Гузориши акси аз "меҳмонӣ", чойхӯрӣ ва сӯҳбати раисҷумҳур дар як хонавода

2087
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Ӯ дар хонаводаи Усмоновҳо бо истифодабарии замини наздиҳавлигии оила шинос шуд
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон с семьей Усмоновых в Рудацком районе
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаводаи як сокини ҳамин ҷо ташриф оварда, бо истифодаи замини наздиҳавлигии онҳо шинос шудааст, бо заное ки нон мепухтанд сӯҳбат карда, дар фарҷом тӯҳфаҳои зиёд аз ҷумла як баста китоб ҳадя кардааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми сафараш ба ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Фалакон ба хонаводаи яке аз сокинон "меҳмон" шудааст.

Раисҷумҳур ба хонаводаи Усмоновҳо ташриф оварда, аз замини наздиҳавлигии хонавода боздид ба амал оварда, бо тарзи истифодаи пурсамару оқилонаи замин ва вазъи зиндагии ин оилаи намунавӣ аз наздик шинос шуданд.

 

"Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки ба пӯхтани нонҳои лазиз, коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ барои зимистон машғул буданд,суҳбати самимӣ анҷом дод", - менависад дафтари матбуоти президент.

Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Усмоновҳо барои истифодаи пурсамари замин ва саҳм гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат ашёи рӯзғор, аз ҷумла яхдон, телевизиор, компютер, мошинаи дарздӯзӣ, бастаи китобҳои бадеӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намудааст.

2087

Хайр Маскав: маросими пӯшидашавии Олимпиадаи соли 1980 - аксҳои нодир

142
(Таҷдидшуда 19:45 03.08.2020)
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
Рӯзи 3 августи соли 1980 дар Маскав маросими пӯшидашавии Бозиҳои тобистона баргузор гардид. Ин маросим аз зеботарин маросимҳо дар таърихи олимпиада шинохта шудааст

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав аз 19 июл то 3 август идома кард. Ин нахустин олимпиада дар қаламрави Урупои Шарқӣ буд. 

Макони асосии баргузории мусобиқаҳо шаҳри Маскав буд. Вале бархе аз рақобатҳо дар Таллин, Киев, Ленинград ва Минск низ гузаронида шуданд.

Ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 - 5179 варзишкор аз 80 давлати ҷаҳон омада буданд.

Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980

Маросими пӯшидашавии Олимпиада рӯзи 3 август баргузор гардид. Барномаи консертӣ чанд соат идома кард.

Байрақи сафеди олимпӣ фароварда шуд ва таҳти навои Эдуард Артёмов "Эй варзиш ту ҳамеша пешравӣ ҳастӣ" духтарон бо пироҳанҳои якранг ба майдон баромаданд ва композитсияи даврони Юнони қадимро нишон доданд. Оташи олимпӣ ҳамон лаҳза хомӯш шуд.

Дар рӯи экран симои Хирсак - рамзи Олимпиадаи соли 80-ум намудор шуд. Расми Хирсакро навиштаҷоти "Роҳи сафед" ҳамроҳӣ мекард.

Яке аз ҳассостарин лаҳазот ашкрезии хирсак шуд.

Дар охири маросим меҳмононро сюрприз интизор буд. Дар мобайни майдон таҳти суруди "Хайр Маскав" дар иҷрои Лев Лешенко ва Татяна Антсиферева хирси бузурге бо пуфакҳо пайдо шуд.

Таҳти суруд ва замоне, ки Хирсак ба ҳаво бармехост, аксари мардум ашк мерехтанд.

Олимпиадаи соли 1980 то ҳол дар хотири меҳмонон ва аксари тамошобинону варзишкорон нақш бастааст. Ин бозиҳо яке аз боадолаттарин дар таърихи варзиш шинохта шудаанд, зеро пас аз итмоми онҳо ягон аризаи шикоятӣ ба комиссияи варзишӣ ворид нашудааст.

142
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980, 3 август дар майдони ба номи Ленин (Лужники) баргузор гардид.

  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
    © Sputnik / Дмитрий Донской

    Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Сомов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Олимпиадаи соли 1980 натанҳо барои шаҳрвандони ИҶШС балки мардуми ҷаҳон рухдоди муҳиме шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Торжественная церемония закрытия Игр XXII Олимпиады. Центральный стадион имени В.И. Ленина 3 августа 1980 года.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Барои миллионҳо меҳмони хориҷӣ Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав бо меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии мардуми рус ёддошт шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Оташбозӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Олимпиадаи соли 1980 яке аз бозиҳои боадолаттарин дар ҷаҳони варзиш шинохта шудааст, чун дар давоми мусобиқот ягон аризаи шикоятӣ дар бораи натиҷаҳои бозиҳо навишта нашудааст.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд.

Барчаспҳо:
маросим, олимпиада, Маскав

Ба Каъба нарасед: ҳаҷ дар шароити пандемия чигуна аст? - 10 акс

717
  • Сотни мусульманских паломников окружают Каабу
  • Паломники молятся во время хаджа
  • Паломники во время хаджа
  • Мусульманские паломники окружают Каабу
  • Мусульманские паломники в защитных масках во время хаджа
  • Мусульманин в защитной маске молится во время хаджа
  • Мусульманские паломники во время хаджа
  • Мусульманские паломники во время хаджа
  • Мусульманка молится во время хаджа
  • Паломники молятся во время хаджа
Ҳамасола барои адои Ҳаҷ ба Макка бештар аз ду миллион ҳоҷӣ аз тамоми ҷаҳон сафар мекунанд. Аммо имсол бори нахуст, дар Иди Қурбон Каъба камодам аст. Дар робита бо коронавирус Арабистони Саудӣ қарор дод, ки ҳаҷро танзим кунанд. Вуруди хориҷён мамнӯъст

Имсол дар робита бо паҳншавии коронавирус дар Арабистони Саудӣ ҳаҷ бо тартиби вижа мегузарад. Рафти нахустин иди Қурбонеро, ки дар Макка одам кам аст, аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

Ҳамасола барои адои Ҳаҷ ба Макка бештар аз ду миллион ҳоҷӣ аз тамоми ҷаҳон сафар мекунанд. Аммо имсол бори нахустин бор дар Иди Қурбон Каъба камодам аст. дар робита бо коронавирус Арабистони Саудӣ қарор дод, ки ҳаҷро танзим кунанд. Вуруди хориҷён мамнӯъ аст.
Дар назар аст, ки аз Макка ва Мадинаи муқаддас наздики 10 ҳазор кас боздид мекунанд. Аз ҷумла дар ҳаҷ шаҳрвандони подшоҳӣ ва шаҳрвандони хориҷие, ки то ҷорӣ шудани маҳудудиятҳои коронавирусӣ вориди кишвар шуда буданд, иштирок карда метавонанд.

Имсол ба ҳоҷиён тавсия дода мешавад, ки қоидаҳои санитарву эпидемиологиро қатъиян риоя кунанд.
Аз ҳама пеш ба ҳаҷ нафароне роҳ дода мешаванд, ки аз ташхиси коронавирус гузаштаву натиҷаҳои манфӣ доранд. Афзун бар ин, ҳангоми ҳаҷ бояд 1,5 метр дуртар аз ҳамдигар истод ва ниқоби тиббӣ пӯшид.

Ҳалокати се зоир дар Ҳаҷ, онҳоро дар Макка ба хок супориданд

Дар ҳамин ҳол вуруди ашхоси аз 65-сола боло ва нафароне, ки бемории мармуз доранд, манъ аст.

Пас аз баргаштан аз Ҳаҷ ҳоҷиён бояд ба карантини 14-рӯза нишинанд.

Афзун бар ин, имсол расидан ба санги Каъба мамнӯъ аст.

 

717
  • Сотни мусульманских паломников окружают Каабу
    © AP / STR

    Ҳамасола барои адои Ҳаҷ ба Макка бештар аз ду миллион ҳоҷӣ аз тамоми ҷаҳон сафар мекунанд. Аммо имсол бори нахустин бор дар Иди Қурбон Каъба камодам аст.

  • Паломники молятся во время хаджа
    © AP /

    Дар робита бо коронавирус Арабистони Саудӣ қарор дод, ки ҳаҷро танзим кунанд. Вуруди хориҷён мамнӯъ аст

  • Паломники во время хаджа
    © AP /

    Имсол дар робита бо паҳншавии коронавирус дар Арабистони Саудӣ ҳаҷ бо тартиби вижа мегузарад.

  • Мусульманские паломники окружают Каабу
    © REUTERS / SAUDI PRESS AGENCY

    Дар назар аст, ки аз Макка ва Мадинаи муқаддас наздики 10 ҳазор кас боздид мекунанд. Аз ҷумла дар ҳаҷ шаҳрвандони подшоҳӣ ва шаҳрвандони хориҷие, ки то ҷорӣ шудани маҳудудиятҳои коронавирусӣ вориди кишвар шуда буданд, иштирок карда метавонанд

  • Мусульманские паломники в защитных масках во время хаджа
    © REUTERS / SAUDI MINISTRY OF MEDIA

    Ба ҳоҷиён тавсия дода мешавад, ки қоидаҳои санитарву эпидемиологиро қатъиян риоя кунанд.
    Аз ҳама пеш ба ҳаҷ нафароне роҳ дода мешаванд, ки аз ташхиси коронавирус гузаштаву натиҷаҳои манфӣ доранд.

  • Мусульманин в защитной маске молится во время хаджа
    © REUTERS / SAUDI MINISTRY OF MEDIA

    Афзун бар ин, ҳангоми ҳаҷ бояд 1,5 метр дуртар аз ҳамдигар истод ва ниқоби тиббӣ пӯшид.

  • Мусульманские паломники во время хаджа
    © AP /

    Дар ҳамин ҳол вуруди ашхоси аз 65-сола боло ва нафароне, ки бемории мармуз доранд, манъ аст.

  • Мусульманские паломники во время хаджа
    © AP /

    Пас аз баргаштан аз Ҳаҷ ҳоҷиён бояд ба карантини 14-рӯза нишинанд.

  • Мусульманка молится во время хаджа
    © AP /

    Афзун бар ин, имсол расидан ба санги Каъба мамнӯъ аст.

  • Паломники молятся во время хаджа
    © AP / SAUDI TV

    Иди Қурбон дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо фардо 21 июл таҷлил мешавад

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

0
(Таҷдидшуда 21:39 06.08.2020)
Вазири тандурустии Афғонистон изҳор доштаст, ки сеяки аҳолии ин кишвар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Афғонистон бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон