Гузашти низомии таърихӣ бахшида ба 75- умин солгарди пирузӣ бар Олмони фашистӣ акс

295
(Таҷдидшуда 15:40 24.06.2020)
Гузашти низомӣ дар майдони Сурхи Маскав 24 июни соли 1945 - ҳодисаи таърихӣ, ғалабаи бузурги ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар Олмони фашистӣ мебошад

Мақомоти Русия бо назардошти пандемияи коронавирус гузашти низомӣ бахшида ба 75-солгарди пирузӣ бар Олмони фашистиро, ки ҳамасола рӯзи 9-уми май таҷлил мешуд, санаи 24-уми июн баргузор кард.

Гузашти низомӣ яке аз рукнҳои асосии таҷлили Рӯзи Ғалаба маҳсуб ёфта, ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Санаи 24 июн ҳамчун рӯзи асосии баргузории гузашти низомӣ бахшида ба Пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Маҳз 24 июни соли 1945 бори аввал бахшида ба пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ гузашти низомӣ баргузор шуда буд.

Мисли анъана дар анҷоми гузашти низомӣ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам дар ин маросими солона ширкат карда, сӯҳбату табрикоти худро ба кулли мардум ва куҳансарбозон расонд.

Бояд қайд кард, ки як воҳиди сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар гузашти низоми бахшида ба Рӯзи Ғалаба, ки рӯзи 24 июн дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, иштирок доранд.

Ба ин воҳиди сарбозону афсарони тоҷик, ки ба гузашти ифтихорӣ дар Майдони Сурх шарафёб гардидаанд, намояндагони қувваҳои хушкигард, неруҳои зудамал, неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ шомиланд.

Ёдрас мешавем, ки дар ин гузашти низоми, ки дар даврони пас аз пандемияи коронавирус баргузор шуд, беш аз 13 ҳазор неруи низомӣ, 216 таҷҳизоти низомӣ ва 75 ҳавопаймои мухталиф дар маросими имсол ширкат доранд. Инчунин дар ин гузашти низомӣ низомиёни 13 кишвари мухталиф низ иштирок дорад.

Дар ин чорабинии тантанавӣ роҳбарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дорад.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

295
  • © Sputnik / Host photo agency / Alexander Vilf

    Гузашти низомӣ дар Майдони Сурх бахшида ба 75-солгарди пирузӣ бар Олмони фашистӣ

  • © Sputnik / Host photo agency / Ilya Pitalev

    Сарбозони ҷавон ҳангоми гузашти низомӣ дар Майдони сурх

  • © Sputnik / Host photo agency / Ilya Pitalev

    Мошини ҷангии "TERMINATOR" ҳангоми гузашти низомӣ дар Майдони Сурх

  • © Sputnik / Sergey Pyatakov

    Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар гузашти низомӣ бахшида ба ба 75-солгарди пирузӣ бар Олмони фашистӣ

  • © Sputnik / Host photo agency / Alexander Vilf

    Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ва сарфармондеҳи нирӯҳои пиёданизоми Русия Олег Солюков ҳангоми гузашти низомии таърихӣ дар Майдони Сурх

  • © Sputnik / Host photo agency / Ilya Pitalev

    Гузашти сарбозон дар Майдони Сурх

  • © Sputnik / Host photo agency / Evgeny Biyatov

    Тонкҳои Т-34-85 ҳангоми гузашти низомӣ бахшида ба 75-солгарди пирузӣ бар Олмони фашистӣ дар Майдони Сурх

  • © Sputnik / Host photo agency / Vladimir Pesnya

    Ҳавопаймои ҷангии СУ-25 болои Майдони Сурх

  • © Sputnik / Host photo agency / Sergey Pyatakov

    Сарбозони Сербия ҳангоми иштирок дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурхи Маскав

  • © Sputnik / Host photo agency / Vladimir Pesnya

    Гузашти сарбозон дар Паради Пирӯзӣ

  • © Sputnik / Host photo agency / Alexander Vilf

    Тонки машҳури сохти Русия дар замони Ҷанги бузурги Ватанӣ. Тонки Т-34-85 дар Майдони Сурх

  • © Sputnik / Host photo agency / Alexey Maishev

    Чархболҳои Ми-8 ҳангоми гузашти ҳавоӣ дар Майдони Сурх

  • © Sputnik / Host photo agency / Ramil Sitdikov

    Мисли анъана дар анҷоми гузашти низомӣ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам дар ин маросими солона ширкат карда, сӯҳбату табрикоти худро ба кулли мардум ва куҳансарбозон расондв Москве.

  • © Sputnik / Host photo agency / Ilya Pitalev

    Дар ин гузашти низоми, ки дар даврони пас аз пандемияи коронавирус баргузор шуд, беш аз 13 ҳазор неруи низомӣ, 216 таҷҳизоти низомӣ ва 75 ҳавопаймои мухталиф дар маросими имсол ширкат намуданд. Инчунин дар ин гузашти низомӣ низомиёни 13 кишвари мухталиф низ иштирок карданд

  • © Sputnik / Host photo agency / Vladimir Pesnya

    Системаи дифои ҳавоии "Пантсир -СА" ҳангоми гузашти низомӣ дар Майдони Сурх

  • © Sputnik / Host photo agency / Mikhail Voskresenskiy

    Мақомоти Русия бо назардошти пандемияи коронавирус гузашти низомӣ бахшида ба 75-солгарди пирузӣ бар Олмони фашистиро, ки ҳамасола рӯзи 9-уми май таҷлил мешуд, санаи 24-уми июн баргузор кард

  • © Sputnik / Ekaterina Chesnokova

    Мушакҳои дурбурди "Ярс" дар Майдони Сурх

  • © Sputnik / Host photo agency / Sergey Pyatakov

    Сарбозони Чин ҳангоми гузашти низомӣ дар Майдони Сурх

  • © Sputnik / Host photo agency / Sergey Pyatakov

    Меҳмонони пойтахти Русия пеш аз оғози Паради Ғалаба

  • © Sputnik / Host photo agency / Vladimir Pesnya

    Санаи 24 июн ҳамчун рӯзи асосии баргузории гузашти низомӣ бахшида ба Пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Маҳз 24 июни соли 1945 бори аввал бахшида ба пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ гузашти низомӣ баргузор шуда буд

  • © Sputnik / Host photo agency / Sergey Piatakov

    Ба ин воҳиди сарбозону афсарони тоҷик, ки ба гузашти ифтихорӣ дар Майдони Сурх шарафёб гардидаанд, намояндагони қувваҳои хушкигард, неруҳои зудамал, неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ шомиланд

  • © Sputnik / Host photo agency / Sergey Pyatakov

    Куҳансарбоз пеш аз оғози гузашти низомӣ дар Майдони Сурх

  • © Sputnik / Vladimir Sergeev

    Ҳавопаймоҳои ҷангии СУ-25 БМ-и Русия ҳангоми қисмати гузашти ҳавоӣ дар Майдони Сурх

Режими ниқоб: назорати шадиди пулис дар Душанбе - акс

618
(Таҷдидшуда 19:13 11.07.2020)
  • Новобаста аз гармии тоқатфарсо  кормандони пулис дар сари роҳ истода, мошинҳоро манъ намуда, мусофиронро тафтиш мекунанд
  • Кормандони пулис мусофиронро як ба як тафтиш мекунанд, ки кадоме бидуни ниқоб савори нақлиёт шудааст
  • Дар бештарин мавридҳо, мусофирон бо ниқоб вориди нақлиёт мешаванд
  • Риояи режими ниқобпӯшӣ аз ҷониби шаҳрвандон
  • Кормандони пулис асосан нақлиёти ҷамъиятиро манъ мекунанд
  • Ба ҳар як ронанда иловатан фаҳмонда мешавад, ки ба риояи режими ниқоб диққати махсус диҳанд
  • Ронандаҳо новобаста аз гармӣ  режими ниқобро вайрон намекунанд
  • Ронандаи ниқобпӯши нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе
  • Корманди пулиси роҳ дар баробари назорат аз ниқобпӯшии ронандаҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои ронандагияшро низ тафтиш мекунад
Дар Душанбе новобаста аз гармии тоқатфарсо ба хотири таъмини солимии шаҳрвандон аз маризии ҳамагири коронавирус, пӯшидани ниқоб ҳатмист

Режими ниқобро дар Тоҷикистон кормандони пулис шадидан назорат мекунанд. Дар тамоми боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо кормандони пулис истода риоя шудани ин режимро аз ҷониби шаҳрвандон назорат мекунанд.

Таъсири COVID -19 ба туйҳои арӯсию домодӣ дар Хуҷанд

Гуфта мешавад, аз ҳама беш дар дохили нақдиёти ҷамъиятӣ ба ин режим аҳамият медиҳанд. Кормандони милитсия анқариб ҳамаи нақлиётҳоро манъ намуда, мусофиронро як ба як тафтиш мекунанд, ки кадоме аз онҳо бидуни ниқоб сафори нақлиёт шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳамакнун  барои напӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандонро аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима кунанд.

