Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб: занони кадом кишварҳо сатр мепӯшанд, дар куҷо мамнӯъ аст?- акс

1097
(Таҷдидшуда 13:22 02.02.2021)
Якуми феврал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб шинохта шудааст. Имсол барои ҳаштумин маротиба аз ин рӯз ҷашн мегиранд. Бино ба иттилои расонаҳои исломӣ, Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар 140 кишвари дунё таҷлил мешавад

Ҳиҷоб-ин навъи сарпӯши занонаест, ки дар фарҳанги мусулмонон роиҷ ва фарз хонда мешавад.

Оғоз аз соли 2013 рӯзи якуми феврал чун Рӯзи ҳиҷоб таҷлил мешавад.

Ин рӯзи занони мусулмон мебошад. Рӯзи ҳиҷоб ҷашни ҷавонест, ки сол то сол дар ҷаҳон шӯҳраташ бештар касб мекунад.

Асосгузори Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб Назмахон, як бангладешитабори муқими Амрикост.

Ин сокини шаҳри Ню-Йорк соли 2013 аз занону духтарон новобаста аз динашон даъват кард, якуми феврал ҳиҷоб пӯшанд. Ҳадафи ин даъват поён додан ба исломбадбинӣ арзёбӣ шуд.

Назмахон, ки дар 11-солагӣ ба Амрико омадааст, чӣ будани табъизро хуб медонад. Ӯро дар мактаб барои ҳиҷоб доштанаш ҳамсабақон “Бэтмен”-у ниндзя мегуфтанд. Бо гузашти солҳо ӯ интернет-мағозаи либосҳои исломиро роҳандозӣ  кард.

Баъди ин аз занону духтарон ҳазорҳо мактуб унвонии вай мерасанд ва аз табъиз шудан мегӯянд. Ҳамин чиз сабаби даъват барои ҷашнгирӣ аз Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб мешавад.

Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳар сари чанд вақт баҳсҳо дар бораи манъи ҳиҷобпӯшии занони мусалмон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ авҷ мегиранд. Ҳолатҳои баҳсҳои додгоҳӣ низ сари ин масъала ба назар мерасиданд.

Масалан, дар Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Эрон ва Яман пӯшидани ҳиҷоб на танҳо тибқи қонун ташвиқ карда мешавад, балки ҳатмӣ мебошад.

Дар яке аз бонкҳои Тоҷикистон ба пӯшидани ҳиҷоб иҷозат доданд

Дар Тоҷикистон бархе аз мақомҳо сатру ҳиҷобро либоси ба фарҳанги миллӣ бегона тавсиф мекунанд. Аз соли 2014 ба ин сӯ ин мавзӯъ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле гарм аст. 

Дар Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон, баръакс, пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатӣ манъ аст.

Қазоқистон ҳатто барои пӯшидани ҳиҷоб ба андозаи 50 музди ҳадди ақал ҷарима таъин кард.

Дар бисёр кишварҳои Аврупо пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонун мамнӯъ аст.

Аммо на танҳо дар кишварҳое, ки шумораи зиёди шаҳрвандони мусулмон доранд, либоси суннатӣ иҷозат дода нашудааст.

Соли 2004 Фаронса пӯшидани ҳиҷобро дар муассисаҳои таълимӣ манъ кард.

Ин боиси зиёд гаштани мавҷи норозиён гашт, зеро ин мавқеъ ба нақзи арзиҳои дини Ислом равона шуда буд.
Ин қонун дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо: Италия, Испания, Австрия, Белгия, Дания, Булғористон ва Олмон низ қабул шудааст.

Дар Русия ҷанҷоли марбут ба либоси суннатии исломӣ се маротиба авҷ гирифт. Соли 2012, дар қаламрави Ставропол, донишҷӯдухтарон дар муассисаҳои таълимии воқеъ дар минтақаҳои дорои шумораи зиёди аҳолии мусалмон иҷозати пӯшидани ҳиҷобро надоштанд.

Аммо мақомоти Зеландияи Нав ба таври дигар тасмим гирифтанд - духтарони мусалмон, ки дар полис хидмат мекунанд, акнун метавонанд сарпӯши либоси махсус бо ҳиҷоб ба бар кунанд.

1097
  • © AFP 2020 / Saeed Khan

    Духтари роҳинҷӣ пеш аз намози нисфирӯзӣ дар як мактаби ҳамагонӣ дар Кланги Мянмар

  • © Sputnik / Vladimir Astapkovich

    Заҳро Лори (АМА) зимни як давраи омӯзишӣ пеш аз оғози мусобиқаи яхмолакбозӣ дар Универсиадаи XXIX Умумиҷаҳонии 2019. Заҳро Лори нахустин конкитоз аз АМА буд, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳунарнамоӣ кард ва аввалин шуда дар назди мардум бо ҳиҷоб баромад кард.

  • © AFP 2020 / Romeo Gacad

    Духтари ҷавони ҳиҷобпӯш дар гимназияи Ҷакарта дар бозии намоиши шоҳмот иштирок мекунад

  • © AFP 2020 / Kirill Kudryavtsev

    Зани ҳиҷобпӯш дар назди биное бо нишонаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар маркази намоишгоҳи умумирусиягӣ дар Маскавба скутерсаворӣ мекунад

  • © AFP 2020 / Said Khatib

    Занони фаластинӣ дар марафоне, ки ба хотимаи хушунат алайҳи занони Ғазза бахшида шудааст, ширкат мекунанд

  • © AFP 2020 / Sam Panthaky

    Духтарони мактабҳои ҳиндӣ зимни як семинари йога дар Аҳмадободи Ҳиндустон

  • © AP / Jacquelyn Martin

    Духтари ҷавони ҳиҷобпӯш ба шаби хатм дар мактаби миёна дар Германтуани ИМА омодагӣ мегирад

  • © Sputnik / Kirill Kallinikov

    Духтари мусалмон дар як автобуси Лондон.

  • © AFP 2020 / Oli Scarff

    Шоҳзода Уилям бо мардуми Брэдфорд сӯҳбат мекунад

  • © AFP 2020 / Chaideer Mahyuddin

    Занони ҳиҷобпӯш ва ниқобпӯш дар Банда Ачехи Индонезия

  • © AFP 2020 / Atta Kenare

    Хонандагони мактабҳои эронӣ дар суханронии президент Ҳасани Рӯҳонӣ дар парлумони Теҳрон ширкат мекунанд

  • © AP / Lefteris Pitarakis

    Модели мусалмон Ҳалима Аден ҳангоми намоиши мӯд дар Истамбул

  • © Sputnik / Ilya Pitalev

    Фотима Аҳмад аз Урдун дар мусобиқаи пауэрлифтинг байни занон дар вазни 52 кг дар Бозиҳои XIV тобистонаи паралимпӣ дар Лондон.

  • © AFP 2020 / Vyacheslav Oseledko

    Духтарон дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар Бишкек

  • © AP / Andrew Medichini

    Ибтиҳоҷ Муҳаммад, нахустин варзишгари зан дар ИМА, ки ҳиҷоб ба бар кардааст,
    пирӯзияшро дар мусобиқаи нимфиналии фехтование дар Олимпиадаи тобистона ҷашн мегирад

  • © AP / Jennifer Peltz

    Афсари мустаъфӣ Алия Тейлор бо саги худ дар як нишасти матбуотӣ дар клуби сагпарварии Вестминстер дар Ню Йорк

  • © AFP 2020 / Vyacheslav Oseledko

    Занҳои қирғиз Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷобро дар Бишкек ҷашн мегиранд

  • © AFP 2020 / Madaree Tohlala

    Донишҷӯи мусулмони ҳиҷобпӯш дар қатора меравад. Тайланд

Қаҳрамонанд: изҳори муҳаббат ба занони давобахш

53
(Таҷдидшуда 17:14 05.03.2021)
Дар воқеъ пизишкон қаҳрамонони имрӯз ҳастанд. Талоши бонувони хилъатпӯш барои наҷоти ҷони инсоният боиси таҳсину офарин аст

То рӯзи 8 - март, иди бонувон рӯзҳои башумор боқӣ мемонад.

Ҳар як зан ва ба вижа занони пизишк арзандаанд, ки бароияшон ин рӯз фаромушнашаванда гардад.

