Воҳимаи мардуми тоҷик ҷаҳониёнро сироят кард: аксҳо аз мағозаҳои холимондаи аксар кишварҳо

1408
(Таҷдидшуда 15:24 14.03.2020)
  • Харидоре дар мағозаи Испания. Рафҳои  мағазин холӣ монданд
  • Вазъият дар Порис низ нигаронкунанда аст. Мағозаҳои ин шаҳр низ қариб холӣ мондаанд
  • Айнан ҳамин вазъият дар Белгия низ аст. Харидорони аз коронавирус дар ваҳм афтода аз пайи хариди маводи ғизоӣ мебошанд
  • Рафҳои мағозаҳои Дания низ қариб холӣ мондаанд
  • Сокинони Лондон низ дӯконҳои хӯроквориро орӣ намуданд
  • Дар Италия, ки вазъият дар робита ба маризии коронавирус бисёр нигаронкунанда аст, мағозаҳо қариб бе маводи озӯқаворӣ мондаанд
  • Вазъ дар Ирландия ба фарқ аз дигар кишварҳо беҳтар аст, аммо сокинони ин ҷо низ дар изтиробанд ва аз пайи хариди хӯрокворӣ қарор доранд
  • Харидори ниқобпӯш дар мағозаи калони хӯрокворӣ дар Афина
  • Сокинони Нидерландия низ ваҳмзада ҳастанд ва рафҳои мағозаҳо дар ин ҷо қариб орӣ аз хӯрокворӣ мебошанд
Воҳимаи камчинии маводи ғизоӣ пас аз хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон, ки тоҷикистониёнро фаро гирифта буд ва дӯкону мағозаҳои ҷумҳуриро аз орду равған покиза намуданд, акнун сокинони аксар кишварҳои ҷаҳонро сироят кардааст

Сокинони ба ваҳм афтодаи аксар кишварҳои ҷаҳон бозори фурӯши озӯқавориро гарм намуда истодаанд. Мардуми ба воҳима афтода, саргарми дурӯғгӯиҳои ҳамдигар шуда, рафҳои мағозаҳоро комилан аз маводи хӯрока тоза намудаанд. 

Ҳарчанд ҳукуматдорон аз басандагӣ будани захираи хӯрокворӣ барои чанд сол бонг мезананд, вале сокинон танҳо ба гапҳои ҳамдигар гӯш дода, саргарми харид ва захира кардани хӯрокворӣ ҳастанд.

Дунёи ниқобпӯшон: роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дар кишварҳои гуногун - акс

Айнан чанд ҳафта қабл дар бозорҳои Тоҷикистон низ ҳамин вазъият мушоҳида мешуд. Мардум қурбони сару садоҳои беасос бобати камчин шудани маводи ғизоӣ шуда, ба якборагӣ 4 -5 ё аз ин ҳам бештар халтаи орд ва равғанро харидорӣ мекарданд. 

Зимнан, бо баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳии мақомоти қудратӣ, дар бозорҳои Тоҷикистон  ба ин ҳаводис нуқта гузошта шуд. Ҳамзамон мақомоти дахлдор гуфта буданд, ки воҳимаандозони ин вазъро дастгир мекунанд ва ҷазои сахт ҳам медиҳанд.

Вазъи мағозаҳои бузурги шаҳрҳои Лондон, Италия, Испания ва чанд кишвари дигарро аз тасвирбаёни мо мушоҳида кунед.

1408
  • Харидоре дар мағозаи Испания. Рафҳои  мағазин холӣ монданд
    © REUTERS / Vincent West

    Харидоре дар мағозаи Испания. Рафҳои мағазин холӣ монданд

  • Вазъият дар Порис низ нигаронкунанда аст. Мағозаҳои ин шаҳр низ қариб холӣ мондаанд
    © AP / Michel Euler

    Вазъият дар Порис низ нигаронкунанда аст. Мағозаҳои ин шаҳр низ қариб холӣ мондаанд

  • Айнан ҳамин вазъият дар Белгия низ аст. Харидорони аз коронавирус дар ваҳм афтода аз пайи хариди маводи ғизоӣ мебошанд
    © REUTERS / Yves Herman

    Айнан ҳамин вазъият дар Белгия низ аст. Харидорони аз коронавирус дар ваҳм афтода аз пайи хариди маводи ғизоӣ мебошанд

  • Рафҳои мағозаҳои Дания низ қариб холӣ мондаанд
    © REUTERS / Nikolaj Skydsgaard

    Рафҳои мағозаҳои Дания низ қариб холӣ мондаанд

  • Сокинони Лондон низ дӯконҳои хӯроквориро орӣ намуданд
    © REUTERS / Dylan Martinez

    Сокинони Лондон низ дӯконҳои хӯроквориро орӣ намуданд

  • Дар Италия, ки вазъият дар робита ба маризии коронавирус бисёр нигаронкунанда аст, мағозаҳо қариб бе маводи озӯқаворӣ мондаанд
    © REUTERS / Flavio Lo Scalzo

    Дар Италия, ки вазъият дар робита ба маризии коронавирус бисёр нигаронкунанда аст, мағозаҳо қариб бе маводи озӯқаворӣ мондаанд

  • Вазъ дар Ирландия ба фарқ аз дигар кишварҳо беҳтар аст, аммо сокинони ин ҷо низ дар изтиробанд ва аз пайи хариди хӯрокворӣ қарор доранд
    © REUTERS / @staticjay_ni

    Вазъ дар Ирландия ба фарқ аз дигар кишварҳо беҳтар аст, аммо сокинони ин ҷо низ дар изтиробанд ва аз пайи хариди хӯрокворӣ қарор доранд

  • Харидори ниқобпӯш дар мағозаи калони хӯрокворӣ дар Афина
    © REUTERS / Constantina Peppa

    Харидори ниқобпӯш дар мағозаи калони хӯрокворӣ дар Афина

  • Сокинони Нидерландия низ ваҳмзада ҳастанд ва рафҳои мағозаҳо дар ин ҷо қариб орӣ аз хӯрокворӣ мебошанд
    © REUTERS / Piroschka van de Wouw

    Сокинони Нидерландия низ ваҳмзада ҳастанд ва рафҳои мағозаҳо дар ин ҷо қариб орӣ аз хӯрокворӣ мебошанд