Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилааш - аксҳои нодир дар Рӯзи президент

3176
(Таҷдидшуда 13:45 16.11.2020)
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и его брат Нуриддин Рахмонов, архивное фото
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
  • Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Ба ифтихори Рӯзи Президент Sputnik Тоҷикистон аксҳои нодири Эмомалӣ Раҳмонро дар иҳотаи атрофиёни наздиктаринаш интихоб ва нашр кард

Дар Тоҷикистон 16 ноябр Рӯзи президент таҷлил мешавад. Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, ки  аксҳои нодири президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар паҳлӯи хонаводааш интихоб кунад.

Зеро солҳои гуногун, дар дурбини аксбардор на танҳо қабулҳои расмӣ, балки ҳаёти одии раисиҷумҳур низ тасвир ёфтааст, ки дар он президенти Тоҷикистон на танҳо ҳамчун сарвари кишвар, балки падар, бародар, бобо ва ҳамсар низ зоҳир мешавад.

Маълум аст, ки президент 9 фарзанд - ду писар ва ҳафт духтар дорад. Илова бар ин, президент набераҳои зиёд дорад ва баъзеи онҳо дар аксҳое бо ӯ назар мерасиданд.

Солҳои охир баъзе кӯдакон ба иштироки фаъолона дар ҳаёти давлатии кишвар шурӯъ карданд.

Баъзе фарзандони ӯ солҳои охир дар ҳаёти давлатии кишвар фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳамин тариқ, писари калонии ӯ Рустами Эмомалӣ мансаби шаҳрдори Душанбе ва раиси парлумонро ишғол мекунад ва яке аз ҳафт духтараш, Озода Раҳмон раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент мебошад.

Рӯзи президент дар ҷумҳурӣ аз соли 2016 таҷлил карда мешавад . Тайи 4 сол ин чорабинӣ дар тақвими рӯзҳои ид таҷлил карда мешавад, аммо ин сана рӯзи истироҳат ҳисоб намешавад

 Дар арафаи Рӯзи президент дар Тоҷикистон мунтазам дар муассисаҳои таълимӣ, мақомотҳои гуногун, китобхонаҳо чорабиниҳои гуногун ҳамчун арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ ва рамзҳои миллӣ ташкил карда мешаванд.

Ғайр аз ин, дар ин рӯз солгарди навбатии иҷлосияи 16-ум, ки соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд, таҷлил карда мешавад. Маҳз вай калиди ташаккул ва таъсиси ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Аз соли 1994 то кунун Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, илова бар ин, аз моҳи декабри соли 2015 унвони расмӣ - "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" -ро дорад.

3176

Эътирозҳои нав дар Париж: пулис продюсери сиёҳпӯстро лат карду хашми мардумро хезонд - акс

215
(Таҷдидшуда 16:31 30.11.2020)
  • Ҳазорҳо сокинони норизо барои дастгирӣ аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон ба кӯчаҳо рехтанд
  • Эътирозгарон аз бархӯрди кормандони пулис бо муҳоҷирони сиёҳпӯст амиқан изҳори нигаронӣ мекуннад
  • Эътирозҳо дар Фаронса аллакай дуюмин ҳафтаи рӯзи истироҳатӣ идома мекунанд
  • Муносибати нохуби кормандони пулис ба муҳоҷирони сиёҳпӯст борҳо хашми мардумро хезонда буд
  • Дар эътирозҳои густурда дар баробари сиёҳпӯстҳо теъдоди сафедпӯстон низ кам нест
  • Онҳо бо пиёда намудани эътирозҳо онҳо дархости поймол нашудани ҳуқуқи муҳоҷирони сиёҳпӯстро доранд
  • Эътирозгарон чандин мошинҳоро оташ заданд
  • Дар макони эътирозҳо кормандони пулис низ саф кашидаанд
  • Барои пароканда намудани мардуми норизо, кормандони пулис аз гази ашковар истифода намуданд
  • Вазъият дар робита ба эътирози мардум дар Фаронса ниҳоят нигаронкунанда аст
  • Рӯзҳои шанбе ва якшанбе теъдоди эътирозгарон боз бештар гардид
Лаҳзаи лат шудани продюсери сиёҳпӯст аз ҷониби кормандони пулис, наворбардорӣ шуд ва ҳазорҳо мардум барои ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон ба кӯчаҳо рехтанд

Ҳазорон нафар дар Париж пас аз латукӯб шудани продюсери сиёҳпӯст даст ба эътироз заданд.