Саҳми ҳар як пизишк дар наҷоти ҷони инсоният дар ин рӯзҳои мушкил беандоза ҳаст.

Sputnik Тоҷикистон гузориши аксиеро аз равиши кори пизишкон ва наҷоти ҷони одаомн омода кардааст.

Дар ин гузориш аксҳо аз беморхонаҳои гуногуни ҷаҳон гирд оварда шудаанд.

Ҷое пизишкон дар ҳоли изтироб дар талоши наҷоти ҷон ҳастанду ҷое барои болидагии хотири пиронсолон рақс мекунанд.

Дар ҳар ҳоле, ки набошанд, таманно мекунем, ки пизишкон доимо сиҳату саломат бошанд!

53
  • © REUTERS / Flavio Lo Scalzo

    Пизишк Анналиса Малара дар беморхонаи Сан-Маттео дар Павияи Итолиё.

  • © AP / Brian Inganga

    Ҳамшираҳои шавқат дар найробии Кения.

  • © Sputnik / Mikhail Voskresenskiy

    Ҳамширафи шавқат дар бемористони №2 шаҳри Маскав.

  • © REUTERS / Geoff Caddick / Pool

    Сарвазири Бритониёи Кабир Борис Ҷонсон бо ҳамшираи шавқат ҳангоми боздид аз маркази эмгузаронӣ дар Кумбран.

  • © REUTERS / Giorgos Moutafis

    Ҳамшираи шавқат дар назби бемор дар яке аз беморхонаҳои Афина.

  • © REUTERS / Juan Medina

    Кормандони хонаи пиронсолон ҳамроҳи бемор қабл аз эмгузаронӣ дар Мадриди Испания.

  • © Sputnik / Iliya Pitalev

    Ҳамшираи шавқат дар шӯъбаи эҳё дар яке аз беморхонаҳои Маскав, ба бемор ғизо медиҳад.

  • © REUTERS / Jon Nazca

    Корманди тибб вояи ваксинаи Pfizer-BioNTech - ро барои эмгузаронӣ дар Рондеи Испания омода мекунад.

  • © REUTERS / Pilar Olivares

    Кормандони тибб дар кунҷу канори Рио-де-Жанейрои Бразилия мардумро эм мекунанд.

  • © REUTERS / Matias Baglietto

    Пизишкон ҳангоми эмкунӣ бо ваксинаи Sputnik V дар майдони Ривер Плейти Буэнос-Айресе. Аргентина.

  • © AP / Ng Han Guan

    Корманди тибб дар шаҳраки Тсилини Чин бо ҳамкорони худ дар фурудгоҳи байналмилалии Тянхэи Вуҳан.

  • © REUTERS / Gleb Garanich

    Пизишк дар дохили палата дар яке аз беморхонаҳои Украина.

  • © AFP 2020 / Nhac Nguyen

    Кормандони тибб бо либоси муҳофизатӣ дар маркази муваққатии тестгирӣ дар шаҳри Ханоеи Ветнам.

  • © REUTERS / Khaled Abdullah

    Ҳамшираи шавқат бо дугоникҳои сиамӣ дар мошини ёрии таъҷилӣ ба фурудгоҳи Яман равон аст.

  • © AFP 2020 / Patrick Baz

    Кормандони беморхонае дар Ливан зери навои мусиқӣ мерақсанд.

  • © REUTERS / Ivan Alvarado

    Кормандони тибб дар хонаи пиронсаолон дар Сантяго.

  • © REUTERS / Luis Cortes

    Ҳамшираи шавқат бо тифли навзод, ки гирифтори коронавирус аст дар таваллудхонаи Толукеи Мексика.

  • © REUTERS / Luisa Gonzalez

    Пизишкти ёрии таъҷилӣ пеш аз эмгузаронӣ дар яке аз беморхонаҳои Богота дар Колумбия.

Барчаспҳо:
Ҷаҳон, қаҳрамонӣ, қаҳрамон

Девонагариҳои духтарон ба хотири зебогӣ - 12 акс

671
(Таҷдидшуда 18:17 04.03.2021)
Мегӯянд, ки зебогӣ қурбонӣ мехоҳад. Духтарон ба хотири бартараф кардан ин ё он камбудӣ ба амалҳое даст мезнанд, ки шояд барои дигарон девонагӣ намояд

Зебогӣ ба инсон рӯҳи болида мебахшад. Занонро олиҳаи ҳусн меноманд. 

Аммо баъзан зебогӣ қурбонӣ мехоҳад. Хусусан занон барои нигоҳ доштани ҳусн ва ҷавонии худ, ба амалҳое даст мезнанд, ки шояд барои дигарон девонагӣ намояд.

Масалан дар Ҷопом пештар анъанаи сиёҳ кардани дандонҳо мӯд буд. Дар Чин бошад, барои хурд кардани почаҳо онро аз хурдӣ мебастанд. 

Аксҳои ҷолиби моро дар ин бора аз гузориши аксӣ тамошо кунед.

671
  • Бартараф кардани доғи рӯй. Истифодаи технологияи навин барои бартарафсозии доғи кунҷитак. Дар даҳони зан трубаи нафаскашӣ. Маҷористон

  • Таблиғи "Кирми санитарӣ" барои харобшавӣ, Амрико

  • © CC BY 4.0 / Wellcome Collection / (cropped image)

    Таблиғи маскаҳо барои бартараф сохтани доғ ва ожанг

  • Тоскулоҳ барои ҷингила кардани мӯй. Олмон

  • © AP

    Як зани ҷопонӣ дандонашро ранг мекунад. 7 апрели соли 1966. Занҳ дар Ҷопон пештар дандонҳояшонро ранг мекарданд. Бештар ранги сиёҳ маъмул буд. Дертар ин анъана барои звнони шавҳардор гардид. То дирӯз дар Ҷопон дандонҳои тиллоӣ муд буд

  • © AP


    Моҳи октябри соли 1965. Машшотаи амрикоӣ мӯйи моделро дарзмол мекунад.

  • © AP

    Феълан бо ин анъана чиниҳо мубориза мебаранд. Дар Чин пештар занон барои хурд кардани ҳаҷми почаҳояшон онро дар хурдӣ бестанд. Акс аз соли 1936

  • © AP / Edward Kitch

    Нахустин муйхушкунад, соли 1957 дар Чикаго

  • Таблиғи ислоҳ кардани бинӣ

  • © AP

    Моделе аз Брюссел, 13 марти соли 1971

  • Карсет, акс аз соли 1908

  • © Foto Public domain

    Таблиғи чуқурак кардани рухсораҳо

День 7 марта

Ихтироъи дастгоҳи телефон: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:02 06.03.2021)
Рӯзи ҳафтуми март дар Албания – Рӯзи омӯзгор, дар Лаос – Рӯзи собиқадорон, дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа мебошад

Рӯзи 7 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1876 дастгоҳи телефон ихтироъ карда шуд.

Соли 1926 миёни Лондон ва Ню Йорк  алоқаи радиотелефонӣ барқарор карда шуд.

Соли 1966 Президенти вақти Фаронса Шарл Де Голл дар бораи мақсади баромадани Фаронса аз ҳайати ташкилоти ҳарбии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ хабар дод.

Соли 2013  маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи "Бо чашми Рӯдакӣ" дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти "Звезда"-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.

Рӯзи 7 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри  Коломбо дастаи футболи  ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Соли 2016 хабар дода шуд, ки бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар назди кафедраи "Омӯзиши Осиёи Марказӣ"-и факултети "Муносибатҳои байналмилалӣ" — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 март

  • Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.
  • Дар Лаос – Рӯзи собиқадорон.
  • Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.

Рӯзи 7 март кӣ ба дунё омадааст

Шамсиддин Ашӯров (1962)- актёри театр.

Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) – Рассоми халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Алӣ Бобоев (1936) – геолог, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Сарвар Бурҳонова (1913-1998)- Китобдори Шоистаи Тоҷикистон.

Василий Кузин (1904 – 1978) – кинорежиссёр ва киноаператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Ҷўра Латифов (1938) доктори илми таърих, профессор.

Дониёр Набиев (1962) – доктори илми техникӣ.

Ҳусейнов Мирзо Довуд (1894 – 1938) – арбоби ҳизбӣ (солҳои 1929-1932 Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).

Достӣ Шарифов (1936) – муаррих, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон