Пандемия ҳаёти муқаррарии тамоми сокинони рӯи заминро тағйир дод. Ба ҷои сайругашт дар кӯчаҳо, шинакҳо бо дӯстон ва ба театру синамову ресторан рафтан, одамон бештар дар хона менишинанд.
Дар Теҳрон як артисти кӯчагӣ бо номи Муҳаммад мақсад гузошт, ки дар ин замони машкил ба мардум болидахотирӣ мебахшад.
Қариб ки ҳар рӯз ин мард худро рангу бор кардаву либоси қаҳрамони филми Ҷокерро, ки нақши қаҳрамони асосиро Хоакин Феникс бозидааст, ба бар карда, ба кӯча мебарояд.
Дар ҳамин ҳол, артист мардумро наметарсонад ва баръакс, кӯшиш мекунад, то онҳоро хандонидаву дар замони пандемия заррае барояшон хушбахтӣ бахшад.
Ҷокери эрониро аз гузориши аксии мо тамошо кунед.
Муҳаммад, артисти кӯчагии эронӣ, либоси Ҷокерро ба бар карда бо дигар аъзоёни труппаи театр мардумро хушҳол мекунад
Акси Хоакин Феникс дар нақши Ҷокера дар экрани смартфони ҳунарманди эронӣ Муҳаммад
Мохаммад, иранский уличный артист, в костюме Джокера развлекает детей
Муҳаммад, артисти кӯчагии эронӣ дар либоси Ҷокер кӯдаконро саргарм мекунад
Ҳунарманди кӯчагии эронӣ Муҳаммад
Духтарони эрони бо Ҷокери нав акс мегиранд
Ҷокери эронӣ дар роҳи мошингузар
Муҳаммад бо либоси Ҷокер ва дӯсташ Фардин, ки нақши масхарабозро мебошад, ҳунарнамоӣ мекунанд
Муҳаммад аз худ Ҷокер мекашад
Муҳамад ҳунарманди кӯчагии эронӣ дар либоси Ҷокер
Боғи ҳайвоноти Маскав - яке аз қадимтарин боғи ҳайвонот (1864) дар Аврупо ва панҷумин боғи ҳайвонот дар Русия пас аз боғҳои ҳайвоноти Ярославл, Ростови лаби Дон, Новосибирск ва Красноярск аст. Яке аз даҳ боғи ҳайвоноти машҳури ҷаҳон, ки ҳамасола миллионҳо сайёҳ аз он дидан мекунанд (то 3,8 миллион нафар дар як сол).
Боғ дорои 1267 намуди ҳайвонот аст ва шумораи онҳо ба 10531 баробар мебошад.
Аз соли 2017 то 2019, дар қаламрави Боғи ҳайвонот таҷдиди ҳамаҷониба гузаронида шуд, ки дар натиҷа кори муассиса ба меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳайвонот мутобиқ карда шуд.
Аз ҷумла, дар минтақаи тамос паноҳгоҳҳои махсус сохта шуданд, ки дар онҳо ҳайвонҳо метавонанд то вақте ки мехоҳанд бимонанд ва бар хилофи иродаи худ ба назди меҳмонон нараванд.
24 майи соли 2019, дар доираи барномаи аврупоии ҳифзи саршумори гургон як гурги нодир, ки ба Китоби Сурх шомил шудааст, аз Олмон ба Боғи ҳайвоноти Маскав оварда шуд.
Дар бораи дигар ҳайвоноти нодири ин боғ аз гузори аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.
Пандаи азим дар Боғи ҳайвоноти Маскав
Сиёҳгӯши авруосиёӣ дар қафас дар Боғи ваҳши Маскав
Макаки ҷопонӣ дар Боғи ваҳши Маскав
Гурбаи даштӣ дар қафар. Боғи ваҳши Маскав
Саги обии оддӣ дар қафар. Боғи ваҳши Маскав
Сиёҳгӯши авруосиёӣ дар қафас. Боғи ваҳши Маскав
Уштури бохтарӣ дар рӯзи сарди зимистон дар боғи ваҳши Маскав
Хуки обии шимолӣ дар боғи ваҳши Маскав
Горги ёлдор дар қафаси Боғи ваҳши Маскав
Қӯтоси хонагӣ бо гӯсолааш дар қафаси Боғи ваҳши Маскав
Шери мода дар Боғи ваҳши Маскав
Пандаи азим дар Боғи ваҳши Маскав
Гурги қутбӣ. Боғи ваҳши Маскав дар зимистон
Гурбаи анбӯӣ дар қафаси Боғи ваҳши Маскав
Пуэрта-де-Толеда - яке аз кӯчаҳои Мадридро таркиши сахт ларзонд.
Бар тибқи баъзе маълумотҳо, таркиш дар биное рух додааст, ки он ҷо пиронсолон ба сар мебаранд. Вале баъзе расонаҳо хабар додаанд, ки таркиш дар меҳмонхона рух додааст.
Таркиш ва бераҳмӣ: воқеъияти тазоҳуроти Белорус - гузориши аксӣ
Омили сар задани таркиш, ихроҷи газ арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки чор ошёнаи бино комилан хароб шуданд.
Дар натиҷа, шикастпораҳо тамоми маркази Мадридро фаро гирифтанд.
Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест. Аммо таъкид мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чандин нафар ҷон аз даст дода, чанди дигар сахт ҷароҳатдор шуданд.
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди наҷотбахшону кормандони тиб қарор доранд.
Феълан макони асосии сар задани таркиш маълум нашудааст
Бар тибқи баъзе маълумотҳо, таркиш дар биное рух додааст, ки он ҷо пиронсолон ба сар мебаранд
Вале баъзе расонаҳо хабар додаанд, ки таркиш дар меҳмонхона рух додааст
Омили сар задани таркиш ихроҷи газ арзёбӣ мешавад
Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки чор ошёнаи бино комилан хароб шуданд
Дар натиҷа, шикастпораҳо тамоми маркази Мадридро фаро гирифтанд
Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест
Аммо таъкид мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чандин нафар ҷон аз даст доданд
Сафи ҷароҳатбардоштагон низ кам нест
Дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди наҷотбахшону кормандони тиб қарор доранд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ирек Файзуллин, вазири сохтмон ва хоҷагии манзили Русия иттилоъ дод, ки Ҳукумат ба ҷалби муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия дар сохтмонҳо иҷозат дода, низоми вурудро тасвиб кард.
Вазир дар мулоқот бо бахши соҳибкорӣ дар Палатаи савдо ва саноат тавзеҳ дод, ки тасмими вуруди муҳоҷирон барои кор дар сохтмонҳои Русия бо усули “идораи дастӣ” сурат хоҳад гирифт.
“Комиссия бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия аллакай ташкил карда шуд. Мо ин равандро бо идораи дастӣ роҳандозӣ кардем”, - гуфт Файзуллин.
Ӯ таъкид кард, ки ширкатҳои бузурги сохтмонӣ ва мақомоти маҳаллӣ бояд дархост барои вуруди теъдоди муайяни муҳоҷиронро таҳия кунанд. Феълан раванди мувофиқакунӣ ҳудуди се ҳафтаро дар бар мегирад.
Файзуллин инчунин илова намуд, ки баъди кушода шудани марзҳо низоми вуруди муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ бозбинӣ хоҳад шуд.
Ин тасмим дар ҳолест, ки қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба кабинаи вазирон дастур дод, ки ба масъалаи сода кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо расидагӣ кунад.