Бо ниқобу дастпӯш: интихоботи президентӣ дар кишварҳои хориҷ чӣ гуна мегузарад - акс

172
(Таҷдидшуда 14:56 11.10.2020)
Дар 29 давлати хориҷӣ 39 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд, то тоҷикони берун аз ватан қарор дошта дар баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи президентӣ бетараф набошанд

Ҳавзаҳои интихоботии дар кишварҳои хориҷа созмонёфта дар баробари ифтитоҳ шудани кори участкаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон, фаъолияташонро аз соати 06:00 дақиқа маҳаллияшон шурӯъ намуданд.

Тоҷикистониёни муқими шаҳрҳои Абу-Забӣ, ал-Кувайт, Алмато, Анқара, Ашхобод, Берлин, Бишкек, Боку, Брюссел, Вашингтон, Вена, Давҳа, Деҳлии Нав, Дубай, Екатеринбург, Женева, Исломобод, Истанбул, Киев, Кобул, Куала-Лумпур, Қоҳира, Лондон, Мазори Шариф, Минск, Маскав, Новосибирск, Нур-Султон, Ню-Йорк, Порис, Пекин, Риёз, Санкт-Петербург, Сеул, Теҳрон, Токио, Тошканд, Уфа ва Файзобод  имкон доранд дар маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат варзанд.

Аз Раҳмон то Убайдуллоев: Наздики 50% раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд

Дар тасвирбаёни омодакардаи Sputnik Тоҷикистон раванди баргузоршавии интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар якчанд кишварҳо, аз қабили Кувайт, Ҷопон, Ӯзбекистону Туркия, Қатару Арабистон, Санкт - Петербург ва чанд давлати дигар гирд овардем.

Интихобот дар кишварҳои хориҷ низ бо риояи тадобири бехатарӣ баргузор шуда истодааст. Интихобкунандагон бо дастпӯшу ниқоб ҳозири ҳавзаҳои интихоботӣ шуда, риjя кардани фосилаи иҷтимоиро низ фаромӯш намекунанд.

172
  • акс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон

    Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

  • Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон

  • акс аз сафҳаи ВУД Тоҷикистон

    Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

  • акс аз ВУХ Тоҷикистон

    Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

  • акс аз сафҳаи ВУД Тоҷикистон

    Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

  • акс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон

    Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург

  • аккс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон

    Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

  • акс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон

    Интихоботи президентӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср

  • акс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон

    Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул

  • акс аз сафҳаи ВУХ Тоҷикистон

    Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса

Барчаспҳо:
акс, президент, интихобот
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)

Пуршукӯҳ ва зебо: гузориши аксӣ аз маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Тоҷикистон

161
  • Инаугурация президента Таджикистана
  • Инаугурация президента Таджикистана
  • Инаугурация президента Таджикистана
  • Инаугурация президента Таджикистана
  • Инаугурация президента Таджикистана
  • Инаугурация президента Таджикистана
  • Инаугурация президента Таджикистана
  • Инаугурация президента Таджикистана
  • Инаугурация президента Таджикистана
  • Инаугурация президента Таджикистана
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шаҳодатномаи президентиашро ба даст гирифт ва расман дар марҳилаи нави раисиҷумҳурӣ дар кишвар ба кор шурӯъ кард

Имрӯз, 30 октябр дар Душанбе маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Маросими пуршукӯҳ аз Қасри миллат оғоз гардид, дар Кохи Сомон идома ёфт ва дар майдони Дӯстӣ бо баргузор шудани гузашти низомии зебое ба анҷом расид.

Выступление президента Эмомали Рахмона
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Дар Қасри миллат ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатнома, орден ва нишони президентӣ супорида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ворид шудан ба Кохи Сомон дар назди ҳайъати бузурги Ҳукумат, вакилон ва фаъолони кишвар савганд ёд кард.

"Ман ҳамчун президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам. Ба халқ содиқона хидмат менамоям”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ки будам: эҳсоситарин нуқтаҳои суханронии Президент

Дар ҳамин ҷо президент аз дастовардҳои 7 соли гузашта ва нақшаҳои ҳукумат ба 7 соли оянда гуфт.

Дар майдони Дӯстӣ Шералӣ Мирзо аз номи низомиёни кишвар,  ба номи Сарқонун, Президент ва Мардуми кишвар савганд хӯрд.

Раисҷумҳур дар назди 7 ҳазор низомӣ сухан гуфт ва баъди анҷоми гузашти низомӣ ба Қасри миллат баргашт.

161

Муруре ба таърих: 7 акси ҷолиб аз маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

352
(Таҷдидшуда 12:42 30.10.2020)
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
Дар Тоҷикистон президентро санаи 11-уми октябр барои 7 сол интихоб карданд. Интихоботи президентии қаблӣ дар кишвар 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Мардум 84,23 дар сад овозашонро ба Эмомалӣ Раҳмон дода буданд

Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон он замон 16 ноябр пуршукӯҳ баргузор карда шуд.

Маросими мазкур дар Қасри Миллат оғоз гардида, дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.

Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намоядагони аҳли ҷомеа ҳузур доштанд.

Бо эълони наттоқ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихорӣ ворид шуда буд.

Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба болои подиум баромада, баъди эълони наттоқ мутобиқи Констиутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти рост ба болои Констиутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд кард.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чанд қадам қафо рафта, бо нимтаъзим Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса намуд.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ин лаҳза ба марҳилаи нави роҳбарии давлат расман ворид шуд, дар назди ҳозирин суханронӣ намуда буд.

352
  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
    Дафтари матбуоти президент

    Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
    Дафтари матбуоти президент

    Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
    Дафтари матбуоти президент

    Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
    Дафтари матбуоти президент

    Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
    Дафтари матбуоти президенти ҶТ

    Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

  • Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

    Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

День 31 октября

Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 17:57 30.10.2020)
Рӯзи 31 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо ва Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ мебошад. Ҳамзамон ин рӯз дар таърих ҳамчун Рӯзи байналмиллалии Баҳри сиёҳ ҳисобида мешавад

Рӯзи 31 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод.

Соли 1932 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Кодекси гражданӣ мавриди амал қарор гирифт.

Соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфузи аҳолии СММ 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.

Люди в защитных масках на улице
© REUTERS / CARLOS GARCIA RAWLINS
Люди в защитных масках на улице

Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ "Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс"-ро ба нашр расонд.

Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии "Экспо-1906" дар шаҳри Милани Италия кори худро ба анҷом расонид.

Соли 2012 тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.

День 30 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод.

Соли  2011 дар шаҳри Порис масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ЮНЕСКО баррасӣ шуданд.

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ва вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – ум миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.

Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии "Шаҳри бехатар" ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.

День 29 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ҷоҳор Дарул Такзим"-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф овард.

Соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр.

  • Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.
  • Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.
  • Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.

     

Рӯзи 31октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст.

Соли 1941 – Сарояндаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова.

Соли 1953 – ҳофиз ва мусиқачӣ Азизулло Шариф.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон