Бо поёнёбии ҳар сол тамоми ширкатҳои радабандикунандаи ҷаҳонӣ, гузоришҳову рейтингоҳои худро бо натиҷагириҳо нашр мекунанд.
Сомонаи фароғатии TC Candler низ рейтинги солонаи Top 100 зеботарин чеҳраи худро нашр кард.
Ин сомона сар аз соли 1990 инҷониб, рейтинги зеботарин чеҳраи сол миёни мардон ва занонро нашр мекунад.
Радабандӣ на танҳо моделҳои касбӣ, балки ҳунарпешагон, овозхонҳо, блогерҳоро низ дар бар мегирад. Дар ин рӯйхат ҳам тарроҳон ва ҳам варзишгарон низ ҳастанд.
Бино ба гуфти таҳиякунандагони радабандӣ, тартиб додани чунин рӯйхат як раванди хеле тӯлонӣ ва печида аст.
Ба гуфтаи созандагони ин тарҳ, барои дақиқ муайян кардани 100 чеҳраи зеботарин онҳоро зарур аст, миёни ҳазорон нафар баргузидатаринҳояшонро интихоб кунанд.
Гуфта мешавад, пас аз ташкили рӯйхат ғолибон эълон ва дар як навори махсус нишон дода мешаванд.
Модели олмонӣ-амрикоӣ Жасмин Сандерс
Ҳунарманди Кореяи Ҷанубӣ Ли Мин Хо дар Гонконг
Овозхони ҷопонӣ Нана Окада
Ҳунарманди Уэлс Люк Эванс
Ҳунарпешаи эронӣ Тарлан Парвонеҳ дар ҷашнвораи Фаҷр
Ҳунарпешаи испанӣ-бритониёӣ Милли Бобби Браун
Овозхони ветнамӣ Но Фуок Тхин
Ҳунарпеша Ева Грин дар қолини сурх дар ҷашнвораи байналмилалии Канн
Ҳунарпешаи чинӣ Ни Ни
Модел Тони Махфуд
Модел Белла Ҳадид
Овозхони Кореяи Ҷанубӣ Ҷонгук аз гуруҳи BTS
Модели бразилӣ Лума Грот
Раққоси рус Глеб Савченко
Овозхони руминӣ Антония Якобеску
Теннисбози касбии Италия Фабио Фогнини
Ҳунарпешаи мисрӣ Ясмин Сабрӣ
Ҳунарпешаи турк Фахрийе Эвҷе дар ҷашнвораи Канн
Афзун бар вакилони ду палатаи парлумони Тоҷикистон, дар толор фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон, зиёиён ва мақомдорони кишвар ширкат доштанд.
Президент ҳангоми баромад соҳаҳои гуногуни кишварро таҳлил карда, пешниҳодҳояшро гуфт.
Ӯ бештар аз дастовардҳои сол таъкид кард. Аз ҷумла президент қайд кард, ки даромади мардум дар соли 2020 назар ба соли 2019, 10 дарсад бештар шуд.
Президент сараввал аз муҳоҷират, ки дар соли 2020 таназзул кард ёдовар шуд. Ба гуфтаи президент, имсол 80 дарсади муҳоҷирон натавонистанд аз Тоҷикистон берун раванд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳукумати кишвар кӯшиш мекунад, то аҳолиро дар дохил бо кор таъмин кунад.
Дар идома кишвардор қайд кард, ки соҳаи чорвопарварӣ ва парандапарварӣ дар кишвар ду соли охир хело пеш рафтааст. Ӯ инро ба қонуни танзим ва додани имконот ба соҳибкорони ватанӣ рабт дод. Президент гуфт, танҳо ду сол пеш, 50 миллиарди кишвар барои хариди гӯшти мурғ ба берун мерафт. Аммо дар назар аст, баъди ду сол воридоти гӯшти мурғ барҳам дода шуда, ин талабот аз дохил таъмин карда шавад.
Президент аз рушди соҳаҳи кишоварзӣ низ изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ ёдрас шуд, ки соли 2021 мушкилтар мешавад ва барои ҳамин, деҳқонони ҷумҳуриро боз ҳам бояд дастгирӣ кард. Бинобар ин, президент пешниҳод кард, ки кишоварзон як сол аз андози замин озод карда шаванд.
"Илм-фурӯғи маърифат"- эълони озмуни нав дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон озмуни "Фурғӯи субҳи доноӣ китоб аст"-ро таҳлил кард ва пешниҳод кард, ки барои рушди фанҳои дақиқ низ як озмуни дигар эълон карда шавад. Ӯ ба соҳаҳои дахлдор вазифа дод, ки барои баргузории озмун маблағ ҷудо карда шавад ва сокинон ҳавасманд карда шаванд.
Кишвардор ёдрас шуд, ки дар Тоҷикистон феълан омори коронавирус ба сифр баробар аст. Ӯ таъкид кард, ки бояд фориғбол нашуд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя кард. Вай аз ифтитоҳ шудани масҷидҳо ёдрас шуд ва гуфт, парвозҳо низ барқарор хоҳанд шуд.
