Зимистони афсонавӣ: барфи аввал дар Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон - гузориши аксӣ

296
(Таҷдидшуда 17:29 05.12.2020)
  • Баъзан манзараи зимистони монанди дарвоза ба дигар дунё аст
Барфи аввал – ин монанди як афсона аст. Дар гузориши аксӣ мо беҳтарин лаҳзаҳои зимистонро аз тамоми ҷаҳон ҷамоварӣ кардем

Як ҳафта аст, ки дар саросари олам фасли зимистон фаро расидааст.

Барфи аввал аллакай дар тамоми кишварҳои ҷаҳон борид.

Зимистон фаро расид, аммо барқ нест: таъмири “Барқи тоҷик” кай ба анҷом мерасад?

Дар Афғонистон – ин лаҳзаи бозиву хурсандии кӯдакон аст. Дар Тоҷикистон ин афсона камтар аз ду соат давом кард.

Вале дар Владивостоки Русия ба ҷои барф борон аз ях борид.

Дар гузориши аксӣ Sputnik Тоҷикистон беҳтарин лаҳзаҳои зимистонро ҷамъ намуда пешкаши шумо мегардонад.

296
  • Баъзан манзараи зимистони монанди дарвоза ба дигар дунё аст
    © Sputnik / Амир Исаев

    Баъзан манзараи зимистони монанди дарвоза ба дигар дунё аст.

  • © Sputnik / Pavel Bednyakov

    Духтараке дар Майдони сурхи Маскав .

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Шодии кӯдакони афғон аз боридани барф.

  • © REUTERS / Russell Cheyne

    Меҳмонхонаи Atholl Palace дар шаҳри Пилохри Шотландия .

  • Michael Probst

    Манзараи зимистон дар Франкфурти Олмон.

  • © AFP 2020 / Tauseef Mustafa

    Бориши барф дар Ҳиндустон.

  • © REUTERS / Arnd Wiegmann

    Барфбозии сокинони Швейтсария.

  • © REUTERS / Mohammad Ismail

    Велосипедрони афғон дар фасли зимистон.

  • © AFP 2020 / Barbara Gindl / APA

    Бориши барфи зиёд дар Залзбурги Австрия.

  • © AFP 2020 / Vincenzo Pinto

    Симои барфии деҳаи Сасселло дар Лигурии Итолиё.

  • © Sputnik / Elena Shcherbakova

    Ин ҳам кӯчаҳои пур аз барфи Норилски Русия.

  • © Sputnik / Alexandr Kryazhev

    Ин акс аз Новосибирски Русия .

  • © AP / Peter Byrne / PA

    Гусфанди танҳо яке аз адирҳои Шимоли Йошқарола.

  • © AFP 2020 / Michal Cizek

    Пули Карлов дар субҳи саҳар Прага, Чехия .

  • © REUTERS / Spasiyana Sergieva

    Велосипедрон дар кӯчаҳои пур аз барфи Софися Болгария.

  • © REUTERS / Anton Vaganov

    Майдони назди Смолний баъд аз бориши барф дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия.

Барчаспҳо:
барфи аввал, барф, зимистон, акс

Дӯстдори марворид: нахустин зан дар маснади ноиби президенти ИМА-Камала Харрис - аксҳо

62
(Таҷдидшуда 14:05 18.01.2021)
Ҷо Байден президенти куҳансолтарини ИМА ва Камала Харрис нахустин зани сиёҳпӯст ва осиёгӣ дар маснади ноиби президент мебошад

Камала Ҳаррис 20 октябри соли 1964 дар Калифорния таваллуд шудааст. Падару модари ӯ муҳоҷиранд. Модараш Шямал Гопалан, олим, зодаи Ҳиндустон ва падараш Доналд Ҳаррис, профессори иқтисод, аслан аз Ямайка.

Харрис Донишгоҳи Ҳовардро хатм карда, пас JD-ро қабул кард.

Фаъолияти корӣ

Тамоми ҳаёт Камала дар соҳаи ҳуқуқ кор кардааст, ёвари прокурор буд.

Дар соли 2003, прокурори ноҳияи Сан-Франсиско интихоб шуд ва дар ин вазифа то 2011 кор кард.

Сипас прокурори генералии Калифорния интихоб шуд, ки ин вазифаро ду давра - то соли 2017 ишғол кард.

Дар соли 2017, вай аввалин сенатори сиёҳпӯсти ИМА аз Калифорния шуд. Дар соли аввали кориаш, онҳо ӯро "ситораи бархоста" аз Ҳизби Демократ номиданд ва ҳатто ҳадс мезаданд, ки вай метавонад дар интихоботи оянда номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карда шавад.

Дидгоҳҳои сиёсӣ

Дар сиёсати хориҷӣ, принсипҳои асосии Харис бо принсипҳои Ҷо Байден яксонанд.

Вай чунин мешуморад, ки мавзӯи ҳифзи ҳуқуқи инсон бояд ҷанбаи муҳими сиёсати хориҷии ИМА бошад. Режимҳои ҳукуматӣ дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла Русияро танқид мекунад ва инчунин яке аз муҳимтарин таҳдидҳо ба амнияти ИМА "дахолати Русия ба интихоботи Амрико" мебошад.

Инчунин ҷонибдорони "муҳофизати технологияи амрикоӣ" аз Русия, Чин ва Эрон аст.

Камала Харрис дӯстдори марворид буда, аз ин навъи ороишот бисёр истифода мекунад.

62
  • © AFP 2020 / Justin Sullivan/Getty Images

    Номзад ба маснади ноиби президенти ИМА аз ҷониби демократҳо - Камала Харрис дар Лос-Анҷелес.

  • © AP / Eric Charbonneau/Invision

    Камала Харрис дар Showtime's 2012 "EMMYEVE" дар Калифорния.

  • © AP / Jason Redmond

    Номзад ба маснади ноиби президенти ИМА аз ҷониби демократҳо - Камала Харрис дар Лос-Анҷелес.

  • © AP / Wilfredo Lee

    Номзад ба маснади ноиби президенти ИМА аз ҷониби демократҳо - Камала Харрис бо ҷонибдоронаш дар Майямӣ.

  • © AFP 2020 / Alberto E. Rodriguez/Getty Images for NAACP Image Awards

    Ҳуқуқшиноси амрикоӣ Камала Харрис дар 45-умин NAACP Image Awardsдар Пасадина.

  • © AP / Marcio Jose Sanchez

    Ҳуқуқшиноси амрикоӣ Камала Харрис зимни наворбардорӣ дар Сан-Франсиско.

  • © AFP 2020 / Pascal Le Segretain/Getty Images

    Ҳуқуқшиноси амрикоӣ Камала Харрис соли 2015 дар маросими Vanity Fair Oscar Party дар Калифорния.

  • © AP / Damian Dovarganes

    Ҳуқуқшиноси амрикоӣ Камала Харрис дар Калифорния дар макони истеҳсоли нафт.

  • © AFP 2020 / Andrew Harnik-Pool/Getty Images

    Президенти интихобшудаи ИМА Ҷо Байден ва ноиби президент Камала Харрис зимни суханронӣ дар назди халқ дар Уилмингтон.

  • © AFP 2020 / Kevork Djansezian/Getty Images

    Камала Харрис зимни суханронӣ дар консенсияи ҳизби Демократии ИМА дар Каролинаи Шимолӣ.

  • © AP / Gary Kazanjian

    Номзад ба маснади ноиби президентии ИМА аз ҳизби Демократҳо Камала Харрис дар макони сӯхтор дар Оберри.

  • © AP / Elise Amendola

    Номзад ба маснади ноиби президентии ИМА аз ҳизби Демократҳо Камала Харрис дар иҳотаи барф.

Барчаспҳо:
президент, ноиби аввал, ИМА

Даҳ зеботарин шаҳри хурди ҷаҳон аз нигоҳи Small Cities Index

355
(Таҷдидшуда 15:27 15.01.2021)
Small Cities Index, ки қаблан 10 шаҳри калонтарини дунёро нашр карда буд, ин бор 10 шаҳраки хурди зеборо низ пешниҳод кард

Ин нашри ҷадид 10 шаҳраки зебои хурди ҷаҳонро пешкаш мегардонад, ки дорои тамаддуну фарҳанг, таърих ва инфрасохтори қадимаву боарзиш мебошанд.

Гузоришгарон гуфтаанд, ки давоми соли 2020 бисёре аз сокинони шаҳрҳои калон дар бораи зиндагӣ дар ҷойҳои оромтаре фикр карданд, ки фазо барои ҳаракат кардан ва ҳавои тоза барои нафасгирӣ доранд.

Ба гуфтаи онҳо дар нашри нав, шаҳрҳои бо ҳам алоқамандро интихоб кардаанд, ки имкониятҳои калони тиҷоратӣ, фарҳанги истиқболӣ ва дастрасӣ ба табиатро фароҳам меоранд.

Мо инчунин бо шаҳрвандоне вохӯрдем, ки аллакай дар ин ҷойҳо зиндагӣ ва обод карда истодаанд, гуфтаанд таҳиягунандагони гузориш. 

Яке аз ҷанбаҳои зиндагии шаҳрҳои хурд, ки мо мехоҳем онро таъкид кунем, ин аст, ки ҷойгоҳ вақте беҳтарин кор мекунад, ки пешвоёни шаҳрвандии он бо мардумаш сахт алоқаманд бошанд.

Ба навиштаи онҳо зиндагӣ дар шаҳрҳои хурдтар осонтар аз шаҳрҳои бузург аст, зеро шаҳрдорон бо мардум ҳамеша дар ҳамбастагиянд ва тағйироту расидагӣ ба мушкилиҳо тез ба амал меояд.

355
  • © Sputnik / Vitaliy Belousov

    Порто-шаҳрест дар соҳили шимолу ғарби Португалия, ки дорои пулҳои бошукӯҳ ва заводҳои винои бандарӣ мебошад.
    Ноҳияи асримиёнагии Рибейра (аз португалӣ тарҷумаи "соҳили дарё") бо кӯчаҳои сангфарши худ бо қаҳвахонаҳо ва хонаҳои тоҷирон машҳур аст.

  • © CC BY-SA 3.0 / Mauro Mazzio

    Болтсано шаҳрест дар музофоти Тироли Ҷанубӣ дар шимоли Италия. Он дар пойгоҳи Доломитҳо, дар водии зебоманзар дар байни токзорҳои кӯҳӣ ҷойгир аст.

  • Итошима шаҳрест дар Ҷопон, ки дар префектураи Фукуока ҷойгир аст.

  • Лютсерн- як шаҳраки хурди Швейтсария дар соҳили кӯли ҳамном бо иҳотаи кӯҳҳои барфпӯш ҷойгир аст. Он бо ёдгориҳои хуби меъмории асрҳои миёна шинохта шудааст.
    Алтстадти рангин (Шаҳри кӯҳна) дар шимол бо девори қалъаи Муссегг, ки дар асри 14 бунёд ёфтааст, дарозиаш 870 метр аст.

  • © Foto Pixabay/Nextvoyage

    Берген-дуввумин шаҳри бузурги Норвегия, пойтахти Хордаланд ва калонтарин шаҳри Норвегияи Ғарбӣ мебошад. Он дар ғарби кишвар, соҳили баҳри Шимолӣ дар минтақаи Мидторланд ҷойгир аст. Соҳили асримиёнагии Берген яке аз ҷойҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад. Дар соли 2000, Берген пойтахти фарҳангии Аврупо эълон шуда буд.

  • © Depositphotos / A1804

    Олборг- шаҳрест дар Дания, дар маркази Ютландияи Шимолӣ. Шумораи аҳолияш 104,885 нафар. Мавқеи ҷуғрофии он дар Лимфёрд шаҳрро дар бандари муҳим дар асрҳои миёна ва баъдтар ба маркази саноатӣ табдил дод.

  • © Sputnik / Alexey Vitvitsky

    Базел-шаҳрест дар соҳили дарёи Рейн, дар шимолу ғарби Швейтсария, дар наздикии марз бо Фаронса ва Олмон.
    Дили шаҳри қадимаи асримиёнагӣ майдони бозор аст, ки дар болои он толори шаҳраки санги сурхи асри 16 баланд мешавад.

  • Виктория-шаҳрест дар ғарби дури Канада, маркази вилояти Колумбияи Бритониё. Дар канори ҷанубу шарқии ҷазираи Ванкувер ҷойгир аст.

  • Лёвен, дар адабиёти русизабон бо номи фаронсавии Лувен низ паҳн шудааст, ки яке аз марказҳои донишгоҳии Белгия, шаҳри асосии музофоти Фламандияи Брабант мебошад.

Сотрудники милиции

Пулис ду сокини Хатлонро дар Душанбе барои ташкили "алик-малик" боздошту ҳабс кард

0
(Таҷдидшуда 14:05 18.01.2021)
Ин ду ҷавони боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт ва ҷазо дода шуданд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳафтаи гузашта кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе назди бозорҳо ва ҳамчунин дар кӯчаҳо рейдҳо роҳандозӣ намуданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис асосан қиморбозонро дастгир мекарданд.

Рейд: боздошти гургҳои қиморбози "алик-малик" дар Душанбе

Ҳамин тариқ, РВУД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавони 26 ва 27 - сола хабар медиҳад, ки яке сокини шаҳри Кӯлоб ва дигаре сокини ноҳияи Фархор мебошанд.

"Ҳомидов Хуршед ва Юнусов Самандар, ки дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ ба бозии "алик-малик" машғул буданд, дастгир шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ки ҳар ду боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт шуда буданд.

Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

0
Барчаспҳо:
ҷилавгирӣ аз фаъолияти қиморхонаҳо, боздошт, Душанбе