Маскав бидуни маҳдудиятҳо: лағви режими хонашинӣ - акс

313
  • Таҷаммӯи мусофирони метрои Комсамолский дар шаҳри Маскав
  • Шоҳроҳои сермошини шаҳри Маскав
  • Сокинони Маскав дар нахустин рӯзи лағви маҳдудиятҳо барои харид ба марказҳои бузурги савдо баромаданд
  • Шоҳроҳи майдони Боровиский пур аз мошин аст
  • Мусофирони вакзали Ярославский дар шаҳри Маскав
  • Маҳдудиятҳои ҷорибуда дар Русия бекор карда шуданд ва мардум ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт
  • Кошонаҳои ҳусн ба қабули мизоҷон шурӯъ карданд. Қоидаҳои санитарӣ ҳамоно риоя мешаванд
  • Метрои Библиотека имени Ленин низ серодам аст
  • Дар кошонаи ҳусн мизоҷонро бе пӯшидани дастпӯш ва ниқоби тиббӣ қабул намекунанд
Рӯзи дуюм аст, ки дар Маскав режими хонашинӣ бекор гардидааст. Сокинон ва меҳмонони шаҳр бидуни маҳдудият аз пайи кору зиндагӣ ҳастанд

Дар Маскав сар аз 9 - уми июн аксар маҳдудиятҳое, ки дар робита ба авҷи маризии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, лағв шуданд.

Зимнан, режими хонашинӣ низ бекор карда шуд.

Сокинони пойтахт ва ҳамзамон меҳмонон бидуни ҳеҷ ташвиш ба мисли пештара озодона дохили метро ва марказҳои бузурги савдо мешаванд.

Зиндагӣ дар пойтахт маҷрои пештараро касб кард.

Дар кӯчаҳои Душанбе ба сокинон ниқоби тиббӣ ройгон тақсим мекунанд - навор

Аммо риояи қоидаҳои санитарӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ ва дастпӯш ҳамоно талаб карда мешавад.

313
  • Таҷаммӯи мусофирони метрои Комсамолский дар шаҳри Маскав
    © Sputnik / Grigory Sysoev

    Таҷаммӯи мусофирони метрои "Комсамолский" дар шаҳри Маскав

  • Шоҳроҳои сермошини шаҳри Маскав
    © Sputnik / Alexey Maishev

    Шоҳроҳои сермошини шаҳри Маскав

  • Сокинони Маскав дар нахустин рӯзи лағви маҳдудиятҳо барои харид ба марказҳои бузурги савдо баромаданд
    © Sputnik / Alexey Maishev

    Сокинони Маскав дар нахустин рӯзи лағви маҳдудиятҳо барои харид ба марказҳои бузурги савдо баромаданд

  • Шоҳроҳи майдони Боровиский пур аз мошин аст
    © Sputnik / Alexey Maishev

    Шоҳроҳи майдони Боровиский пур аз мошин аст

  • Мусофирони вакзали Ярославский дар шаҳри Маскав
    © Sputnik / Grigory Sysoev

    Мусофирони вакзали Ярославский дар шаҳри Маскав

  • Маҳдудиятҳои ҷорибуда дар Русия бекор карда шуданд ва мардум ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт
    © Sputnik / Alexey Maishev

    Маҳдудиятҳои ҷорибуда дар Русия бекор карда шуданд ва мардум ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт

  • Кошонаҳои ҳусн ба қабули мизоҷон шурӯъ карданд. Қоидаҳои санитарӣ ҳамоно риоя мешаванд
    © Sputnik / Ekaterina Chesnokova

    Кошонаҳои ҳусн ба қабули мизоҷон шурӯъ карданд. Қоидаҳои санитарӣ ҳамоно риоя мешаванд

  • Метрои Библиотека имени Ленин низ серодам аст
    © Sputnik / Grigory Sysoev

    Метрои "Библиотека имени Ленин" низ серодам аст

  • Дар кошонаи ҳусн мизоҷонро бе пӯшидани дастпӯш ва ниқоби тиббӣ қабул намекунанд
    © Sputnik / Ekaterina Chesnokova

    Дар кошонаи ҳусн мизоҷонро бе пӯшидани дастпӯш ва ниқоби тиббӣ қабул намекунанд

Бозорҳои Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии COVID - 19: гузориши аксӣ

482
(Таҷдидшуда 20:08 04.07.2020)
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
  • Бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Муштариён дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
Зиндагии мардуми Тоҷикистон бо тадриҷ ба шакли маъмулӣ бозмегардад. Фаъолияти бозорҳои кишварро дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

Дар дари даромади бозор ҳарорати бадани ҳар як муштарӣ санҷида мешавад.

Маъмулан дар назди даромади бозорҳо "кунҷи беҳдоштӣ" ташкил шудааст.

Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

Зиёда аз ин ҳамаи бозорҳои бузурги кишварро кормандони мақомот ҳамарӯза тафтиш мекунанд.

482
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад.

  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аробакашон дар бозори Меҳргон.

  • Бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Бозори Меҳргон имрӯзҳо боз пур аз муштарӣ аст.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд.

  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳо дар бозори Меҳргон. Рафъҳо аз меваҳои мавсимӣ пур шудааст.

  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

  • Муштариён дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муштариён дар бозори Меҳргон. Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Фурӯшандагон низ ҳатман ниқоб мепӯшанд.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Барои фурӯшандагон низ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ мебошад.

Барчаспҳо:
вируси нав, фаъолият, бозор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мардум Конститутсия навро дастгирӣ карданд: ҷараёни овоздиҳӣ дар гузориши аксӣ

113
(Таҷдидшуда 14:26 02.07.2020)
ГРӯзи 1-уми июл дар Русия ва намояндагиҳои расмиаш дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, раъйпурсӣ ё референдум барои ворид кардани тақрибан 200 ислоҳ ба Қонуни асосӣ анҷом ёфт

Ин тағйиротро парлумон, раисҷуҳур ва Додгоҳи қонуни асосии Русия қабул карда буданд, аммо роҳбари Русия таъкид дошт, тағйирот танҳо баъд аз ризояти мардум ба қабул хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки бо сабаби пандемияи коронавирус овоздиҳӣ дар Русия ба санаи 25-уми июн гузошта шуда буд. Овоздиҳи давоми як ҳафта идома кард.

Тибқи омори ахири мақомоти Русия беш аз ҳудуди 78 дарсади мардуми ин кишвар тағийрот дар қонуни асисии ин кишварро пазхируфтанд.

 

 

113
  • © Sputnik / Alexei Druzhinin

    Владимир Путин, раисҷуҳури Русия барои тағйирот дар Қонуни асосӣ райъ дод

  • © Sputnik / Roscosmos

    Овоздиҳӣ дар кайҳон: кайҳоннаварди Русия ҳангоми овоздиҳӣ

  • © Sputnik / Andrei Kasprishin

    Муоврини раиси боғи ваҳши Барнаул Александр Чеботарёв ба овоздиҳӣ бо хирсбача омад

  • © Sputnik / Tomas Tkhaitsuk

    Навбат дар наздикии участкаи интихоботӣ дар Гурҷистон

  • © Sputnik / Dmitry Astakhov

    Нахуствазири Русия ҳам субҳ пушти сандуқи райдиҳӣ омад

  • © Sputnik / Alexei Druzhinin

    Владимир Путин, ҳангоми овоздиҳӣ дар участкаи интихоботӣ

  • © Sputnik / Kirill Kallinikov

    Тоблои иттилоотии Комиссияи марказии интихоботи Русия

  • © Sputnik / Vitaliy Ankov

    Интихобот дар даврони пандемия: амалҳои эҳтиётӣ дар ҳавзаи интихоботӣ

  • © Sputnik / Evgeny Biyatov

    Ҷараёни райдиҳӣ дар шаҳри Маскав

  • © Sputnik / Andrei Kasprishin

    Хирсбача ҳам ба овоздиҳи омад

  • © Sputnik / Mikhail Voskresenskiy

    Дар интихобот иштироки фаъоли ҷавонон ба назар мерасид

  • © Sputnik / Anna Ratkoglo

    Ҳавзаҳои овоздиҳӣ тақрибан дар тамоми гушаву канори ҷаҳон ташкил карда шуда буд. Овоздиҳӣ дар Пекин

  • © Sputnik / Alexei Danichev

    Ҷараёни овоздиҳӣ дар шаҳри Санкт-Петербург

  • © Sputnik / Vitaliy Ankov

    Чораҳои эҳтиётӣ дар замони вируси корона. Дар ҳавзаи интихоботӣ ҳарорати баданро месанҷиданд

  • © Sputnik / Mikhail Voskresenskiy

    Овоздиҳии мардуми Русия барои тағйирот ба Қонуни асосӣ

Город Худжанд, архивное фото

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? порӯи мурғхонаҳо, партов ё...

