Ҳеҷ касе наҷот наёфт: дар Эрон ҳавопаймои украинӣ суқут кард акс аз ҷои ҳодиса

1121
(Таҷдидшуда 14:01 08.01.2020)
Ҳавопаймои украинӣ бо 180 мусофир бинобар “мушкилоти техникӣ” дар фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Теҳрон суқут кар. Sputnik Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса гузориши аксӣ омода кард.

Ҳавопаймои украинии UIA ба шумораи  752-PS, ки бо як соат таъхир аз мақсади Теҳрон озими Киев буд, субҳи имрӯз (чоршанбе) пас аз бархостан аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р), дар ҳаволии шаҳри Паранд дар устони Теҳрон суқут кард.

Муҷтабо Холидӣ, сухангӯи Созмони уржонси Эрон дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт: Ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 737 мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина, пас аз парвоз аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дучори нақзи фаннӣ шуд ва суқут кард.

Холидӣ афзуд: Ахбори аввалия ҳокӣ аст, ин ҳавопаймо, ки озими Киев, пойтахти Украина буд, 180 мусофир ва хадама доштааст.

Иттилооти такмилии ин сонеҳаи ҳавоӣ пас аз арёбии комил иттилоърасонӣ хоҳад шуд.

1121
  • © AFP 2019 / IRINN

    Лаҳзаҳои аввал баъд аз суқути ҳавопаймои украинӣ дар наздикии Теҳрон

  • © REUTERS / WANA / Nazanin Tabatabaee

    Наҷотдиҳандагон дар ҷои ҳодиса

  • Красный полумесяц

    Ҳавопаймои украинӣ суқут кард. 180 мусофир ба ҳалокат расид

  • © REUTERS / WANA / Nazanin Tabatabaee

    Бору буғчаи мардум дар ҷои суқути ҳавопаймо

  • © AFP 2019 / Rohhollah Vadati / ISNA

    Макони суқути ҳавопаймо дар наздикии пойтахти Эрон

  • © AP / Mohammad Nasiri

    Пораҳои ҳавопаймои украинӣ баъд аз суқут

  • © AFP 2019 / ISNA / Rouhollah Vahdati

    фаъолияти наҷотдиҳандагон дар ҷои ҳодиса баъд аз суқути ҳавопаймо

  • © AFP 2019 /

    Наҷотдиҳангӯдагон дар ҷои суқути ҳавопаймои украинӣ

  • AFP / ROUHOLLAH VAHDATI

    Пораҳои ҳавопаймои суқуткарда дар Теҳрон

  • © AFP 2019 / -

    Ҳавопаймои украинии UIA ба шумораи 752-PS, ки бо як соат таъхир аз мақсади Теҳрон озими Киев буд, субҳи имрӯз (чоршанбе) пас аз бархостан аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р), дар ҳаволии шаҳри Паранд дар устони Теҳрон суқут кард.

  • © AFP 2019 /

    Ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 737 мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина, пас аз парвоз аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дучори нақзи фаннӣ шуд ва суқут кард.

  • © AFP 2019 / ISNA / Rouhollah Vahdati

    Ахбори аввалия ҳокӣ аст, ин ҳавопаймо, ки озими Киев, пойтахти Украина буд, 180 мусофир ва хадама доштааст.

  • © REUTERS / Serhii Nuzhnenko

    Наздикони мусофирон дар фурудгоҳи Борисполи Украина

Барчаспҳо:
Теҳрон, суқут, фурудгоҳ, ҳавопаймо, Эрон