Нерӯҳои мардумии Ироқ - "PMF" 3 январи соли 2020 изҳор дошта буданд, ки бар асари ҳамлаи мушакӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, 5 узви ин созмон ва "ду меҳмон" кушта шуданд. Яке аз кушташудаҳо Қосим Сулаймонӣ будааст.
Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон қатли Сулаймониро аз ҷониби ИМА, террор ва аблаҳӣ хонд ва гуфт, ки ҷониби ИМА посухи Эронро интизор бошанд.
Хабари омодасозии қассоси Эрон барои қатли Сулаймонӣ ва ҳушдори Трамп
Ӯ афзуда буд, ки Сулаймонӣ аз муваффақтарин нерӯ дар мубориза бо созмонҳои террористии "ДОИШ", Ал-Нусра ва Ал-Қоида буда, қатлаш амали хеле хатарнок ва аблаҳона барои муташанниҷ кардани вазъият буд.
Мардум дар Ироқу Эрон аз фармондеҳи ироқӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис ва эронӣ Қосим Сулаймонӣ ёд карданд.
Одамон бо парчамҳо дар солгарди якуми марги фармондеҳи эронӣ Қосим Солеймонӣ ва фармондеҳи ироқӣ Абу Маҳдӣ ал-Муҳандис дар Бағдод
Мардум дар солгарди аввали фавти фармондеҳи эронӣ Қосим Солеймонӣ ва фармондеҳи ироқӣ Абӯмаҳдӣ ал-Муҳандис дар Санъои Яман
Зане дар солгарди якуми марги фармондеҳи эронӣ Қосим Солеймонӣ ва фармондеҳи ироқӣ Абу Маҳдӣ ал-Муҳандис дар Бағдод
Аъзои Нерӯҳои Сафарбаркунии Халқӣ ва ҷонибдорони онҳо дар фурудгоҳи Бағдод
Қумандони лашкари ихтиёрии "Асоиб аҳлал Ҳақ" Қайс Алҳазалӣ дар назди қабри Абӯ Маҳдӣ Алмуҳандис дар Ироқ
Одамон бо плакатҳо дар солгарди якуми марги фармондеҳи эронӣ Қосим Солеймонӣ ва фармондеҳи ироқӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис дар Бағдод
Мардум дар солгарди аввали марги фармондеҳи эронӣ Қосим Солеймонӣ ва фармондеҳи ироқӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис дар Бағдод
Зан бо акси фармондеҳи эронӣ Қосим Солеймонӣ ва фармондеҳи ироқӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис, Бағдод
Мардум дар сари қабри фармондеҳи эронӣ Қосим Сулаймонӣ дар Кирмони Эрон
Шамъҳо дар солгарди марги фармондеҳи эронӣ Қосим Солеймонӣ ва фармондеҳи ироқӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис дар Бағдод
Ёдбуди Сулаймонӣ дар Эрон
Зане бо шамъ дар солгарди марги фармондеҳи эронӣ Қассем Солеймонӣ ва фармондеҳи ироқӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис дар Бағдод
Варзишкор Ҳашд Аш-Шаабӣ дар заминаи девор бо навиштаҷот
Мардум ба муносибати солгарди марги фармондеҳи эронӣ Қосим Солеймонӣ ва фармондеҳи ироқӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис дар Бағдод шамъ меафрӯзанд
Одамон бо парчамҳо дар солгарди якуми марги фармондеҳи эронӣ Қосим Солеймонӣ ва фармондеҳи ироқӣ Абу Маҳдӣ ал-Муҳандис дар Бағдод
Афзун бар вакилони ду палатаи парлумони Тоҷикистон, дар толор фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон, зиёиён ва мақомдорони кишвар ширкат доштанд.
Президент ҳангоми баромад соҳаҳои гуногуни кишварро таҳлил карда, пешниҳодҳояшро гуфт.
Ӯ бештар аз дастовардҳои сол таъкид кард. Аз ҷумла президент қайд кард, ки даромади мардум дар соли 2020 назар ба соли 2019, 10 дарсад бештар шуд.
Президент сараввал аз муҳоҷират, ки дар соли 2020 таназзул кард ёдовар шуд. Ба гуфтаи президент, имсол 80 дарсади муҳоҷирон натавонистанд аз Тоҷикистон берун раванд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳукумати кишвар кӯшиш мекунад, то аҳолиро дар дохил бо кор таъмин кунад.