Эътирозҳои густурда дар Фаронса аллакай дуюмин рӯзи истироҳатӣ идома мекунанд. Ду рӯзи гузашта сафи эътирозгарон боз зиёдтар буд.

Онҳо барои ибрози нигаронии худ дар кӯчаҳо ба харобкориҳо даст мезанад, аз ҷумла мошинҳои зиёдро оташ зада, шаҳрро дар гирдоби оташу дуд қарор доданд. 

COVID-19: ИА дар гирдоби эътирозҳо алайҳи маҳдудияту дуркориҳо қарор гирифт - навор

Пулис барои пароканда намудани эътирозгарон аз гази ашковар истифода мекунанд.

Ингуна муносибати нохуби кормандони пулис бо муҳоҷирони сиёҳпӯст маротибаи нахуст набуд, чанде пеш низ як сиёпӯстро се пулиси фаронсавӣ то ҷон бохтан буғӣ карданд.

Он замон низ эътирозшои густурда ба ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон аз Фаронса сар шуда ба дигар кишварҳои аврупоӣ интиқол ёфт.

215
  • Ҳазорҳо сокинони норизо барои дастгирӣ аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон ба кӯчаҳо рехтанд
    © Sputnik / Dominique Boutin

    Ҳазорҳо сокинони норизо барои дастгирӣ аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон ба кӯчаҳо рехтанд

  • Эътирозгарон аз бархӯрди кормандони пулис бо муҳоҷирони сиёҳпӯст амиқан изҳори нигаронӣ мекуннад
    © Sputnik / Dominique Boutin

    Эътирозгарон аз бархӯрди кормандони пулис бо муҳоҷирони сиёҳпӯст амиқан изҳори нигаронӣ мекуннад

  • Эътирозҳо дар Фаронса аллакай дуюмин ҳафтаи рӯзи истироҳатӣ идома мекунанд
    © Sputnik / Dominique Boutin

    Эътирозҳо дар Фаронса аллакай дуюмин ҳафтаи рӯзи истироҳатӣ идома мекунанд

  • Муносибати нохуби кормандони пулис ба муҳоҷирони сиёҳпӯст борҳо хашми мардумро хезонда буд
    © Sputnik / Dominique Boutin

    Муносибати нохуби кормандони пулис ба муҳоҷирони сиёҳпӯст борҳо хашми мардумро хезонда буд

  • Дар эътирозҳои густурда дар баробари сиёҳпӯстҳо теъдоди сафедпӯстон низ кам нест
    © Sputnik / Dominique Boutin

    Дар эътирозҳои густурда дар баробари сиёҳпӯстҳо теъдоди сафедпӯстон низ кам нест

  • Онҳо бо пиёда намудани эътирозҳо онҳо дархости поймол нашудани ҳуқуқи муҳоҷирони сиёҳпӯстро доранд
    © Sputnik / Dominique Boutin

    Онҳо бо пиёда намудани эътирозҳо онҳо дархости поймол нашудани ҳуқуқи муҳоҷирони сиёҳпӯстро доранд

  • Эътирозгарон чандин мошинҳоро оташ заданд
    © Sputnik / Dominique Boutin

    Эътирозгарон чандин мошинҳоро оташ заданд

  • Дар макони эътирозҳо кормандони пулис низ саф кашидаанд
    © Sputnik / Dominique Boutin

    Дар макони эътирозҳо кормандони пулис низ саф кашидаанд

  • Барои пароканда намудани мардуми норизо, кормандони пулис аз гази ашковар истифода намуданд
    © Sputnik / Dominique Boutin

    Барои пароканда намудани мардуми норизо, кормандони пулис аз гази ашковар истифода намуданд

  • Вазъият дар робита ба эътирози мардум дар Фаронса ниҳоят нигаронкунанда аст
    © Sputnik / Dominique Boutin

    Вазъият дар робита ба эътирози мардум дар Фаронса ниҳоят нигаронкунанда аст

  • Рӯзҳои шанбе ва якшанбе теъдоди эътирозгарон боз бештар гардид
    © Sputnik / Dominique Boutin

    Рӯзҳои шанбе ва якшанбе теъдоди эътирозгарон боз бештар гардид

Барчаспҳо:
акс, эътироз, Париж

Ҷолибтарин лаҳзаҳои бозии ситораҳои бокси ҷаҳонӣ - Тайсон ва Ҷонс: гузориши аксӣ

269
(Таҷдидшуда 15:33 29.11.2020)
Худи муштзани номӣ Майк Тайсон аз хулосаи доварон норозигӣ кард ва аз онҳо хашмгин ҳам шуд. Аммо ба рақиби худ дӯстона рафтор кард.

Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон анҷом ёфт. Майк Тайсон ба рақиби ҷавонтараш тавоноии худро пурра нишон дод, аммо ҳайати доварон эълон карданд, ки муҳориба бидуни ғолиб анҷом ёфт.

Пушти сари ҳар яке ин ду муштзан беш аз 50 муҳориба аст ва ҳар ду муштзан собиқ Чемпиони ҷаҳон мебошанд.

Майк Тайсон вазни вазнин дошт  ва Рой Джонс, ки харобтар буду барои ин муҳориба вазнашро зиёд кард, дар ринг каме мушкилӣ кашид.

Тайсон мухлисонашро дар ҳайрат гузошт. Пеш аз муҳориба ӯ гуфт "ҳаяҷон дораду сину солаш рафтааст".

“Ман Брюс ли ҳастам? Шумо чӣ фикр мекунед? Ман 54 сол дорам. Мехоҳам ӯро нокаут кунам? Бале” – гуфт Тайсон.

Аммо вақте, ки ба ринг баромад сину сол фаромуш шуд. Ӯ тамоми тавоноии худро нишон дод. Тайсон рақиби худро мисли давраи ҷавонӣ ба кунҷи ринг мебурду муштҳои сангин мезад. Дар ин муҳориба Тайсон аз даврони ҷавониаш, ки ӯро "Тайсони оҳанин" меномиданд, ҳеҷ фарқияте надошт.

Муҳорибаи пурраи Майк Тайсон ва Рой Джонс - навор

Рой Джонс дар ин муҳориба натиҷаи хубе нишон надод. Аммо баъди 8 раунд доварон эълон карданд, ки дар ин муҳориба касе пирӯз нашуд. Аммо аксари мухлисони бокс бар онанд, ки дар ин муҳориба Майк Тайсон пирӯзӣ ба даст овард.

 

269
  • © AFP 2020 / JOE SCARNICI

    Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон анҷом ёфт. Аксари мухлисони Тайсон бар онанд, ки ӯ пирӯз шудааст, аммо ба ҳар ҳол муҳориба мусовӣ ба анҷом расидааст

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Майк Тайсон вазни вазнин дошт  ва Рой Джонс, ки харобтар буду барои ин муҳориба вазнашро зиёд кард, дар ринг каме мушкилӣ кашид.

  • © AFP 2020 / JOE SCARNICI

    Майк Тайсон вазни вазнин дошт  ва Рой Джонс, ки харобтар буду барои ин муҳориба вазнашро зиёд кард, дар ринг каме мушкилӣ кашид.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Аммо вақте, ки ба ринг баромад сину сол фаромуш шуд. Ӯ тамоми тавоноии худро нишон дод.

  • © REUTERS / Joe Scarnici

    Тайсон рақиби худро мисли давраи ҷавонӣ ба кунҷи ринг мебурду муштҳои сангин мезад.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Дар ин муҳориба Тайсон аз даврони ҷавониаш, ки ӯро "Тайсони оҳанин" меномиданд, ҳеҷ фарқияте надошт.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Рой Джонс дар ин муҳориба натиҷаи хубе нишон надод. Аммо баъди 8 раунд доварон эълон карданд, ки дар ин муҳориба касе пирӯз нашуд.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Аммо аксари мухлисони бокс бар онанд, ки дар ин муҳориба Майк Тайсон пирӯзӣ ба даст овард.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Худи муштзани номӣ Майк Тайсон аз хулосаи доварон норозигӣ кард ва як каме аз доварон хашмгин шуд. Аммо ба рақиби худ дӯстона рафтор кард.

  • © AFP 2020 / Joe Scarnici

    Рой Джонс пас аз муҳориба гуфт, муштҳои Тайсон ба ӯ мушкилоти зиёде ба бор оварданд

Барчаспҳо:
акс, бокс, Майк Тайсон
Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд

Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд акс

0
Масъулони Маркази мубориза бо бемории ВНМО дар мавзеъи бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд маъракаи ташхиси ройгон аз ин маризиро роҳандозӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Фирӯз Комилов, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО (СПИД) дар вилояти Суғд гуфт, ин кор бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва огоҳонидани мардум аз хатари сироятёбии ВНМО аст.

Ӯ гуфт, дар рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО, онҳо клиникаи сайёрро ба “Панҷшанбе” аз маконҳои серодами Хуҷанд интиқол дода ва аз хоҳишмандон гирифтани ташхиси ройгони бемориҳоро фароҳам кардаанд.

“Дар дохили клиникаи сайёр (мобильная клиника) ташхиси бемориҳои ВНМО, оташак (РВ) ва зардпарвини навъи В, С гирифта мешавад. Ташхиси ин бемориҳо дар 20 дақиқа хатм мешавад”,-афзуд директор.

Бино ба гуфти Комилов, клиникаи сайёр ба ҳисоби ташхисгоҳ,бо таҷҳизоти сабти барқии дил (ЭКГ), сабти фаросавтӣ (УЗИ) муҷаҳҳаз буда, ҳамзамон аз ҷониби духтури амрози дарунӣ барои мизоҷон маслиҳати ройгони тиббӣ дода мешавад.

Ин клиникаи сайёр, се соли пеш дар доираи барномаи беҳтарсозии шароити хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби Федератсияи Русия ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар вилояти Суғд тақдим карда шудааст.

То ин ҷониб беш аз 15 ҳазор сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд оиди бемории ВНМО ва зардпарвин тавассути ҳамин клиникаи сайёр аз ташхис гузаштаанд. Фирӯз Комилов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори гирифторони ВНМО ро шарҳ дода гуфт, ки сар аз соли 2001 то имрӯз 2976 нафар дар Суғд ба ВНМО (СПИД) сироят шудаанд.

Аз ин шумор 1848 мард ва 1128 каси дигар занон буда, дар ин давра 875 нафар аз ҷамъи гирифторони ин беморӣ фавтидаанд.

Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд
Sputnik
Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд

Умарзода дар бораи теъдоди мубталоёни ВНМО дар Тоҷикистон

Бино ба иттилоъи манбаъ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 214 нафар аз ин беморӣ сироят ёфтаанд. Соли гузашта дар давра 343 нафар гирифторони ВНМО (СПИД) сабт шудаанд.

Раҳмонзода: вазъи ВНМО ва нашъамандӣ байни ҷавонон нигаронкунанда аст

Коҳиши рақамҳои омориро масъулин аз дарёфти иттилоъи бештари аҳолӣ дар бораи хатару паёмадҳои ин беморӣ марбут медонанд.

0
Барчаспҳо:
гирифторони ВИЧ, табобат, СПИД, ташхис, Суғд, Тоҷикистон