд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Миёни ҳазорон мухлисон, инчунин роҳбари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамзамон раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон низ омада буданд

  • Истиқболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Истиқболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон

  • Тими наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё - 2020 дар маҷмӯъ ба 12 имтиёз соҳиб шуданд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Тими наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё - 2020 дар маҷмӯъ ба 12 имтиёз соҳиб шуданд

  • Зимнан барои дастгирии мунтахаби наврасон,ҷавонон бо шиору овезаҳо ба пешвози онҳо омаданд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Зимнан барои дастгирии мунтахаби наврасон,ҷавонон бо шиору овезаҳо ба пешвози онҳо омаданд

  • Дар дасти аксар ҷавонон овезаҳо бо навиштаҷоти Тоҷикистон ба пеш ҷилва мезад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар дасти аксар ҷавонон овезаҳо бо навиштаҷоти "Тоҷикистон ба пеш" ҷилва мезад

Барчаспҳо:
акс, мунтахаби наврасони Тоҷикистон, пешвоз, Тоҷикистон