Сар аз соли таҳсили оянд стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳои тамоми муассисаҳои кишвар ба андозаи 30% зиёд карда хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш хабар дод, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми нафақа боло рафта, аз бархе гурӯҳҳо то 50 дарсад зиёд мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишоварзони Тоҷикистонро аз пардохти андози ягонаи замин барои як сол озод кард.
Президент аз мушкил омадани соли 2021 таъкид кард ва гуфт, дар саросари ҷаҳон дар ин сол нарасоии маводи озуқаворӣ ҳис хоҳад шуд.
Ӯ ёдрас шуд, қаблан низ борҳо таъкид мекард, ки бояд соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тақвият дода шавад.
Президент тавсиф кард, ки соли 2020 Тоҷикистон тавонист дар ин соҳа ба дастовардҳо ноил шавад.
"Имсол ҳам бояд дар бахши кишоварзӣ заҳмати зиёде кашид", - таъкид кард вай.
Ӯ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки барои пӯшонидани ин қисми буҷаи давлат чора андешад, зеро ин маблағи каме нест.
Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми яксолаи ин навъи андоз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҳангоми ироаи паёми солана дастур дод, ки Кодекси андози Тоҷикистон такмил дода шавад.
Президент мӯҳлат дод, ки то моҳи март Кодекси нави андоз омода гардад. Вай афзуд, ки дар кодекси нав ба дастгирии соҳибкорон диққати бештар дода шавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаашро ироа кард
Мақомдорони "аршад" дар сафи пеш ҷой гирифтанд
Дар толор ҳама бо ниқоб ҳузур доштанд
Дар сафи пеш - раисони вилоятҳо, прокурори генералӣ ва муовини сарвазир
Эмомалӣ Раҳмон паёми солонашро ироа кард
Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон
Президент пешниҳод кард, ки деҳқонон аз андоз озод шаванд
Раисҷумҳур хабар дод, ки ба наздикӣ парвозҳо барқарор мешаванд
Дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" мусобиқаи UFC 257 хотима ёфт. Мухлисон бесаброна интизори бозии ҷавобии байни размикори ирландӣ Конор Макгрегор ва амрикоӣ, Дастин Поре буданд.
Муборизаи Макгрегор бо Поре дар даври дуввум хотима ёфт.
Агар дар даври аввал ва аввали даври дуюм эҳсоси ғалабаи Макгрегор пайдо шуда бошад ҳам, пас дар ниҳоят вазъ тағйир ёфт.
Дастин омодагӣ мебинад ва ҳамлаҳои пайдарпайи худро оғоз мекунад. Ин Конорро ошуфта мекунад. Дар натиҷа, Поре дар чанд сония Макгрегорро нокаут мекунад.
Ҳамзамон мушоҳида мешавад, ки зарба он қадар шадид буд, ки бори дуввум Макгрегор хеста натавониста, чанд дақиқа дар рӯйи октагон дароз кашад.
Поре дар пайи пирӯзӣ қайд кард, ки ӯ ҳар рӯз барои натиҷа кор мекунад.
"Ман барои натиҷа бо тамоми ҳастиям талош мекунам. Конорро воқеан эҳтиром мекунам. Ӯ як мутахассиси воқеӣ аст, мумкин аст, ки мо боз ҳам мубориза барем",- гуфт, размикори амрикоӣ.
Ӯ гуфт, маҳорати хуби муштзанӣ дорад ва баъзан мисли дарранда мешаваду худро идора карда наметавонад.
Дастин Поре ва Конор Макгрегор ҳангоми чашмҷанг дар рӯзи 22 январ дар АМА
Дастин Поре, ҳангоми вазнкашӣ дар рӯзи 22 январ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дастин Поре ва Конор Макгрегор дар оғози сабқат
Майдондории Дастин Поре ва Конор Макгрегор
Дар даври аввал Конор Макгрегор чанд зарба ба Поре зад
Зӯрозмоии Дастин Поре ва Конор Макгрегор дар партер
Дастин Поре ҳангоми зарбазанӣ Конор Макгрегор
Идомаи ҳамлаи Дастин Поре ба Конор Макгрегор
Конор Макгрегорро дар нокаут
Дастин Поре баъди сабқат аз пирӯзӣ хурсандӣ дорад
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тавре Қоҳир Расулзода дар Маҷлиси васеи Ҳукумат тавзеҳ дод, таваррум дар соли 2020 назар ба соли 2010 ба 1,4 фоиз зиёд гардид.
Сарвазири кишвар афзоиши беқурбшавии пули миллиро ба баландшавии нархи маҳсулот дар бозорҳо рабт додааст.
"Дар ин давра сатҳи таваррум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13 фоиз, молҳои ғайриозуқа 5,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 4 фоиз ташаккул ёфтааст", - менависад аз қавли сарвазир дафтари матбуоти президент.
Расулзода афзуд, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа ва дигар монеаҳои мавҷудаи марбут ба пандемияи КОВИД-19,ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид.
Ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд.
Дар Тоҷикистон таварруми солона ба сатҳи рекордӣ расид
Бо вуҷуди ин, дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 - 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз коҳиш ёфт.