Барзгов дар анъанаҳои миллатҳо: 12 акси рамзи соли 2021

368
(Таҷдидшуда 13:50 29.12.2020)
Рамзи соли 2021 ва ё мучали сол - бақар (гов, барзгов) аст. Агар говро бархе сокинони сайёра танҳо дар хоҷагӣ истифода кунанд, барои бархеи дигар, қаҳрамони фестивалу мусобиқаҳо, ҳатто ҳайвони муқаддас ба ҳисоб меравад

Мучал — солшумории дувоздаҳгона, ки аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Мутобиқи фарҳанги мардумӣ дар ин намуди солшуморӣ банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шудааст.

Ба боварии муаррихон тақвими "мучал" бори аввал дар байни уйғурони Хитой ҳамчун солшумории мардумӣ аз рӯйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмонӣ ба вуҷуд омада, дар давраи таҳти тасарруфи муғулҳо будани Осиёи Миёнаву Эрон байни тоҷикон ва дигар халқу миллатҳо ҷорӣ шудааст.

Бақар (ар.-гов),соли дуюм баъди Муш ва пеш аз Паланг  дар бисёр мамлакатхо - Ҷопон, Чин, Эрон, Афғонистон, давлатҳои араб, Осиёи Миёна пахн шудаанд.

Рамзи соли 2021 ва ё мучали сол - бақар (гов, барзгов) аст. Агар гов барои бархе сокинони сайёра танҳо дар хоҷагӣ истифода шавад, барои бархеи дигар, қаҳрамони фестивалу мусобиқаҳо, ҳатто ҳайвони муқаддас ба ҳисоб меравад.

Гузориши аксии Sputnik Тоҷикистонро дар ин бора аз 12 акси ҷолиб тамошо кунед.

368
  • © AP / Fernando Hernandez

    Ҳангоми ҷашнвораи 'Bous a la mar' ё "Bulls to the sea" дар бандари шаҳраки шарқии Денияи Испания барзагов ба баҳр меҷаҳад

  • © AP / Xinhua/Peng Nian

    Дар ин акс, ки Агентии Синхуаи Чин нашр кардааст, мардуми гурӯҳи этникии Миао дар музофоти Гуйчжоуи Чин барзговҷангро тамошо мекунанд

  • © AFP 2020 / Rodrigo Arangua

    Коста-Рика, писараке бо иштирокдори фестивали Feast of the Devils (Ҷашнвораи Шайтонҳо), ки либоси барзговро дар бар дорад, бозӣ мекунад

  • © AFP 2020 / Carl De Souza

    Ҳабашистон, маросими ҷаҳидан аз болои барзгов

  • © Sputnik / Alejandro Martinez Velez

    Памплон, ҷашнвораиСан-Фермин, ки сабқати давидан бо барзговон аст

  • © AP / Silvia Izquierdo

    Перу, уқобе савори барзгов дар мусобиқаи баррзговҳо

  • © AP / Daniel Ochoa De Olza

    Испания, марде дар сар шох ҳангоми карнавал

  • © AP / Colin E. Braley

    Мусобиқаи барзговсаворӣ дар Амрико

  • © AP / Francisco Seco

    Португалия, иштирокдорони ҷашнвора бо ниқобҳои барзговӣ ва сарулибоси анъанавӣ

  • © AP / Hau Dinh

    Мард бо барзгови ғолибомада дар масобиқаи барзговҳо дар Ветнам

  • © AP / Sakchai Lalit

    Кишоварзон дар Тоиланд ҳангоми давидан бо барзговҳо

  • © AP / Bob Edme

    Иштирокдлори карнавал дар тан либоси барзгов дар Фаронса

Чордаҳ ҳайвони нодири Боғи вуҳуши Маскав - гузориши аксӣ

75
(Таҷдидшуда 12:13 22.01.2021)
Боғи вуҳуши Маскав - яке аз даҳ боғи ҳайвоноти машҳури ҷаҳон аст, ки аз он ҳамасола миллионҳо сайёҳ дидан мекунанд (то 3,8 миллион нафар дар як сол)

Боғи ҳайвоноти Маскав - яке аз қадимтарин боғи ҳайвонот (1864) дар Аврупо ва панҷумин боғи ҳайвонот дар Русия пас аз боғҳои ҳайвоноти Ярославл, Ростови лаби Дон, Новосибирск ва Красноярск аст. Яке аз даҳ боғи ҳайвоноти машҳури ҷаҳон, ки ҳамасола миллионҳо сайёҳ аз он дидан мекунанд (то 3,8 миллион нафар дар як сол).

Боғ дорои 1267 намуди ҳайвонот аст ва шумораи онҳо ба 10531 баробар мебошад.

Аз соли 2017 то 2019, дар қаламрави Боғи ҳайвонот таҷдиди ҳамаҷониба гузаронида шуд, ки дар натиҷа кори муассиса ба меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳайвонот мутобиқ карда шуд.

Аз ҷумла, дар минтақаи тамос паноҳгоҳҳои махсус сохта шуданд, ки дар онҳо ҳайвонҳо метавонанд то вақте ки мехоҳанд бимонанд ва бар хилофи иродаи худ ба назди меҳмонон нараванд.

24 майи соли 2019, дар доираи барномаи аврупоии ҳифзи саршумори гургон як гурги нодир, ки ба Китоби Сурх шомил шудааст, аз Олмон ба Боғи ҳайвоноти Маскав оварда шуд.

Дар бораи дигар ҳайвоноти нодири ин боғ аз гузори аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

75
  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Пандаи азим дар Боғи ҳайвоноти Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Сиёҳгӯши авруосиёӣ дар қафас дар Боғи ваҳши Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Макаки ҷопонӣ дар Боғи ваҳши Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Гурбаи даштӣ дар қафар. Боғи ваҳши Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Саги обии оддӣ дар қафар. Боғи ваҳши Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Сиёҳгӯши авруосиёӣ дар қафас. Боғи ваҳши Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Уштури бохтарӣ дар рӯзи сарди зимистон дар боғи ваҳши Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Хуки обии шимолӣ дар боғи ваҳши Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Горги ёлдор дар қафаси Боғи ваҳши Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Қӯтоси хонагӣ бо гӯсолааш дар қафаси Боғи ваҳши Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Шери мода дар Боғи ваҳши Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Пандаи азим дар Боғи ваҳши Маскав

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Гурги қутбӣ. Боғи ваҳши Маскав дар зимистон

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Гурбаи анбӯӣ дар қафаси Боғи ваҳши Маскав

Мадрид пас аз таркиши мудҳиш: аксҳои даҳшатбор аз ҷойи ҳодиса

272
  • Феълан макони асосии сар задани таркиш маълум нашудааст
  • Бар тибқи баъзе маълумотҳо, таркиш дар биное рух додааст, ки он ҷо пиронсолон ба сар мебаранд
  • Вале баъзе расонаҳо хабар додаанд, ки таркиш дар меҳмонхона рух додааст
  • Омили сар задани таркиш ихроҷи газ арзёбӣ мешавад
  • Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки чор ошёнаи бино комилан хароб шуданд
  • Дар натиҷа, шикастпораҳо тамоми маркази Мадридро фаро гирифтанд
  • Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест
  • Аммо таъкид мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чандин нафар ҷон аз даст доданд
  • Сафи ҷароҳатбардоштагон низ кам нест
  • Дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди наҷотбахшону кормандони тиб қарор доранд
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса кормандони тиб ва наҷотбахшон қарор доранд. Шумораи ҷонбохтагон ва захмиён маълум мешавад

Пуэрта-де-Толеда - яке аз кӯчаҳои Мадридро таркиши сахт ларзонд.

Сотрудник МЧС во время учений, архивное фото
© Sputnik / Григорий Сысоев

Бар тибқи баъзе маълумотҳо, таркиш дар биное рух додааст, ки он ҷо пиронсолон ба сар мебаранд. Вале баъзе расонаҳо хабар додаанд, ки таркиш дар меҳмонхона рух додааст.

Таркиш ва бераҳмӣ: воқеъияти тазоҳуроти Белорус - гузориши аксӣ

 Омили сар задани таркиш, ихроҷи газ арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки чор ошёнаи бино комилан хароб шуданд. 

Дар натиҷа, шикастпораҳо тамоми маркази Мадридро фаро гирифтанд.

Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест. Аммо таъкид мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чандин нафар ҷон аз даст дода, чанди дигар сахт ҷароҳатдор шуданд.

Ҳоло дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди наҷотбахшону кормандони тиб қарор доранд.

272
  • Феълан макони асосии сар задани таркиш маълум нашудааст
    © AFP 2020

    Феълан макони асосии сар задани таркиш маълум нашудааст

  • Бар тибқи баъзе маълумотҳо, таркиш дар биное рух додааст, ки он ҷо пиронсолон ба сар мебаранд
    © AFP 2020 / GABRIEL BOUYS

    Бар тибқи баъзе маълумотҳо, таркиш дар биное рух додааст, ки он ҷо пиронсолон ба сар мебаранд

  • Вале баъзе расонаҳо хабар додаанд, ки таркиш дар меҳмонхона рух додааст
    © REUTERS / SUSANA VERA

    Вале баъзе расонаҳо хабар додаанд, ки таркиш дар меҳмонхона рух додааст

  • Омили сар задани таркиш ихроҷи газ арзёбӣ мешавад
    © AFP 2020 / GABRIEL BOUYS

    Омили сар задани таркиш ихроҷи газ арзёбӣ мешавад

  • Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки чор ошёнаи бино комилан хароб шуданд
    © REUTERS / SUSANA VERA

    Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки чор ошёнаи бино комилан хароб шуданд

  • Дар натиҷа, шикастпораҳо тамоми маркази Мадридро фаро гирифтанд
    © REUTERS / SUSANA VERA

    Дар натиҷа, шикастпораҳо тамоми маркази Мадридро фаро гирифтанд

  • Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест
    © REUTERS / SUSANA VERA

    Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест

  • Аммо таъкид мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чандин нафар ҷон аз даст доданд
    © Youtube / Deep News From The World

    Аммо таъкид мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чандин нафар ҷон аз даст доданд

  • Сафи ҷароҳатбардоштагон низ кам нест
    © AFP 2020 / DANI POZO

    Сафи ҷароҳатбардоштагон низ кам нест

  • Дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди наҷотбахшону кормандони тиб қарор доранд
    © AFP 2020 / MAURO SEMINARA

    Дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди наҷотбахшону кормандони тиб қарор доранд

Барчаспҳо:
акс, таркиш, Мадрид
Швейцарский флаг на горе Саентис в Шваегалпе, Швейцария, архивное фото

Тоҷикистон аз ҳама зиёд ба Швейтсария мол содир кардааст

0
Шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши содирот дар соли 2020 Швейтсария, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон будаанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз кишварҳое, ки ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд ба онҳо мол содир кардааст, ном бурд.

Тибқи иттилои хабаргузории “Авесто”, шарикони асосии содиротии Тоҷикистон давлатҳои Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон шудаанд.

Дар маҷмӯъ тайи соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми содирот 1 миллиарду 406 миллион доллар ва воридот 3 миллиарду 150,9 миллион долларро ташкил додааст.

Дар зимн қариб ними содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария рост меояд, ки ҳудуди 49 дарсад аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил додааст.

Таъкид шудааст, ки аз январ то декабри соли 2020 маблағи содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария 688,7 миллион долларро ташкил додааст. Воридот аз ин кишвар муодили 6,7 миллион долллар будааст.

Содирот ба Туркия ҳудуди 14,4 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил дода, ҳаҷми умумии гардиши савдо 322,6 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин ба содирот 203 миллион доллар ва ба воридот 119,6 миллион доллар рост меояд.

Истеҳсоли пиёз дар Тоҷикистон якчанд маротиба зиёд шуду картошка бетағйир

Ба феҳрасти молҳои асосии содиротии Тоҷикистон, алюминийи аввалия, пахта, меваҳои хушк ва металҳои қиматбаҳо шомил шудаанд.

Дар бахши воридот Тоҷикистон моли бештарро аз Русия гирифтааст, ки 29,6 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Аз Қазоқистон – 24 фоиз, аз Чин – 13,9 фоизи молҳо ворид шудаанд.

0
Барчаспҳо:
ҳаҷми содирот, Швейтсария, молӣ, Тоҷикистон