0
(Таҷдидшуда 16:21 09.07.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегуянд, ҳар субҳу шом бӯи тафи ғализе маҳаллаҳоро фаро мегирад ва аз ин ҳисоб онҳо наметавонанд дар гармои тоқтфарсои тобистон дару тирезаҳои хонаҳояшонро боз кунанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуданд, ки чанд вақт ба ин тараф бӯи ғализ ҳама ҷойро фаро мегирад.

Бурҳон Кенҷаев, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мушкил чанд вақт боз онҳоро нороҳат месозад.

“Бӯи хеле бад ҳама ҷойро олуда мекунад. Аз он, ки бӯй ба хонаҳо даромада ба либосҳо нашинад, мо дару тирезаҳоро пушида мешинем”, гуфт Кенҷаев.

Фарҳод Шарипов сокини маҳаллаи 12-уми шаҳр иброз намуд, ки ин маҳаллае, ки онҳо зист мекунанд, аз ин мушкил орӣ намондааст ва паҳншавии бӯйи бад, онҳоро хаста кардааст.

“Баъзе сокинони калонсол мехоҳанд саҳар ва ё шомгоҳон дар вақти салқиншавии ҳаво ба кӯча бароянд, аммо аз ин, ки бӯи ғализ паҳн мешавад, онҳо ба берун рафта наметавонанд”, мегуяд ҳамсӯҳбати мо.

Сокинони маҳаллаҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18 ва 19- уми Хуҷанд ҳам аз мушкили бавуҷудома шикоят доранд. Ин мушкил беш аз ду моҳ боз шурӯъ шуда ва сокинонро водор намудааст, ки бо мактуби дастаҷамъӣ ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кунанд, то ба ҳалли он расидагӣ сурат гирад.

Ҷамшедҷон Азизов, иҷрокунандаи сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Раёсати экологияи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ин мавзӯъ хоси идораи санитарию эпидемологӣ аст, вале онҳо ҳам барои муайян намудани ин масъала як моҳ ин ҷониб ба таҳқиқ мебаранд.

То ин муддат чандин мурғхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд: “Мо асосан олуда шудани ҳаво аз ҳисоби дуд ва чангро назорат мебарем, лекин новобаста аз ин мо ҳам барои муайян намудани манбаъаи ин мушкилӣ сафарбар шудем. Болотар аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд, маҳаллаи аҳолинишини Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, ки дар ҳудуди он 6 – 7 адад мурғхонаҳо мавҷуданд. Дар он ҷо нуқтаи ҷамъкунии порӯи мурғ дида шуд, ки дар ҳолати боз нигоҳ дошта мешуданд. Мо дастур додем, ки минбаъд дар шароити кушод порӯи мурғро нигоҳ надоранд ва ва онро ба хок гӯронидем”, гуфт Азизов.

Дар канори соҳили рости руди Сир дар наздикии маҳаллаи 3-уми Хуҷанд, маҳаллаҳои аҳолинишини Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд мебошад ва як бахши даромади зиндагии сокинон ин ҷо аз чорводорӣ мебошад.

Аммо сокинон мегуянд, бӯе, ки шаҳрро фаро мегирад ҳамшабеҳи порӯи чорво нест, балки бадтар аз он аст.

Ҷамшедҷон Азизов афзуд зимни санҷиш хати партовпартоӣ ва заводи коркарди партов аз ташноб (канализатсия) и Хуҷандро низ дар аз назар гузаронидаанд, вале манбаъи аслии паҳни бӯйи ғализ дарёфт нашудааст.

“Мо ба нуқтаи коркарди партов ва канализатсия ҳам рафтем. Шароити кории онҳоро назорат кардем, ки тибқи меъёр ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷо ҳеҷ бӯи бад ба атроф паҳн намешавад”, гуфт Азизов.

Шуҳрат Абдуқодиров як масъули идораи назорати санитарию эпидемологии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба эҳтимоли зиёд паҳншавии бӯи бад аз ҳисоби порӯи мурғонаҳое, ки дар дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдат ташкил шуда мебошад.

Аммо ин масъули идораи беҳдоштӣ гуфт, ин маҳаллаҳо ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шомиланд ва таҳқиқи ин масъаларо бояд идораи назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом бирасонанд.

“Бӯи порӯи мурғхонаҳо хеле баланд буд. Эҳтимол ин бӯй ба ҳамаҷо паҳн мегардад. Мо чанд чунин ҷойҳоро ошкор ва ҳамроҳ бо кормандони телевизион сапт намудем”, таъкид кард Абдуқодиров.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон ба ҳукумат ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони мақомоти назоратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқи ин масъала шурӯъ намудаанд, вале ҳоло шарҳ дода нашудааст, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз куҷо мехезад.

0