Ба фарорасии соли нави мелодӣ зиёдтар аз як моҳ мондааст, аммо дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон саргардониҳои соли навӣ оғоз шудааст.
Миллионҳо нафар дар саросари олам аз Соли нави мелодӣ, таҷлил хоҳанд кард. Таҷлили Соли нави мелодӣ ба таърихи 31-уми декабр рост меояд аммо саргардониҳо аз имрӯз оғоз шудаанд.
Тамоми мағозаву кӯчаҳо ба таҷлили соли нав омодагӣ гирифтанд. Рамзҳои солингавӣ дар ҳар қадам ба назар мерасад. Барои мисол дар пойтахти Русия арчаи солинавӣ чанде пеш гузошта шуд ва симои Маскав комилан тағйир ёфтааст.
Тоҷикистон низ имсол ба таҷлили соли нави мелодӣ омодагӣ гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон имсол эълон доштанд, ки ба далели паҳншавии вируси корона дар кишвар тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ дар кишвар манъ мебошад.
Ҷашни Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони Шуравӣ ба мерос мондааст ва 1-уми январ ба унвони оғози Соли нав пазируфта шудааст. Вале пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ва ба хусус таҳкими ҷойгоҳи ҷашнҳои миллӣ, пешниҳодҳое низ ҷой доранд, ки ҷашни Соли нав таҷдиди назар шавад.
Аксари мардум ҳамакнун Наврӯзро, ки ба 21 март рост меояд, ҷашни муҳим ва оғози сол арзёбӣ мекунанд. Мақомот низ дар чанд соли ахир бештар ба таҷлили ин иди ниёгон таваҷҷӯҳ нишон медиҳад.
Рамзҳои соли нави мелодӣ дар кӯчаи Тарас Шевченкои, Маскав наздикии меҳмонхонаи Украина
Дар соли 2020 қоидаи суҳбат бо Бобои барфӣ иваз шуд. Дар шаҳри Олборги Дания Бобои барфӣ дар курраи шишагин нишаста бо кӯдакон суҳбат дорад
Тамошобини танҳо дар мағозаи туҳфаҳо дар Рим
Сокинони Сеул бо ниқобҳои ҳимоятӣ аз наздикии рамзҳои солинавӣ мегузаранд
Дар мағозаҳои Юнон шаъмҳо Бобои барфӣ бо ниқоби тиббӣ ба фурӯш гузошта шуд
Дар ҷопон Бобои барфӣ пеши моҳиҳо рафт
Зан дар Вена дар кӯча нишонаҳои солинавиро акс мегирад
Дар Ню-Йорк ҳам ба фарорасии соли нави мелодӣ омодагӣ гирифтанд. намоишҳои ҷолиб дар яке аз мағозаҳо
Новобаста аз паҳншавии вируси корона сокинони Венесуэло ба фарорасии соли нави мелодӣ хушҳолӣ мекунанд
Аксбардории як зан дар кӯчаи машҳури Лондон, Оксфорд стрит
Бозии кӯдакон дар Олмон бо барфи сунъӣ
Арчаи солинавӣ ва бозичаҳои гуногунранг марказҳои савдои Торонторо зебо карданд. Аммо бино бар маҳдудиятҳо ин зебоиҳоро на ҳама имкон доранд бубинанд.
Мард саҳначаи аҷиби солинавиро дар Порис аксбардорӣ дорад.
Ба далели паҳншавии вируси корона дар кӯчаву хиёбонҳои Сюрих мардумони кам ба назар мерасад
Дар Рио-де-Жанейро барои суҳбати кӯдакон бо Бобои барфӣ тарзи бисёр осон пайдо карданд. Кӯдакон бо Бобои барфӣ ба сурати маҷозӣ суҳбат мекунанд
Дар боғи Шоҳонаи шаҳри Мадрид метавон гаштугузорӣ солинавӣ кард
Бозичаи бузурги солинавӣ дар кӯчаи Тарас Шевченкои шаҳри Маскав
Афзун бар вакилони ду палатаи парлумони Тоҷикистон, дар толор фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон, зиёиён ва мақомдорони кишвар ширкат доштанд.
Президент ҳангоми баромад соҳаҳои гуногуни кишварро таҳлил карда, пешниҳодҳояшро гуфт.
Ӯ бештар аз дастовардҳои сол таъкид кард. Аз ҷумла президент қайд кард, ки даромади мардум дар соли 2020 назар ба соли 2019, 10 дарсад бештар шуд.
Президент сараввал аз муҳоҷират, ки дар соли 2020 таназзул кард ёдовар шуд. Ба гуфтаи президент, имсол 80 дарсади муҳоҷирон натавонистанд аз Тоҷикистон берун раванд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳукумати кишвар кӯшиш мекунад, то аҳолиро дар дохил бо кор таъмин кунад.
Дар идома кишвардор қайд кард, ки соҳаи чорвопарварӣ ва парандапарварӣ дар кишвар ду соли охир хело пеш рафтааст. Ӯ инро ба қонуни танзим ва додани имконот ба соҳибкорони ватанӣ рабт дод. Президент гуфт, танҳо ду сол пеш, 50 миллиарди кишвар барои хариди гӯшти мурғ ба берун мерафт. Аммо дар назар аст, баъди ду сол воридоти гӯшти мурғ барҳам дода шуда, ин талабот аз дохил таъмин карда шавад.
Президент аз рушди соҳаҳи кишоварзӣ низ изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ ёдрас шуд, ки соли 2021 мушкилтар мешавад ва барои ҳамин, деҳқонони ҷумҳуриро боз ҳам бояд дастгирӣ кард. Бинобар ин, президент пешниҳод кард, ки кишоварзон як сол аз андози замин озод карда шаванд.
"Илм-фурӯғи маърифат"- эълони озмуни нав дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон озмуни "Фурғӯи субҳи доноӣ китоб аст"-ро таҳлил кард ва пешниҳод кард, ки барои рушди фанҳои дақиқ низ як озмуни дигар эълон карда шавад. Ӯ ба соҳаҳои дахлдор вазифа дод, ки барои баргузории озмун маблағ ҷудо карда шавад ва сокинон ҳавасманд карда шаванд.
Кишвардор ёдрас шуд, ки дар Тоҷикистон феълан омори коронавирус ба сифр баробар аст. Ӯ таъкид кард, ки бояд фориғбол нашуд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя кард. Вай аз ифтитоҳ шудани масҷидҳо ёдрас шуд ва гуфт, парвозҳо низ барқарор хоҳанд шуд.
Сар аз соли таҳсили оянд стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳои тамоми муассисаҳои кишвар ба андозаи 30% зиёд карда хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш хабар дод, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми нафақа боло рафта, аз бархе гурӯҳҳо то 50 дарсад зиёд мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишоварзони Тоҷикистонро аз пардохти андози ягонаи замин барои як сол озод кард.
Президент аз мушкил омадани соли 2021 таъкид кард ва гуфт, дар саросари ҷаҳон дар ин сол нарасоии маводи озуқаворӣ ҳис хоҳад шуд.
Ӯ ёдрас шуд, қаблан низ борҳо таъкид мекард, ки бояд соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тақвият дода шавад.
Президент тавсиф кард, ки соли 2020 Тоҷикистон тавонист дар ин соҳа ба дастовардҳо ноил шавад.
"Имсол ҳам бояд дар бахши кишоварзӣ заҳмати зиёде кашид", - таъкид кард вай.
Ӯ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки барои пӯшонидани ин қисми буҷаи давлат чора андешад, зеро ин маблағи каме нест.
Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми яксолаи ин навъи андоз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҳангоми ироаи паёми солана дастур дод, ки Кодекси андози Тоҷикистон такмил дода шавад.
Президент мӯҳлат дод, ки то моҳи март Кодекси нави андоз омода гардад. Вай афзуд, ки дар кодекси нав ба дастгирии соҳибкорон диққати бештар дода шавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаашро ироа кард
Мақомдорони "аршад" дар сафи пеш ҷой гирифтанд
Дар толор ҳама бо ниқоб ҳузур доштанд
Дар сафи пеш - раисони вилоятҳо, прокурори генералӣ ва муовини сарвазир
Эмомалӣ Раҳмон паёми солонашро ироа кард
Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон
Президент пешниҳод кард, ки деҳқонон аз андоз озод шаванд
Раисҷумҳур хабар дод, ки ба наздикӣ парвозҳо барқарор мешаванд
Дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" мусобиқаи UFC 257 хотима ёфт. Мухлисон бесаброна интизори бозии ҷавобии байни размикори ирландӣ Конор Макгрегор ва амрикоӣ, Дастин Поре буданд.
Муборизаи Макгрегор бо Поре дар даври дуввум хотима ёфт.
Агар дар даври аввал ва аввали даври дуюм эҳсоси ғалабаи Макгрегор пайдо шуда бошад ҳам, пас дар ниҳоят вазъ тағйир ёфт.
Дастин омодагӣ мебинад ва ҳамлаҳои пайдарпайи худро оғоз мекунад. Ин Конорро ошуфта мекунад. Дар натиҷа, Поре дар чанд сония Макгрегорро нокаут мекунад.
Ҳамзамон мушоҳида мешавад, ки зарба он қадар шадид буд, ки бори дуввум Макгрегор хеста натавониста, чанд дақиқа дар рӯйи октагон дароз кашад.
Поре дар пайи пирӯзӣ қайд кард, ки ӯ ҳар рӯз барои натиҷа кор мекунад.
"Ман барои натиҷа бо тамоми ҳастиям талош мекунам. Конорро воқеан эҳтиром мекунам. Ӯ як мутахассиси воқеӣ аст, мумкин аст, ки мо боз ҳам мубориза барем",- гуфт, размикори амрикоӣ.
Ӯ гуфт, маҳорати хуби муштзанӣ дорад ва баъзан мисли дарранда мешаваду худро идора карда наметавонад.
Дастин Поре ва Конор Макгрегор ҳангоми чашмҷанг дар рӯзи 22 январ дар АМА
Дастин Поре, ҳангоми вазнкашӣ дар рӯзи 22 январ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дастин Поре ва Конор Макгрегор дар оғози сабқат
Майдондории Дастин Поре ва Конор Макгрегор
Дар даври аввал Конор Макгрегор чанд зарба ба Поре зад
Зӯрозмоии Дастин Поре ва Конор Макгрегор дар партер
Дастин Поре ҳангоми зарбазанӣ Конор Макгрегор
Идомаи ҳамлаи Дастин Поре ба Конор Макгрегор
Конор Макгрегорро дар нокаут
Дастин Поре баъди сабқат аз пирӯзӣ хурсандӣ дорад
Соли 1916 Манитоба аввалин музофоти Канада шуд, ки дар он ба занҳо ҳуқуқи интихоб дода шуд.
Соли 1935 дар бозии ниҳоии чемпионати Америкаи Ҷанубӣ оид ба футбол дастаи Уругвай дастаи Аргентинаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.
Соли 1948 дар Америка аввалин магнитофони ширкати "Wire Recording Corporation of America" ба фурӯш бароварда шуд, ки 149,5 доллар арзиш дошт.
Соли 1987 ИМА ва Муғулистон муносиботи дипломатӣ барқарор намуданд.
Соли 1990 забони беларусӣ забони давлатии Беларус эълон карда шуд.
Соли 1993 миёни Тоҷикистон ва Туркманистон муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.
Соли 2004 Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Тоҷикистон тағйири ном кард.
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба муносибати бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад: "Аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият давлатҳоямон мунтазам ба пурра сохтани мазмуни нави ҳамкории байнидавлатии худ бо ҳамгиройии фаъол дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш мекунанд".
Соли 2017 дар "Кохи Наврӯз" Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе китоби "Қазоқҳои Тоҷикистон"-и профессори кафедраи таъриху назарияи журналистика ва ВАО-и электронии Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Русия Абдусаттор Нуралиев рӯнамоӣ гардид.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни Ҳолокост.
Абдуқаҳҳори Қосим (1965)- шоир.
Валентина Виборнова (1927) - доктори илми фалсафа.
Fаффоралӣ Сафар (1950)- шоир.
Маҳмадқул Каримов (1964) - доктори илми химия, профессор.
Лучинский Пётр (1940)- арбоби ҳизбӣ. (солҳои 1986-1988 Котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон).
Саид Марофиев (1938) - муаррих, профессор.
Равшани Ёрмуҳаммад (1942) - нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Савриниссо Сабзаалиева (1948) - актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Сорбон (Облоқул Ҳамроев) (1940) - нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
Тсой Божелав (1945) - доктори илмҳои физикаю математика, профессор.
Усмонзода Хаймагул (1960)- шоира.