Ифтитоҳи масҷиди муосир дар Тотористон - гузориши аксӣ

497
(Таҷдидшуда 19:17 26.10.2020)
Дар шаҳри Набережние Челни масҷиди "Чали Яр" бо меъмории ғайриоддии технологӣ кушода шуд

Хонаи намозгузорӣ барои мусалмонон дар Ҷумҳурии Тотористон бо услуби муосири меъморӣ сохта шудааст.

Дар як вақт, масҷид бо масоҳати 450 метри мураббаъ метавонад то 250 намозгузорро ғунҷонад.

Тоҷикистон кай дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон мекушояд?

Ибодатхона дар шоҳроҳи федералии Волгаи М7 ҷойгир аст, бинобар ин ронандагон метавонанд низ аз он дидан кунанд.

Намоз ва қурбонӣ онлайн: коронавирус чигуна Иди Қурбонро тағйир дод

Дари масҷид шабонарӯзӣ боз буда, мусалмонон метавонанд ҳар замон аз ин макони ибодат дидан кунанд ва дар он ҷо намоз гузоранд.

497
  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Намозгузорон дар масҷиди нави "Чали Яр" дар Набережние Челни.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Масҷиди "Чали Яр" бо меъмории ғайриоддии технологӣ дар шаҳри Набережние Челни кушода шудааст.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Хонаи намозгузории "Чали Яр" барои мусалмонон дар Ҷумҳурии Тотористон бо услуби муосири меъморӣ сохта шудааст.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Масоҳати масҷид 450 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Дар як вақт дар масҷид то 250 намозгузор метавонад дуо хонад.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Масҷиди нави "Чали Яр" дар Набережние Челнии Тотористон.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Дари масҷид 24 соат боз буда, намозгузорон дар вақти дилхоҳ метавонанд вориди ин маъбад шаванд.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Намозгузорон дар масҷиди нави "Чали Яр" дар Набережние Челни.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, масҷид, Тотористон

Ҷолибтарин лаҳзаҳои бозии ситораҳои бокси ҷаҳонӣ - Тайсон ва Ҷонс: гузориши аксӣ

103
(Таҷдидшуда 15:33 29.11.2020)
Худи муштзани номӣ Майк Тайсон аз хулосаи доварон норозигӣ кард ва аз онҳо хашмгин ҳам шуд. Аммо ба рақиби худ дӯстона рафтор кард.

Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон анҷом ёфт. Майк Тайсон ба рақиби ҷавонтараш тавоноии худро пурра нишон дод, аммо ҳайати доварон эълон карданд, ки муҳориба бидуни ғолиб анҷом ёфт.

Пушти сари ҳар яке ин ду муштзан беш аз 50 муҳориба аст ва ҳар ду муштзан собиқ Чемпиони ҷаҳон мебошанд.

Майк Тайсон вазни вазнин дошт  ва Рой Джонс, ки харобтар буду барои ин муҳориба вазнашро зиёд кард, дар ринг каме мушкилӣ кашид.

Тайсон мухлисонашро дар ҳайрат гузошт. Пеш аз муҳориба ӯ гуфт "ҳаяҷон дораду сину солаш рафтааст".

“Ман Брюс ли ҳастам? Шумо чӣ фикр мекунед? Ман 54 сол дорам. Мехоҳам ӯро нокаут кунам? Бале” – гуфт Тайсон.

Аммо вақте, ки ба ринг баромад сину сол фаромуш шуд. Ӯ тамоми тавоноии худро нишон дод. Тайсон рақиби худро мисли давраи ҷавонӣ ба кунҷи ринг мебурду муштҳои сангин мезад. Дар ин муҳориба Тайсон аз даврони ҷавониаш, ки ӯро "Тайсони оҳанин" меномиданд, ҳеҷ фарқияте надошт.

Муҳорибаи пурраи Майк Тайсон ва Рой Джонс - навор

Рой Джонс дар ин муҳориба натиҷаи хубе нишон надод. Аммо баъди 8 раунд доварон эълон карданд, ки дар ин муҳориба касе пирӯз нашуд. Аммо аксари мухлисони бокс бар онанд, ки дар ин муҳориба Майк Тайсон пирӯзӣ ба даст овард.

 

103
  • © AFP 2020 / JOE SCARNICI

    Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон анҷом ёфт. Аксари мухлисони Тайсон бар онанд, ки ӯ пирӯз шудааст, аммо ба ҳар ҳол муҳориба мусовӣ ба анҷом расидааст

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Майк Тайсон вазни вазнин дошт  ва Рой Джонс, ки харобтар буду барои ин муҳориба вазнашро зиёд кард, дар ринг каме мушкилӣ кашид.

  • © AFP 2020 / JOE SCARNICI

    Майк Тайсон вазни вазнин дошт  ва Рой Джонс, ки харобтар буду барои ин муҳориба вазнашро зиёд кард, дар ринг каме мушкилӣ кашид.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Аммо вақте, ки ба ринг баромад сину сол фаромуш шуд. Ӯ тамоми тавоноии худро нишон дод.

  • © REUTERS / Joe Scarnici

    Тайсон рақиби худро мисли давраи ҷавонӣ ба кунҷи ринг мебурду муштҳои сангин мезад.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Дар ин муҳориба Тайсон аз даврони ҷавониаш, ки ӯро "Тайсони оҳанин" меномиданд, ҳеҷ фарқияте надошт.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Рой Джонс дар ин муҳориба натиҷаи хубе нишон надод. Аммо баъди 8 раунд доварон эълон карданд, ки дар ин муҳориба касе пирӯз нашуд.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Аммо аксари мухлисони бокс бар онанд, ки дар ин муҳориба Майк Тайсон пирӯзӣ ба даст овард.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Худи муштзани номӣ Майк Тайсон аз хулосаи доварон норозигӣ кард ва як каме аз доварон хашмгин шуд. Аммо ба рақиби худ дӯстона рафтор кард.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Рой Джонс пас аз муҳориба гуфт, муштҳои Тайсон ба ӯ мушкилоти зиёде ба бор оварданд

Барчаспҳо:
акс, бокс, Майк Тайсон

Муҳофизат бо усули ҷопонӣ: ниқобҳо бо алмосу марворид - акс

132
  • Ингуна ниқобҳо дар Ҷопон 9 ҳазор доллар арзиш доранд
  • Теъдоди зиёди харидорон барои дидан ва харид намудани чунин ниқобҳо меоянд
  • Ин намуд ниқобҳо дар яке аз мағозаҳои маъруфи Ҷопон фурӯхта мешаванд
  • Ниқобро ҳамакнун ба муд омезиш дода, намудҳои гуногуни онро мебароранд
  • Ҳола дар аксар кишварҳо намудҳои гуногуни ниқобҳо ба назар мерасанд
  • Дар рафҳои ин мағоза ниқобҳои гуногун, ки бо сангҳо оро дода шудаанд, гузошта шуданд
  • Пандемияи коронавирус ҳамаро ниқобпӯш кард
  • Оё барои Шумо пӯшижани чунин ниқобҳо писанд аст?
Дар яке аз мағозаҳои маъруфтарини Ҷопон ниқобҳои муҳофизатӣ аз коронавирус бо алмосу марворид оро дода шуда, ба хариддорон пешниҳод мешаванд

Маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон ҳамаро ниқобпӯш кард. Дар аксар кишварҳо ниқобро ба муд ҳам шомил намуданд ва шаклу намуди онро ба ҳар васила оро ва дигаргун мекунанд.

Масҷидҳои Қазоқистон барои намозҳои панҷвақта боз мешавад: бо ниқоб ва фосила

Аз ҷумла дар Ҷопон ниқобҳои тиббиро бо алмосу марворид ороиш додаанд.

Нархи як ниқоби табиӣ, ки бо алмос ва марворид оро дода шудааст, наздики 9 ҳазор доллар арзиш дорад.

Ин гуна ниқоб дар яке аз маъруфтарин мағозаҳои Ҷопон барои харид ба муштариён пешниҳод мешавад.

132
  • Ингуна ниқобҳо дар Ҷопон 9 ҳазор доллар арзиш доранд
    © REUTERS / Issei Kato

    Ингуна ниқобҳо дар Ҷопон 9 ҳазор доллар арзиш доранд

  • Теъдоди зиёди харидорон барои дидан ва харид намудани чунин ниқобҳо меоянд
    © REUTERS / Issei Kato

    Теъдоди зиёди харидорон барои дидан ва харид намудани чунин ниқобҳо меоянд

  • Ин намуд ниқобҳо дар яке аз мағозаҳои маъруфи Ҷопон фурӯхта мешаванд
    © REUTERS / Issei Kato

    Ин намуд ниқобҳо дар яке аз мағозаҳои маъруфи Ҷопон фурӯхта мешаванд

  • Ниқобро ҳамакнун ба муд омезиш дода, намудҳои гуногуни онро мебароранд
    © REUTERS / Issei Kato

    Ниқобро ҳамакнун ба муд омезиш дода, намудҳои гуногуни онро мебароранд

  • Ҳола дар аксар кишварҳо намудҳои гуногуни ниқобҳо ба назар мерасанд
    © REUTERS / Issei Kato

    Ҳола дар аксар кишварҳо намудҳои гуногуни ниқобҳо ба назар мерасанд

  • Дар рафҳои ин мағоза ниқобҳои гуногун, ки бо сангҳо оро дода шудаанд, гузошта шуданд
    © REUTERS / Issei Kato

    Дар рафҳои ин мағоза ниқобҳои гуногун, ки бо сангҳо оро дода шудаанд, гузошта шуданд

  • Пандемияи коронавирус ҳамаро ниқобпӯш кард
    © REUTERS / Issei Kato

    Пандемияи коронавирус ҳамаро ниқобпӯш кард

  • Оё барои Шумо пӯшижани чунин ниқобҳо писанд аст?
    © REUTERS / Issei Kato

    Оё барои Шумо пӯшижани чунин ниқобҳо писанд аст?

Барчаспҳо:
акс, Ҷопон

Бадтар аз коронавирус: пизишки рус эмидемияи нави мудҳишеро пешбинӣ мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:08 29.11.2020)
Доктор Александр Мясников, пизишки номии рус эпидемияи мудҳишеро, ки бадтар аз коронавирус хоҳад буду ҷони нафарони зиёдеро хоҳад бурд, пешбинӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба ҷаҳон хатари эпидемияи нави ҷиддие, ки қурбониёни зиёде хоҳад дошт, таҳдид мекунад, пешбинӣ мекунад пизишк Александр Мясников, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба гуфтаи вай, ҳамагирии навбатӣ бадтар аз коронавирус хоҳад буд.

Дар робита бо ин, ӯ даъват кардааст, ки як васкини универсалӣ таҳия шавад.

"Масъалан, ваксинаи универсалӣ аз зуком - ба мо маҳз он (эпидемияи зуком - идора) - зукоми хук ё парранда таҳдид мекунад. Тавре вирусшиносҳо менависанд: эпидемияи ҷиддӣ бо мутатсия шудани вирусҳои мову ҳайвон таҳдид мекнунад", - гуфтааст доктор Мясников.

Ба гуфтаи вай, мутатсияи аввал ин гузаштани вирус аз ҳайвон ба инсон ва сипас аз инсон ба инсон мебошад.

Вай афзуд, ки барои коркарди ваксин вақти зиёде талаб мешавад.

Агар ин вирус зуҳур кунад, марг аз он то 40 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки то пайдо шудани ваксина аз он даҳҳо миллион нафар мемиранд.

Мясников: дар Маскав аз COVID -19 бештар қафқозҳо ва осиёиҳо азият кашиданд

Ӯ даъват кардааст, ки тамоми олимони ҷаҳон қувваашонро сарф намудаву маблағи зиёде сармоя карда, ин ваксинро бояд сохт.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон