Муди баҳору тобистони 2021: бонувони Фаронса чӣ мепӯшанд - гузориши аксӣ

153
(Таҷдидшуда 15:29 31.01.2021)
Дар пойтахти Фаронса Ҳафтаи муд баргузор шуд. Муделҳои машҳур аз минбар пироҳанҳои нав ва тозаи тарроҳони фаронсавӣ, бритонӣ ва итолиёиро намоиш доданд

Дар шаҳри Порис дар шароити ҳамагирии коронавирус Ҳафтаи муди баланд баргузор шуд.

Тарроҳони машҳур коллексияи нави худро барои баҳор ва тобистон ба намоиш гузоштанд.

Муделҳо аз минбар пироҳанҳои ғайриодии офаридаи тарроҳонро ба мардуми Порис нишон доданд.

Пироҳанҳои худро тарроҳон аз матоъҳои гуногун ва бо истифода аз рангҳои баланд офаридаанд.

Муҳофизат бо усули ҷопонӣ: ниқобҳо бо алмосу марворид - акс

Муди баҳор ва тобистони соли 2021 - ро аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

153
  • © AFP 2020 / Stephane De Sakutin

    Мудел ҳунари тарроҳи фаронсавӣ Стефан Ролланро дар Ҳафтаи муди Порис намоиш медиҳад.

  • © AP / Francois Mori

    Мудел Кейт Мосс дар намоиши пироҳанҳои мавсими баҳору тобистони соли 2021 дар доираи Ҳафтаи муди Порис .

  • © AFP 2020 / Stephane De Sakutin

    Ҳунарманд Деми Мур дар намоиши муди Fendi - пироҳанҳои мавсими баҳору тобистони соли 2021 дар доираи Ҳафтаи муди Порис.

  • © AFP 2020 / Martin Bureau

    Мудели юнонӣ Ангелики Тсиону, мудели лаҳистонӣ Микаэла Томанова ва мудели фаронсавӣ Шехеразада Дахлауи пироҳанҳои тарроҳи фаронсавӣ - Julien Fournie - ро дар доираи Paris Haute Couture Fashion Week намоиш медиҳанд.

  • © AFP 2020 / Stephane De Sakutin

    Мудел дар Ҳафтаи муди Порис пироҳани тарроҳи бритониро намоиш медиҳад.

  • © AFP 2020 / Martin Bureau

    Мудели фаронсавӣ Матилда Шаруэ пироҳани тарроҳ Sofia Crociani - ро дар Ҳафтаи муди Порис (Paris Haute Couture Fashion Week) намоиш медиҳад.

  • © AFP 2020 / Stephane De Sakutin

    Мудели амрикоӣ Белла Хадид ҳунари тарроҳи бритонӣ Kim Jones - ро намоиш медиҳад.

  • © AFP 2020 / Stephane De Sakutin

    Мудел пироҳани тарроҳи фаронсавӣ Charles de Vilmorin - ро намоиш медиҳад.

  • © AFP 2020 / Martin Bureau

    Мудел пироҳани тарроҳи итолиёӣ Sofia Crociani - ро аз коллексияи Aelis Баҳор - Тобисон- 2021 дар Ҳафтаи муди Порис намоиш медиҳад.

  • © AFP 2020 / Stephane De Sakutin

    Мудели бритонӣ Лила Грэйс Мосс Хэк ҳунари тарроҳи бритонӣ Kim Jones - ро намоиш медиҳад.

  • © AFP 2020 / Stephane De Sakutin

    Мудел кори тарроҳи фаронсавӣ Charles de Vilmorin - ро дар Порис намоиш медиҳад.

  • © AFP 2020 / Stephane De Sakutin

    Мудел пироҳани Christian Dior - ро дар доираи Ҳафтаи муди Порис дар хонаи муди Christian Dior Haute Couture намоиш медиҳад.

  • © AFP 2020 / Stephane De Sakutin

    Мудел пироҳани тарроҳи бритонӣ Kim Jones - ро дар Ҳафтаи муди Порис намоиш медиҳад.

  • © AFP 2020 / Martin Bureau

    Мудел пироҳани тарроҳи фаронсавӣ Julien Fournie - ро намоиш медиҳад.

  • © AFP 2020 / Stephane De Sakutin

    Мудел пироҳани тарроҳи бритонӣ Kim Jones - ро дар доираи Ҳафтаи муди Порис намоиш медиҳад.

  • © AFP 2020 / Martin Bureau

    Мудел пироҳани тарроҳи итолиёӣ Sofia Crociani - ро дар доираи Ҳафтаи муди Порис намоиш медиҳад.

Барчаспҳо:
Фаронса, тобистон, мудел, муд

Қаҳрамонанд: изҳори муҳаббат ба занони давобахш

53
(Таҷдидшуда 17:14 05.03.2021)
Дар воқеъ пизишкон қаҳрамонони имрӯз ҳастанд. Талоши бонувони хилъатпӯш барои наҷоти ҷони инсоният боиси таҳсину офарин аст

То рӯзи 8 - март, иди бонувон рӯзҳои башумор боқӣ мемонад.

Ҳар як зан ва ба вижа занони пизишк арзандаанд, ки бароияшон ин рӯз фаромушнашаванда гардад.

Саҳми ҳар як пизишк дар наҷоти ҷони инсоният дар ин рӯзҳои мушкил беандоза ҳаст.

Sputnik Тоҷикистон гузориши аксиеро аз равиши кори пизишкон ва наҷоти ҷони одаомн омода кардааст.

Дар ин гузориш аксҳо аз беморхонаҳои гуногуни ҷаҳон гирд оварда шудаанд.

Ҷое пизишкон дар ҳоли изтироб дар талоши наҷоти ҷон ҳастанду ҷое барои болидагии хотири пиронсолон рақс мекунанд.

Дар ҳар ҳоле, ки набошанд, таманно мекунем, ки пизишкон доимо сиҳату саломат бошанд!

53
  • © REUTERS / Flavio Lo Scalzo

    Пизишк Анналиса Малара дар беморхонаи Сан-Маттео дар Павияи Итолиё.

  • © AP / Brian Inganga

    Ҳамшираҳои шавқат дар найробии Кения.

  • © Sputnik / Mikhail Voskresenskiy

    Ҳамширафи шавқат дар бемористони №2 шаҳри Маскав.

  • © REUTERS / Geoff Caddick / Pool

    Сарвазири Бритониёи Кабир Борис Ҷонсон бо ҳамшираи шавқат ҳангоми боздид аз маркази эмгузаронӣ дар Кумбран.

  • © REUTERS / Giorgos Moutafis

    Ҳамшираи шавқат дар назби бемор дар яке аз беморхонаҳои Афина.

  • © REUTERS / Juan Medina

    Кормандони хонаи пиронсолон ҳамроҳи бемор қабл аз эмгузаронӣ дар Мадриди Испания.

  • © Sputnik / Iliya Pitalev

    Ҳамшираи шавқат дар шӯъбаи эҳё дар яке аз беморхонаҳои Маскав, ба бемор ғизо медиҳад.

  • © REUTERS / Jon Nazca

    Корманди тибб вояи ваксинаи Pfizer-BioNTech - ро барои эмгузаронӣ дар Рондеи Испания омода мекунад.

  • © REUTERS / Pilar Olivares

    Кормандони тибб дар кунҷу канори Рио-де-Жанейрои Бразилия мардумро эм мекунанд.

  • © REUTERS / Matias Baglietto

    Пизишкон ҳангоми эмкунӣ бо ваксинаи Sputnik V дар майдони Ривер Плейти Буэнос-Айресе. Аргентина.

  • © AP / Ng Han Guan

    Корманди тибб дар шаҳраки Тсилини Чин бо ҳамкорони худ дар фурудгоҳи байналмилалии Тянхэи Вуҳан.

  • © REUTERS / Gleb Garanich

    Пизишк дар дохили палата дар яке аз беморхонаҳои Украина.

  • © AFP 2020 / Nhac Nguyen

    Кормандони тибб бо либоси муҳофизатӣ дар маркази муваққатии тестгирӣ дар шаҳри Ханоеи Ветнам.

  • © REUTERS / Khaled Abdullah

    Ҳамшираи шавқат бо дугоникҳои сиамӣ дар мошини ёрии таъҷилӣ ба фурудгоҳи Яман равон аст.

  • © AFP 2020 / Patrick Baz

    Кормандони беморхонае дар Ливан зери навои мусиқӣ мерақсанд.

  • © REUTERS / Ivan Alvarado

    Кормандони тибб дар хонаи пиронсаолон дар Сантяго.

  • © REUTERS / Luis Cortes

    Ҳамшираи шавқат бо тифли навзод, ки гирифтори коронавирус аст дар таваллудхонаи Толукеи Мексика.

  • © REUTERS / Luisa Gonzalez

    Пизишкти ёрии таъҷилӣ пеш аз эмгузаронӣ дар яке аз беморхонаҳои Богота дар Колумбия.

Барчаспҳо:
Ҷаҳон, қаҳрамонӣ, қаҳрамон

Девонагариҳои духтарон ба хотири зебогӣ - 12 акс

670
(Таҷдидшуда 18:17 04.03.2021)
Мегӯянд, ки зебогӣ қурбонӣ мехоҳад. Духтарон ба хотири бартараф кардан ин ё он камбудӣ ба амалҳое даст мезнанд, ки шояд барои дигарон девонагӣ намояд

Зебогӣ ба инсон рӯҳи болида мебахшад. Занонро олиҳаи ҳусн меноманд. 

Аммо баъзан зебогӣ қурбонӣ мехоҳад. Хусусан занон барои нигоҳ доштани ҳусн ва ҷавонии худ, ба амалҳое даст мезнанд, ки шояд барои дигарон девонагӣ намояд.

Масалан дар Ҷопом пештар анъанаи сиёҳ кардани дандонҳо мӯд буд. Дар Чин бошад, барои хурд кардани почаҳо онро аз хурдӣ мебастанд. 

Аксҳои ҷолиби моро дар ин бора аз гузориши аксӣ тамошо кунед.

670
  • Бартараф кардани доғи рӯй. Истифодаи технологияи навин барои бартарафсозии доғи кунҷитак. Дар даҳони зан трубаи нафаскашӣ. Маҷористон

  • Таблиғи "Кирми санитарӣ" барои харобшавӣ, Амрико

  • © CC BY 4.0 / Wellcome Collection / (cropped image)

    Таблиғи маскаҳо барои бартараф сохтани доғ ва ожанг

  • Тоскулоҳ барои ҷингила кардани мӯй. Олмон

  • © AP

    Як зани ҷопонӣ дандонашро ранг мекунад. 7 апрели соли 1966. Занҳ дар Ҷопон пештар дандонҳояшонро ранг мекарданд. Бештар ранги сиёҳ маъмул буд. Дертар ин анъана барои звнони шавҳардор гардид. То дирӯз дар Ҷопон дандонҳои тиллоӣ муд буд

  • © AP


    Моҳи октябри соли 1965. Машшотаи амрикоӣ мӯйи моделро дарзмол мекунад.

  • © AP

    Феълан бо ин анъана чиниҳо мубориза мебаранд. Дар Чин пештар занон барои хурд кардани ҳаҷми почаҳояшон онро дар хурдӣ бестанд. Акс аз соли 1936

  • © AP / Edward Kitch

    Нахустин муйхушкунад, соли 1957 дар Чикаго

  • Таблиғи ислоҳ кардани бинӣ

  • © AP

    Моделе аз Брюссел, 13 марти соли 1971

  • Карсет, акс аз соли 1908

  • © Foto Public domain

    Таблиғи чуқурак кардани рухсораҳо

День 7 марта

Ихтироъи дастгоҳи телефон: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:02 06.03.2021)
Рӯзи ҳафтуми март дар Албания – Рӯзи омӯзгор, дар Лаос – Рӯзи собиқадорон, дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа мебошад

Рӯзи 7 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.

Соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк  алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.

Соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.

Соли 2013  маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи "Бо чашми Рӯдакӣ" дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти "Звезда"-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.

Рӯзи 7 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри  Коломбо дастаи футболи  ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Соли 2016 хабар дода шуд, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар назди кафедраи "Омӯзиши Осиёи Марказӣ"-и факултети "Муносибатҳои байналмилалӣ" — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 март

  • Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.
  • Дар Лаос – Рӯзи собиқадорон.
  • Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.

Рӯзи 7 март кӣ ба дунё омадааст

Шамсиддин Ашӯров (1962)- актёри театр.

Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Алӣ Бобоев (1936) – геолог, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Сарвар Бурҳонова (1913-1998)- Китобдори Шоистаи Тоҷикистон.

Василий Кузин (1904 – 1978) – кинорежиссёр ва киноаператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Ҷўра Латифов (1938) доктори илми таърих, профессор.

Дониёр Набиев (1962) – доктори илми техникӣ.

Ҳусейнов Мирзо Довуд (1894 – 1938) – арбоби ҳизбӣ (солҳои 1929-1932 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).

Достӣ Шарифов (1936) – муаррих, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон