Аҳмадзода Раҳмонро ба Иди картошка бурд: духтарон бо котлет пешвоз гирифтанд - Акс

Обуна шудан
Имсол дар Тоҷикистон иди картошка ҷорӣ шуд, ки бори нахуст таҷлил шуд. Бисёр ҷолиб буд, ки чанд гултухтар бо котлети картошка ба пешвози президент баромаданд

Дар вилояти Суғд бахшида ба таҷлили Наврӯз ва сафари президент ба вилоят Иди картошка, нон ва асал баргузор шуд. Имрӯз, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки ташаббускори таҷлили иди картошка аст, бо президент Эмомалӣ Раҳмон ба иди мазкур рафтанд.

Блюда из картофеля на празднике молодой картошки - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Иди картошка таҷлил мешавад
Чорабинии мазкур дар Боғи Камоли Хуҷандӣ доир гашта, намоишгоҳ аз се қисми асосӣ - намоишгоҳи нонҳо, асал ва картошка иборат будааст, ки дар он 18 шаҳру навоҳии вилоят ширкат кардаанд.

Дар гӯшаи дигар бошад занбурпарванрон маҳсулоти хешро ба намоиш гузошта аз дастовардҳои истеҳсолии худ ба раҳбари кишвар гуфтаанд.

Имсол ба иловаи дигар идҳо дар Тоҷикистон иди картошка низ ҷорӣ шуд, бори нахуст имрӯз таҷлил шуд.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, дар гушаи дигари намоиши дастовардҳо хоҷагиҳои картошкапарвари вилоят фаъолона иштирок карда, навъҳои гуногуни картошка ва таомҳои аз картошка омодашударо ба маъраз гузоштанд.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода директори Институти боғпарварӣ Александр Таранов - Sputnik Тоҷикистон
Аз картошка то боғпарварӣ: мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Александр Таранов
Хоҷагиҳои картошкапарвари шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 навъи ин маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили Тоҷикистон, Файзобод, Заррина, ред, гала, якка, пикассо, розара, ред фантазия, шукрона, овчиро ба намоиш бароварданд.    

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни намоиш ба сокинони вилоят барои истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супоришҳо дод.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанДар аввалин Иди картошка, нон ва асал дар Хуҷанд президент ва раиси вилоят иштирок карданд
Праздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
1/12
Дар аввалин Иди картошка, нон ва асал дар Хуҷанд президент ва раиси вилоят иштирок карданд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНамудҳои гуногуни картошка ва хӯрок аз он ба намоиш гузошта шуда буд
Праздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
2/12
Намудҳои гуногуни картошка ва хӯрок аз он ба намоиш гузошта шуда буд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанБа президент аз парвариши 12 намуди картошка дар хоҷагиҳои вилоят нақл карданд
Эмомали Рахмон принял участие в празднике мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
3/12
Ба президент аз парвариши 12 намуди картошка дар хоҷагиҳои вилоят нақл карданд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанҲамчунин дар ин рӯз Иди асал низ баргузор шуд
Эмомали Рахмон принял участие в празднике мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
4/12
Ҳамчунин дар ин рӯз Иди асал низ баргузор шуд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЧорабинии мазкур дар Боғи Камоли Хуҷандӣ доир гашта, намоишгоҳ аз се қисми асосӣ - намоишгоҳи нонҳо, асал ва картошка иборат будааст, ки дар он 18 шаҳру навоҳии вилоят ширкат кардаанд
Праздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
5/12
Чорабинии мазкур дар Боғи Камоли Хуҷандӣ доир гашта, намоишгоҳ аз се қисми асосӣ - намоишгоҳи нонҳо, асал ва картошка иборат будааст, ки дар он 18 шаҳру навоҳии вилоят ширкат кардаанд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМаҳз Раҷаббой Аҳмадзода ташаббускори таҷлили Иди картошка дар Тоҷикистон дониста мешавад
Эмомали Рахмон принял участие в празднике мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
6/12
Маҳз Раҷаббой Аҳмадзода ташаббускори таҷлили Иди картошка дар Тоҷикистон дониста мешавад
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанГулдухтарон ба пешвози президент бо котлети картошкагин баромаданд
Эмомали Рахмон принял участие в празднике мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
7/12
Гулдухтарон ба пешвози президент бо котлети картошкагин баромаданд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомалӣ Раҳмон ба ҳунари нонпазии занони суғдӣ баҳои баланд дод
Эмомали Рахмон принял участие в празднике мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
8/12
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари нонпазии занони суғдӣ баҳои баланд дод
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанИди картошка, нон ва асал дар Хуҷанд
Праздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
9/12
Иди картошка, нон ва асал дар Хуҷанд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанХоҷагиҳо 12 навъи ин маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили Тоҷикистон, Файзобод, Заррина, ред, гала, якка, пикассо, розара, ред фантазия, шукрона, овчиро ба намоиш бароварданд
Праздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
10/12
Хоҷагиҳо 12 навъи ин маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили Тоҷикистон, Файзобод, Заррина, ред, гала, якка, пикассо, розара, ред фантазия, шукрона, овчиро ба намоиш бароварданд
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент бо иштирокдорон акс гирифт
Праздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
11/12
Президент бо иштирокдорон акс гирифт
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанКӯдакон низ дар иди мазкур иштирок доштанд
Эмомали Рахмон принял участие в празднике мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
12/12
Кӯдакон низ дар иди мазкур иштирок доштанд
Лентаи хабарҳо
0