Дидори Муштарӣ ва Зуҳал: ду сайёра баъди 800 сол ба ҳам наздик шуданд - акс

240
(Таҷдидшуда 18:19 23.12.2020)
Ҳамроҳшавии бузурги сайёраҳои Зуҳал ва Муштарӣ дар тӯли тақрибан 800 соли охир бори аввал ба ҳам наздик шуданд.

Шаби 21 ба 22 декабр Замин шоҳиди як падидаи беназири астрономӣ буд.

Дар қисматҳои гуногуни сайёра, одамон аз тамоми ҷаҳон имкон доштанд, ки вохӯрии Зуҳал ва Муштариро мушоҳида кунанд.

Ду сайёраи бузурги аз 17 декабр ба якдигар наздик мешуданд ва танҳо акнун онҳо ба дараҷае наздиканд, ки ба як сайёра монанд шуданд.

Наздикшавии сайёраҳои калонтарини системаи офтобии мо тақрибан дар 20 сол як маротиба ба амал меояд. Аммо танҳо ҳоло онҳо тақрибан якҷоя шуданд.

Бори охир чунин масофаи хурд байни Зуҳал ва Муштарӣ  соли 1226 сабт шуда буд. Тахминан, сайёраҳо баҳори соли 2080 ба ҳамдигар наздик мешаванд, аммо масофа аз як ситора ба ситораи дигар хеле зиёдтар хоҳад буд.

Офтобгирии чанд лаҳзаина ҳамаро дар ҳайрат гузошт - акс

Якҷояшавии кунунӣ ба маротиб аҷибтар шуд, зеро моҳи декабр онҳо хеле дурахшон шуданд. Баъзе аз сокинони Замин тавонистанд ҳодисаи таърихиро тавассути смартфонҳо сабт кунанд.

240
  • © AP / Charlie Riedel

    Баҳамоии Муштарӣ ва Зуҳал дар фазои иёлати Канзас

  • © REUTERS / Jose Luis Gonzalez

    Мушоҳида баҳамоии Муштарӣ ва Зуҳал дар Мексика

  • © AFP 2020 / Dibyangshu Sarkar

    Мушоҳидаи пайвастшавии Муштарӣ ва Зуҳал дар Ҳиндустон

  • © REUTERS / Callaghan O'Hare

    Мушоҳидаи пайвастшавии Муштарӣ ва Зуҳал дар ИМА

  • © AP / Charlie Riedel

    Юпитер и Сатурн на фоне статуи в штате Канзас

  • © AFP 2020 / Yasser Al-Zayyat

    Мушоҳидаи пайвастшавии Муштарӣ ва Зуҳал дар Қувайт

  • © AFP 2020 / Justin Sullivan/Getty Images

    Пайвастшавии Муштарӣ ва Зуҳал дар Калифорния

  • © REUTERS / Jose Luis Gonzalez

    Мушоҳидаи пайвастшавии Муштарӣ ва Зуҳал дар Мексика

Мадрид пас аз таркиши мудҳиш: аксҳои даҳшатбор аз ҷойи ҳодиса

200
  • Феълан макони асосии сар задани таркиш маълум нашудааст
  • Бар тибқи баъзе маълумотҳо, таркиш дар биное рух додааст, ки он ҷо пиронсолон ба сар мебаранд
  • Вале баъзе расонаҳо хабар додаанд, ки таркиш дар меҳмонхона рух додааст
  • Омили сар задани таркиш ихроҷи газ арзёбӣ мешавад
  • Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки чор ошёнаи бино комилан хароб шуданд
  • Дар натиҷа, шикастпораҳо тамоми маркази Мадридро фаро гирифтанд
  • Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест
  • Аммо таъкид мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чандин нафар ҷон аз даст доданд
  • Сафи ҷароҳатбардоштагон низ кам нест
  • Дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди наҷотбахшону кормандони тиб қарор доранд
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса кормандони тиб ва наҷотбахшон қарор доранд. Шумораи ҷонбохтагон ва захмиён маълум мешавад

Пуэрта-де-Толеда - яке аз кӯчаҳои Мадридро таркиши сахт ларзонд.

Сотрудник МЧС во время учений, архивное фото
© Sputnik / Григорий Сысоев

Бар тибқи баъзе маълумотҳо, таркиш дар биное рух додааст, ки он ҷо пиронсолон ба сар мебаранд. Вале баъзе расонаҳо хабар додаанд, ки таркиш дар меҳмонхона рух додааст.

Таркиш ва бераҳмӣ: воқеъияти тазоҳуроти Белорус - гузориши аксӣ

 Омили сар задани таркиш, ихроҷи газ арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки чор ошёнаи бино комилан хароб шуданд. 

Дар натиҷа, шикастпораҳо тамоми маркази Мадридро фаро гирифтанд.

Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест. Аммо таъкид мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чандин нафар ҷон аз даст дода, чанди дигар сахт ҷароҳатдор шуданд.

Ҳоло дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди наҷотбахшону кормандони тиб қарор доранд.

200
  • Феълан макони асосии сар задани таркиш маълум нашудааст
    © AFP 2020

    Феълан макони асосии сар задани таркиш маълум нашудааст

  • Бар тибқи баъзе маълумотҳо, таркиш дар биное рух додааст, ки он ҷо пиронсолон ба сар мебаранд
    © AFP 2020 / GABRIEL BOUYS

    Бар тибқи баъзе маълумотҳо, таркиш дар биное рух додааст, ки он ҷо пиронсолон ба сар мебаранд

  • Вале баъзе расонаҳо хабар додаанд, ки таркиш дар меҳмонхона рух додааст
    © REUTERS / SUSANA VERA

    Вале баъзе расонаҳо хабар додаанд, ки таркиш дар меҳмонхона рух додааст

  • Омили сар задани таркиш ихроҷи газ арзёбӣ мешавад
    © AFP 2020 / GABRIEL BOUYS

    Омили сар задани таркиш ихроҷи газ арзёбӣ мешавад

  • Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки чор ошёнаи бино комилан хароб шуданд
    © REUTERS / SUSANA VERA

    Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки чор ошёнаи бино комилан хароб шуданд

  • Дар натиҷа, шикастпораҳо тамоми маркази Мадридро фаро гирифтанд
    © REUTERS / SUSANA VERA

    Дар натиҷа, шикастпораҳо тамоми маркази Мадридро фаро гирифтанд

  • Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест
    © REUTERS / SUSANA VERA

    Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест

  • Аммо таъкид мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чандин нафар ҷон аз даст доданд
    © Youtube / Deep News From The World

    Аммо таъкид мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чандин нафар ҷон аз даст доданд

  • Сафи ҷароҳатбардоштагон низ кам нест
    © AFP 2020 / DANI POZO

    Сафи ҷароҳатбардоштагон низ кам нест

  • Дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди наҷотбахшону кормандони тиб қарор доранд
    © AFP 2020 / MAURO SEMINARA

    Дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди наҷотбахшону кормандони тиб қарор доранд

Барчаспҳо:
акс, таркиш, Мадрид

Шоҳи "Твиттер" ва ҷанҷолҳо: 4 соли президентии Трамп бо чӣ дар хотир хоҳад монд

234
Фардо, 20 январ, муҳлати раёсати ҷумҳурӣ шояд пурсарусадотарини Амрико Доналд Трамп ба поён мерасад

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп бо ҷанҷол мансаби сарвари давлатро тарк мекунад - алайҳи ӯ дубора импичмент эълон карда шуд.

Муҳлати ваколати президенти 45-уми ИМА Доналд Трамп ба охир мерасад. Фардо 20 январ демократ Ҷо Байден вазифаи сарвари давлатро мегирад.

Раҳбари кунунии Иёлоти Муттаҳида борҳо зери танқиди шадиди ҳам мардуми Амрико ва ҳам мақомот қарор гирифтааст.

Алайҳи Трамп як ҳафта пеш аз тарки президентиаш импичмент эълон карда шуд. Вай аввалин сарвари давлат дар таърихи ИМА шуд, ки ду маротиба аз ҳукумат барканор карда шуд.

Ин дафъа Трампро ба барангехтани шӯришҳои мусаллаҳона дар кишвар айбдор карданд.

Танқиди бепоён ва Трамп бо ҳам ҷудонашавандаанд.

Бо вуҷуди ин, оё ба президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳида муяссар шуд, ки Амрикоро ба бузургии пешинааш баргардонад, тавре ки дар маросими савганд ваъда дод.

Натиҷаҳои ҳукмронии Трампро ҷамъбаст намуда, коршиносон ба чанд ҳодисаи дар 4 соли охир дар кишвар рухдода таъкид мекунанд.

Трамп қисман гуноҳашро барои авҷи бетартибиҳо дар Амрико бар ӯҳда гирифт

Яке аз онҳо афзоиши рекордии ММД дар таърихи ИМА мебошад, ки тобистони соли 2019 ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин коҳиши якбораи иқтисод дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба назар мерасад.

Таҳти раёсати Трамп, Амрико шарики асосии тиҷоратии худро иваз кард. Ҳоло он ба ҷои Чин Мексика аст.

Ин динамика дар тӯли соли 2020 идома ёфт. 

Маъмурияти Трамп буҷаи мудофиаро ба таври назаррас афзоиш додааст. Дар моҳи октябри 2020, он аз 700 миллиард доллар гузашт, дар ҳоле ки дар давраи президенти 44-уми ИМА Барак Обама он ба 560 миллиард доллар расид.

Трамп бо изҳороти шадиди худ алайҳи бисёр кишварҳо маъруф аст. Бо вуҷуди ин, дар тӯли 4 сол Амрико ягон маъракаи ҳарбиро дар хориҷа оғоз накардааст.

Дар замони сарвари кунунии давлат, навъи нави нерӯҳо офарида шуданд, ки барои амалиёт дар кайҳон пешбинӣ шудаанд.

Дар давраи раисии Трамп дар Иёлоти Муттаҳида, сатҳи муҳоҷирон, ки ҳуқуқи иқомати доимӣ дар ин кишварро ба даст овардаанд, ба таври назаррас коҳиш ёфт. Ҳамзамон, шумораи ихроҷи хориҷиёни ғайриқонунӣ афзуд.

Дар замони Трамп, Иёлоти Муттаҳида шумораи қонунҳоеро, ки дар бораи хуруҷи Русия ва Амрико аз чанд созишномаи муҳими байналмилалӣ ёдовар шуданд, зиёд кард.

Маросими савгандёдкунии раисҷумҳурони ИМА: аз Рейган то Трамп

Илова бар ин, президенти раванда, бар хилофи ваъдаҳои худ, натавонист сохтмони деворро дар марз бо Мексика ба анҷом расонад.

234
  • © AFP 2020 / Saul Loeb

    Трамп пас аз эълони хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон санадеро дар бораи барқарор кардани таҳримот алайҳи Эрон имзо кард. Таҳримҳо, аз ҷумла, мунҷамид сохтани дороиҳои ҳукумати Эронро дар назар доранд. Чораҳои маҳдудкунанда бо барномаи ҳастаӣ, аз ҷумла барномаи мушакҳои баллистикӣ ва инчунин айбдоркунии Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон дар пуштибонӣ аз терроризми байналмилалӣ рабт надоранд.

  • © AFP 2020 / Atta Kenare

    Соли 2020 дар минтақаи Фурудгоҳи байналмилалии Бағдод фармондеҳи як қисми элитаи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ (IRGC), генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ кушта шуд. Фармони ҳамла ба Трамп нисбат дода мешавад. Баъдтар президенти Амрико гуфт, ки Сулайманӣ мустақиман ва бавосита дар марги миллионҳо нафар даст дорад.

  • © AFP 2020 / Timothy A. Clary

    Дар моҳи сентябри соли 2019, тартиби импичменти якуми Трамп оғоз ёфт, ки сабаби он гуфтугӯи Трамп бо президенти Украина Владимир Зеленский дар моҳи июли соли 2019 буд. Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳур ба раҳбари Украина кумаки молиявӣ бар ивази таҳқиқ алайҳи хонаводаи Ҷо Байден, рақиби эҳтимолии ӯ дар интихоботи президентии соли 2020 -ро пешниҳод кардааст.

  • © AFP 2020 / Saul Loeb

    Президенти ИМА Доналд Трамп дар як гирдиҳамоӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Орландо-Санфорди Флорида. Дар сабқати интихоботи 2020, Трамп бо Ҷо Байден вориди корзори интихоботӣ шуд. Интихобот бинобар пандемия ғайриоддӣ буд - бисёр интихобкунандагон маҷбур буданд тавассути почта овоз диҳанд ва худи Трамп COVID-19 дошт.

  • © Sputnik / Sergey Guneev

    Дар соли 2018 Трамп дар Ҳелсинки бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард. Ин аввалин музокироти мукаммали ду раҳбар пас аз савгандёдкунии Трамп буд.

  • © AFP 2020 / Thomas Peter

    Соли 2017 Трамп дар Пекин бо сарвазири Чин Ли Кэтсян мулоқот кард.
    Сипас Трамп натиҷаҳои сафари худро мусбат арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳо минбаъд ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд дод ва дар якҷоягӣ бо чолишҳо рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

  • © AFP 2020 / Saul Loeb

    Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн бо Исроил сулҳ бастанд, ки пеш аз онҳо дар байни кишварҳои арабӣ танҳо Миср ва Урдун баста буданд. Имзои созишнома бо миёнаравии Трамп сурат гирифт. Маросими имзои Созишномаи Иброҳимӣ дар Кохи Сафед баргузор шуд.

  • © AP / Sebastian Scheiner

    Соли 2018 дар Ерусалим сафорати ИМА ифтитоҳ ёфт. Барои ин, як ҳайат аз Вашингтон ба он ҷо омад, ки дар он Иванка Трамп низ буд. Худи президенти Амрико дар он ҷо тавассути алоқаи видеоӣ ҳузур дошт. Пас аз он Вазорати корҳои хориҷии Исроил хабар дод, ки пас аз Иёлоти Муттаҳида, боз се кишвари дигар қасд доранд сафоратҳои худро ба Байтулмуқаддас кӯчонанд. Ҷомеаи байналмилалӣ ин амалро номуайян қабул кард.