Дар идома кишвардор қайд кард, ки соҳаи чорвопарварӣ ва парандапарварӣ дар кишвар ду соли охир хело пеш рафтааст. Ӯ инро ба қонуни танзим ва додани имконот ба соҳибкорони ватанӣ рабт дод. Президент гуфт, танҳо ду сол пеш, 50 миллиарди кишвар барои хариди гӯшти мурғ ба берун мерафт. Аммо дар назар аст, баъди ду сол воридоти гӯшти мурғ барҳам дода шуда, ин талабот аз дохил таъмин карда шавад.
Президент аз рушди соҳаҳи кишоварзӣ низ изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ ёдрас шуд, ки соли 2021 мушкилтар мешавад ва барои ҳамин, деҳқонони ҷумҳуриро боз ҳам бояд дастгирӣ кард. Бинобар ин, президент пешниҳод кард, ки кишоварзон як сол аз андози замин озод карда шаванд.
"Илм-фурӯғи маърифат"- эълони озмуни нав дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон озмуни "Фурғӯи субҳи доноӣ китоб аст"-ро таҳлил кард ва пешниҳод кард, ки барои рушди фанҳои дақиқ низ як озмуни дигар эълон карда шавад. Ӯ ба соҳаҳои дахлдор вазифа дод, ки барои баргузории озмун маблағ ҷудо карда шавад ва сокинон ҳавасманд карда шаванд.
Кишвардор ёдрас шуд, ки дар Тоҷикистон феълан омори коронавирус ба сифр баробар аст. Ӯ таъкид кард, ки бояд фориғбол нашуд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя кард. Вай аз ифтитоҳ шудани масҷидҳо ёдрас шуд ва гуфт, парвозҳо низ барқарор хоҳанд шуд.
Сар аз соли таҳсили оянд стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳои тамоми муассисаҳои кишвар ба андозаи 30% зиёд карда хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш хабар дод, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми нафақа боло рафта, аз бархе гурӯҳҳо то 50 дарсад зиёд мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишоварзони Тоҷикистонро аз пардохти андози ягонаи замин барои як сол озод кард.
Президент аз мушкил омадани соли 2021 таъкид кард ва гуфт, дар саросари ҷаҳон дар ин сол нарасоии маводи озуқаворӣ ҳис хоҳад шуд.
Ӯ ёдрас шуд, қаблан низ борҳо таъкид мекард, ки бояд соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тақвият дода шавад.
Президент тавсиф кард, ки соли 2020 Тоҷикистон тавонист дар ин соҳа ба дастовардҳо ноил шавад.
"Имсол ҳам бояд дар бахши кишоварзӣ заҳмати зиёде кашид", - таъкид кард вай.
Ӯ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки барои пӯшонидани ин қисми буҷаи давлат чора андешад, зеро ин маблағи каме нест.
Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми яксолаи ин навъи андоз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҳангоми ироаи паёми солана дастур дод, ки Кодекси андози Тоҷикистон такмил дода шавад.
Президент мӯҳлат дод, ки то моҳи март Кодекси нави андоз омода гардад. Вай афзуд, ки дар кодекси нав ба дастгирии соҳибкорон диққати бештар дода шавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаашро ироа кард
Мақомдорони "аршад" дар сафи пеш ҷой гирифтанд
Дар толор ҳама бо ниқоб ҳузур доштанд
Дар сафи пеш - раисони вилоятҳо, прокурори генералӣ ва муовини сарвазир
Эмомалӣ Раҳмон паёми солонашро ироа кард
Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон
Президент пешниҳод кард, ки деҳқонон аз андоз озод шаванд
Раисҷумҳур хабар дод, ки ба наздикӣ парвозҳо барқарор мешаванд
Дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" мусобиқаи UFC 257 хотима ёфт. Мухлисон бесаброна интизори бозии ҷавобии байни размикори ирландӣ Конор Макгрегор ва амрикоӣ, Дастин Поре буданд.
Муборизаи Макгрегор бо Поре дар даври дуввум хотима ёфт.
Агар дар даври аввал ва аввали даври дуюм эҳсоси ғалабаи Макгрегор пайдо шуда бошад ҳам, пас дар ниҳоят вазъ тағйир ёфт.
Дастин омодагӣ мебинад ва ҳамлаҳои пайдарпайи худро оғоз мекунад. Ин Конорро ошуфта мекунад. Дар натиҷа, Поре дар чанд сония Макгрегорро нокаут мекунад.
Ҳамзамон мушоҳида мешавад, ки зарба он қадар шадид буд, ки бори дуввум Макгрегор хеста натавониста, чанд дақиқа дар рӯйи октагон дароз кашад.
Поре дар пайи пирӯзӣ қайд кард, ки ӯ ҳар рӯз барои натиҷа кор мекунад.
"Ман барои натиҷа бо тамоми ҳастиям талош мекунам. Конорро воқеан эҳтиром мекунам. Ӯ як мутахассиси воқеӣ аст, мумкин аст, ки мо боз ҳам мубориза барем",- гуфт, размикори амрикоӣ.
Ӯ гуфт, маҳорати хуби муштзанӣ дорад ва баъзан мисли дарранда мешаваду худро идора карда наметавонад.
Дастин Поре ва Конор Макгрегор ҳангоми чашмҷанг дар рӯзи 22 январ дар АМА
Дастин Поре, ҳангоми вазнкашӣ дар рӯзи 22 январ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дастин Поре ва Конор Макгрегор дар оғози сабқат
Майдондории Дастин Поре ва Конор Макгрегор
Дар даври аввал Конор Макгрегор чанд зарба ба Поре зад
Зӯрозмоии Дастин Поре ва Конор Макгрегор дар партер
Дастин Поре ҳангоми зарбазанӣ Конор Макгрегор
Идомаи ҳамлаи Дастин Поре ба Конор Макгрегор
Конор Макгрегорро дар нокаут
Дастин Поре баъди сабқат аз пирӯзӣ хурсандӣ дорад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Изҳороти роҳбари давлати Тоҷикистонро дар бораи бекор кардани андози замин коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисодӣ Леонид Холод тавзеҳ дод.
"Дар Тоҷикистон дар бозори озуқа вазъи ғайриодие ба миён омад, ки сабабаш дар охири соли 2020 ва оғози соли 2021 киҳиш ёфтани сомонӣ нисбат ба рубл, доллар ва евро буд", - гуфт Холод дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба қавли вай, ин маънои онро дорад, ки ҷумҳурие, ки маҳсулоти озхуқа ва кишоварзиро бештар ворид мекард, қисме аз аҳолиро аз хатари бе ин намуди маҳсулот мондан, наҷот додан мехоҳад, зеро мардум маводи воридгардидаро бо нархи наву гаронтар харидан маблағ надоранд.
"Вобаста ба ин бозор бояд вокуниш кунад. Вақте рақиби берунӣ гарон мешавад, пас ин бояд истеҳсолоти ватаниро ҳавасманд гардонад. Равандҳои бозори худтанзимкунӣ вақт мехоҳад ва давлат бояд ин мушкилиро тезтар ҳал кунад", - мегӯяд Холод.
Ба гуфтаи иқтисодшинос, маҳз барои ҳамин Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон соҳаи кишоварзиро бояд ба ҳар роҳ рушд диҳад.
"Имрӯзҳо имконияти аграрии ҷумҳурӣ пурра истифода намешавад. Дар Тоҷикистон он қадар заминҳои барои кишту кор мувофиқ мавҷуд нестанд, аммо он чизе, ки мавҷуд аст, бояд истифода шавад", - афзуд вай.
Маблағи андози замин дар Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.
"Барои Тоҷикистон ин маблағи калон аст, барои деҳқонони тоҷик бошад, ин пули хело калон аст. Яъне, онҳо ин миқдор маблағро намесупоранд ва вазъи молиашон беҳтар мешавад. Онҳо ин маблағро ба нарх изофа намекунанд ва дар натиҷа имкон фароҳам меояд, ки нархи дар натиҷаи асъор болоравандаро танзим карда тавонанд", - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, лағви андози замин боиси аз худ кардани заминҳои боқимонда мегардад.
Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон
"Агар ин чораҷӯӣ барои як сол аст, ин кам аст ва беҳтараш онро барои якчанд сол ҷорӣ кунанд, то минтақаҳое, ки истифода намешуданд, аз худ карда шаванд. Аз нуқтаи назари рушди хоҷагии қишлоқ ин чораҷӯӣ самарабахш ва дуруст аст", - гуфт дар анҷом Холод.