Санаи 2-юми январ дар Арабистони Саудӣ 43-умин ралли "Дакар" оғоз ёфт.
Тақрибан ду ҳафта ронандаҳои автомобилҳо, мотосиклҳо, квадросиклу мошинҳои боркаш пайроҳаро тавассути регҳои биёбони Арабистони Саудӣ убур мекунанд.
Шароити душвори роҳ мусобиқаро махсусан ҷолиб мекунад.
Дар ин ралли ронандаҳои на танҳо ҳирфаӣ, балки ҳаваскорон низ ширкат меварзанд.
Миёни ширкаткунандагон инчунин намояндагони ҷинси латиф низ ҳузур доранд. Дар як бахши ралли дар тӯли 16 сол барои аввалин бор як духтар пирӯз шуд. Вай испанӣ аст ва Кристина Гутиеррес Эрреро ном дорад.
Тибқи натиҷаҳои рӯзи аввали ин мусобиқа, се мошини боркаши "КамАЗ-мастер" бо роҳбарии Дмитрий Сотников пешсафанд.
Маъруфтарин ралли “Дакар” соли дуюм аст, ки дар масири нав - дар регҳои Арабистони Саудӣ баргузор мешавад
Тақрибан ду ҳафта ронандаҳои автомобилҳо, мотосиклҳо, квадросиклу мошинҳои боркаш пайроҳаро тавассути регҳои биёбони Арабистони Саудӣ убур мекунанд
Мотосиклрон дар ралли "Дакар"
Санаи 2-юми январ дар Арабистони Саудӣ 43-умин ралли “Дакар” оғоз ёфт
Шароити душвори роҳ мусобиқаро махсусан ҷолиб мекунад
Дар ин ралли ронандаҳои на танҳо ҳирфаӣ, балки ҳаваскорон низ ширкат меварзанд
Тамошои ҳаводорони ралли "Дакар" дар Арабистони Саудӣ
Ралли “Дакар” соли дуюм аст, ки дар масири нав - дар регҳои Арабистони Саудӣ баргузор мешавад
Убури роҳҳои биёбонии Арабистони Саудӣ аз ҷониби ронандаҳо
Роҳҳои биёбонии ралли "Дакар" мушкил аст, аммо зебоии ин мусобиқа дар ҳамин аст
Миёни ширкаткунандагон инчунин намояндагони ҷинси латиф низ ҳузур доранд
Дар як бахши ралли дар тӯли 16 сол барои аввалин бор як духтар пирӯз шуд. Вай испанӣ аст ва Кристина Гутиеррес Эрреро ном дорад
Мусобиқа бидуни садама анҷом намеёбад
Масири нави ралли "Дакар" аз Арабистони Саудӣ мегузарад
Садҳо нафар сокинони маҳалӣ ба тамошои мусобиқа баромаданд
Ҳатто ҳавои гарм садди роҳи мухлисон нашуд
Афзун бар вакилони ду палатаи парлумони Тоҷикистон, дар толор фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон, зиёиён ва мақомдорони кишвар ширкат доштанд.
Президент ҳангоми баромад соҳаҳои гуногуни кишварро таҳлил карда, пешниҳодҳояшро гуфт.
Ӯ бештар аз дастовардҳои сол таъкид кард. Аз ҷумла президент қайд кард, ки даромади мардум дар соли 2020 назар ба соли 2019, 10 дарсад бештар шуд.
Президент сараввал аз муҳоҷират, ки дар соли 2020 таназзул кард ёдовар шуд. Ба гуфтаи президент, имсол 80 дарсади муҳоҷирон натавонистанд аз Тоҷикистон берун раванд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳукумати кишвар кӯшиш мекунад, то аҳолиро дар дохил бо кор таъмин кунад.
Дар идома кишвардор қайд кард, ки соҳаи чорвопарварӣ ва парандапарварӣ дар кишвар ду соли охир хело пеш рафтааст. Ӯ инро ба қонуни танзим ва додани имконот ба соҳибкорони ватанӣ рабт дод. Президент гуфт, танҳо ду сол пеш, 50 миллиарди кишвар барои хариди гӯшти мурғ ба берун мерафт. Аммо дар назар аст, баъди ду сол воридоти гӯшти мурғ барҳам дода шуда, ин талабот аз дохил таъмин карда шавад.
Президент аз рушди соҳаҳи кишоварзӣ низ изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ ёдрас шуд, ки соли 2021 мушкилтар мешавад ва барои ҳамин, деҳқонони ҷумҳуриро боз ҳам бояд дастгирӣ кард. Бинобар ин, президент пешниҳод кард, ки кишоварзон як сол аз андози замин озод карда шаванд.
"Илм-фурӯғи маърифат"- эълони озмуни нав дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон озмуни "Фурғӯи субҳи доноӣ китоб аст"-ро таҳлил кард ва пешниҳод кард, ки барои рушди фанҳои дақиқ низ як озмуни дигар эълон карда шавад. Ӯ ба соҳаҳои дахлдор вазифа дод, ки барои баргузории озмун маблағ ҷудо карда шавад ва сокинон ҳавасманд карда шаванд.
Кишвардор ёдрас шуд, ки дар Тоҷикистон феълан омори коронавирус ба сифр баробар аст. Ӯ таъкид кард, ки бояд фориғбол нашуд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя кард. Вай аз ифтитоҳ шудани масҷидҳо ёдрас шуд ва гуфт, парвозҳо низ барқарор хоҳанд шуд.
Сар аз соли таҳсили оянд стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳои тамоми муассисаҳои кишвар ба андозаи 30% зиёд карда хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш хабар дод, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми нафақа боло рафта, аз бархе гурӯҳҳо то 50 дарсад зиёд мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишоварзони Тоҷикистонро аз пардохти андози ягонаи замин барои як сол озод кард.
Президент аз мушкил омадани соли 2021 таъкид кард ва гуфт, дар саросари ҷаҳон дар ин сол нарасоии маводи озуқаворӣ ҳис хоҳад шуд.
Ӯ ёдрас шуд, қаблан низ борҳо таъкид мекард, ки бояд соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тақвият дода шавад.
Президент тавсиф кард, ки соли 2020 Тоҷикистон тавонист дар ин соҳа ба дастовардҳо ноил шавад.
"Имсол ҳам бояд дар бахши кишоварзӣ заҳмати зиёде кашид", - таъкид кард вай.
Ӯ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки барои пӯшонидани ин қисми буҷаи давлат чора андешад, зеро ин маблағи каме нест.
Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми яксолаи ин навъи андоз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҳангоми ироаи паёми солана дастур дод, ки Кодекси андози Тоҷикистон такмил дода шавад.
Президент мӯҳлат дод, ки то моҳи март Кодекси нави андоз омода гардад. Вай афзуд, ки дар кодекси нав ба дастгирии соҳибкорон диққати бештар дода шавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаашро ироа кард
Мақомдорони "аршад" дар сафи пеш ҷой гирифтанд
Дар толор ҳама бо ниқоб ҳузур доштанд
Дар сафи пеш - раисони вилоятҳо, прокурори генералӣ ва муовини сарвазир
Эмомалӣ Раҳмон паёми солонашро ироа кард
Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон
Президент пешниҳод кард, ки деҳқонон аз андоз озод шаванд
Раисҷумҳур хабар дод, ки ба наздикӣ парвозҳо барқарор мешаванд
Дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" мусобиқаи UFC 257 хотима ёфт. Мухлисон бесаброна интизори бозии ҷавобии байни размикори ирландӣ Конор Макгрегор ва амрикоӣ, Дастин Поре буданд.
Муборизаи Макгрегор бо Поре дар даври дуввум хотима ёфт.
Агар дар даври аввал ва аввали даври дуюм эҳсоси ғалабаи Макгрегор пайдо шуда бошад ҳам, пас дар ниҳоят вазъ тағйир ёфт.
Дастин омодагӣ мебинад ва ҳамлаҳои пайдарпайи худро оғоз мекунад. Ин Конорро ошуфта мекунад. Дар натиҷа, Поре дар чанд сония Макгрегорро нокаут мекунад.
Ҳамзамон мушоҳида мешавад, ки зарба он қадар шадид буд, ки бори дуввум Макгрегор хеста натавониста, чанд дақиқа дар рӯйи октагон дароз кашад.
Поре дар пайи пирӯзӣ қайд кард, ки ӯ ҳар рӯз барои натиҷа кор мекунад.
"Ман барои натиҷа бо тамоми ҳастиям талош мекунам. Конорро воқеан эҳтиром мекунам. Ӯ як мутахассиси воқеӣ аст, мумкин аст, ки мо боз ҳам мубориза барем",- гуфт, размикори амрикоӣ.
Ӯ гуфт, маҳорати хуби муштзанӣ дорад ва баъзан мисли дарранда мешаваду худро идора карда наметавонад.
Дастин Поре ва Конор Макгрегор ҳангоми чашмҷанг дар рӯзи 22 январ дар АМА
Дастин Поре, ҳангоми вазнкашӣ дар рӯзи 22 январ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дастин Поре ва Конор Макгрегор дар оғози сабқат
Майдондории Дастин Поре ва Конор Макгрегор
Дар даври аввал Конор Макгрегор чанд зарба ба Поре зад
Зӯрозмоии Дастин Поре ва Конор Макгрегор дар партер
Дастин Поре ҳангоми зарбазанӣ Конор Макгрегор
Идомаи ҳамлаи Дастин Поре ба Конор Макгрегор
Конор Макгрегорро дар нокаут
Дастин Поре баъди сабқат аз пирӯзӣ хурсандӣ дорад
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бар асоси гузориши ВУД, маъмурини Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар пайи як амалиёт Маъбурҷон Таҳоров, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд.
Дар пайи кофтукоб дар боми хонаи падари дастгиршуда, дар деҳаи Шукурови шаҳри Турсунзода як автомати Калашников бо 29 дона тир ва норинҷак пайдо карда шуд. Таҳоров дар гузориш изҳор медорад, ки ин аслиҳаро солҳои 1997 ё 1998 ба ивази 300 доллар бо ҳадафи ҳимоя харид.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ин силоҳро он замон барои ҳимояи худу фарзандонаш гирифта буд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан алайҳи Таҳоров парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин ниҳод зикр намуд, афроде, ки ихтиёран ба мақомоти умури дохилӣ силоҳи оташфишон месупоранд аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.