  • © AP / Susan Walsh

    Моҳи июни соли 2019 Трамп бо раҳбари КХДР Ким Чен Ин дар минтақаи аз холати низомӣ дар марзи Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолӣ вохӯрд.
    Мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар ин макон бори аввал дар таърих баргузор шуд. Трамп инчунин аввалин президенти ИМА шуд, ки ба Кореяи Шимолӣ сафар кард.

  • © AFP 2020 / Justin Sullivan / Getty Images

    Соли 2017 Трамп амр дод, ки паноҳандагон аз шаш кишвари дорои аҳолии аксарият мусалмон - Эрон, Либия, Сурия, Сомалӣ, Судон ва Яман манъ карда шаванд. Меъёрҳое, ки аз рӯи онҳо раводид дода мешаванд, низ тағир ёфтанд. Манъи муҳоҷират боиси эътирозҳои зиёде дар дохили Иёлоти Муттаҳида шуд.

  • © Sputnik / Brian Smith

    Ҳангоми боздошт дар Миннеаполиси Миннесота, нисбат ба Ҷорҷ Флойд моҳи майи соли 2020, аз суи маъмурони полис усусли боздошт бо боғи кардан истифода шуд ва ба суханони Флойд, ки ӯ нафас кашида наметавонад, посух надод.
    Флойд аз ҳуш рафт ва сипас дар беморхона ба ҳалокат расид.
    Мавҷи эътирозҳо саросари кишварро фаро гирифт. Дар натиҷа Трамп аз бекор кардани полис ва ё кам кардани маблағгузорӣ даст кашид.

  • © REUTERS / Carlos Barria

    Сохтани девори ҷудокунанда дар марз бо Мексика яке аз нуқтаҳои асосии барномаи интихоботии Доналд Трамп дар соли 2016 буд.
    Дар аввали соли 2019 президенти ИМА Доналд Трамп бо мақсади иҷрои сохтмони девор дар марз бо Мексика дар ин кишвар вазъияти фавқулодда ҷорӣ кард. Ва он гоҳ ӯ тарифҳои иловагиро ба молҳои Мексика эълон кард, то ҳамсояи худро ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳавасманд кунад.

  • © REUTERS / Stephanie Keith

    6 январи имсол Соли нав Трамп дар як гирдиҳамоӣ дар Вашингтон тарафдоронашро даъват кард, ки ба Капитолияи ИМА рафта, ба "кумак ба ҷумҳурихоҳони заиф" дар интихоботи президентӣ кумак кунанд. Мардум Капитолияро муҳосира карданд, ба бино ворид шуданд ва бетартибиро оғоз карданд ва ҷаласаи муштараки Конгрессро, ки Ҷо Байден изҳор дошт, ки дар он пирӯз мешавад, халалдор карданд.

  • © REUTERS / Leah Millis

    13 январ палатаи намояндагони Конгресси ИМА ба тарафдории қатънома дар бораи импичменти Трамп овоз дод. Ҳамин тариқ, Доналд Трамп аввалин президенти ИМА шуд, ки ду маротиба ба импичмент фиристода шуд. Дар ояндаи наздик ин санад ба Сенат пешниҳод карда мешавад. Раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнсӣ Пелосӣ гуфт, ки Трамп барои кишвар таҳдиди возеҳ ва фаврӣ дорад.

Барчаспҳо:
қудрат, Доналд Трамп, президент, ИМА
Вакцина

Тасмими ширкатҳои эронӣ барои тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси корона

0
(Таҷдидшуда 15:15 21.01.2021)
Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон гуфт, ки ин кишвар барномаи тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси коронаро дар ширкатҳои воксинасозии дохилӣ иҷро мекунад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik.  Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон ахиран афзуд, ки дар пойгоҳи ЮНИСЕФ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи воксинаи корона муаррифӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Қонеӣ изҳор дошт, ки аз 9 ширкати эронии дар ҳоли тавлиди ваксинаи корона, се воксина дар марҳалаи болинӣ қарор дорад ва ҳамчунин сохти ваксинаи муштараки Куба ва Институти Пастери Эрон низ дар дастури кор аст.

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон дар бораи далели ҳамкории Эрон бо Куба барои тавлиди воксинаи корона низ изофа кард: Низоми саломати Куба аз ҷиҳати адолат рутбаи аввали ҷаҳонро дорост ва ин кишвар дар ҳавзаи пизишкӣ яке аз кишварҳои матраҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Ҳамчунин Қонеӣ гуфт, ки дар гузашта низ Куба бо Эрон барои тавлиди ваксинаи "Гипатити Б" ҳамкорӣ доштааст.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, вирус, барнома, Эрон