618
  • Новобаста аз гармии тоқатфарсо  кормандони пулис дар сари роҳ истода, мошинҳоро манъ намуда, мусофиронро тафтиш мекунанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Новобаста аз гармии тоқатфарсо кормандони пулис дар сари роҳ истода, мошинҳоро манъ намуда, мусофиронро тафтиш мекунанд

  • Кормандони пулис мусофиронро як ба як тафтиш мекунанд, ки кадоме бидуни ниқоб савори нақлиёт шудааст
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони пулис мусофиронро як ба як тафтиш мекунанд, ки кадоме бидуни ниқоб савори нақлиёт шудааст

  • Дар бештарин мавридҳо, мусофирон бо ниқоб вориди нақлиёт мешаванд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар бештарин мавридҳо, мусофирон бо ниқоб вориди нақлиёт мешаванд

  • Риояи режими ниқобпӯшӣ аз ҷониби шаҳрвандон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Риояи режими ниқобпӯшӣ аз ҷониби шаҳрвандон

  • Кормандони пулис асосан нақлиёти ҷамъиятиро манъ мекунанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони пулис асосан нақлиёти ҷамъиятиро манъ мекунанд

  • Ба ҳар як ронанда иловатан фаҳмонда мешавад, ки ба риояи режими ниқоб диққати махсус диҳанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Ба ҳар як ронанда иловатан фаҳмонда мешавад, ки ба риояи режими ниқоб диққати махсус диҳанд

  • Ронандаҳо новобаста аз гармӣ  режими ниқобро вайрон намекунанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Ронандаҳо новобаста аз гармӣ режими ниқобро вайрон намекунанд

  • Ронандаи ниқобпӯши нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Ронандаи ниқобпӯши нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе

  • Корманди пулиси роҳ дар баробари назорат аз ниқобпӯшии ронандаҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои ронандагияшро низ тафтиш мекунад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Сотрудник милиции проверяет документы у водителя маршрутки в Душанбе

Барчаспҳо:
акс, назорат, пулис, Душанбе

Гузашти худравҳо аз эстакадаи нави Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ шуд - 15 акс

406
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид

Эстакада дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт эстакадаи навро ифтитоҳ карданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Эстакадаи нав дар Душанбе ифтитоҳ ёфт: Раҳмон лентаашро бурид - аксҳо

Ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни ифтитоҳи иншоот иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид.

406
  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шуд

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи иншоот бо таъкид гуфт ин роҳҳо бояд солҳои дароз ба мардум хизмат расонанд

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар доираи корҳои сохтмонӣ навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус амалӣ карда шудаанд

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад.

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа раисҷумҳур ва раиси шаҳри Душанбе иштирок доштанд

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Қаблан низ қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” дар маҳаллаи 82-юми пойтахт низ чунин як эстакада ифтитоҳ шуда буд

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 оғоз гардида буд.

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев


    Иншоот дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд.

Рогунская ГЭС

Ҳодисаҳои нохуш дар саноат: ҳалокати 1 ва ҷароҳати 9 кас ҳангоми сохтмони "Роғун"

0
Дар умум, дар кори ширкату сохтмонҳои Тоҷикистон 3 нафар ба ҳалокат расида, 13 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод бо эълони ин омор гуфт, аксари ин мурдану ҷароҳатбардориҳо дар пайи беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаву техникаи бехатарии кор рух додааст.

“Бештарин маворид ба кори ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Худи коргарон ё раҳбарони онҳо аз ин ки ғайриҳирфаӣ будаанд, аз қоидаву техникаи бехатарии кор хабар надоштаанд ё беэҳтиётӣ кардаанд. Коргарон ва омилони дигари ин ҳодисаҳои нохуш муҷозот шуда, ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шуд, ки афроди ғайриҳирфаӣ аз вазифа барканор шаванд”, - гуфт Санъат Раҳим.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳангоми кор як нафар ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дуввумин ширкате, ки ҳамчунин маворидро таҷриба кардааст, ширкати кӯҳии Тоҷикистону Хитой аст. Ҳангоми кор дар ин ширкат ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҳам ҷароҳат гирифтаанд.

Ба ҳамин минвол, тайи ним соли равон аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор якнафарӣ коргарони ширкатҳои “Талко”, Маркази илмӣ – техникии Ҳуавей дар Зарнисор ва “Анзоб” низ захмӣ шудаанд.

 

0