Дар бархе аз навоҳии Олмон сатҳи оби дарёҳо боло рафта, дар сартосари мамлакат обхезии шадидро ба вуҷуд овардааст.
Бар асоси иттилои расмӣ, сатҳи оби дарёи Рейн дар самти шимол аз шаҳри Келн боло рафта, аз ҷумла Дюсселдорф, Дейсбург ва Везелро фаро гирифтааст.
Паҳнкунандагони хабари дурӯғ дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум боздошт шуданд
Дар қисмати ҷануби Олмон заминҳои Рейнланд-Пфалтс ва Гессен мавриди обхезӣ қарор гирифтаанд.
Дар пайи болоравии сатҳи об то як муддат инчунин ҳаракати киштиҳо дар дарёи Рейн мутаваққиф шуд, чун ҳаракат аз зери пулҳо аллакай хатарнок шуда буд.
Сокинони ноҳияҳои шарқии Саксония ба ҳимояи манзилҳои истиқоматии худ аз офати табиӣ хеста, гирду атрофи хонаҳояшонро бо халтаҳои хокӣ девор бардоштанд. Дар ин қисмат низ оби дарёи Свёнитс аз соҳил берун рафта, ба хонаҳои мардум таҳдид эҷод кард.
Бар асосии пешгӯии ҳавошиносони олмонӣ, то рӯзҳои истироҳат вазъ метавонад ба далели болоравии сатҳи оби дарёҳо бадтар шавад.
Абри болои дарёи Рейн дар Келн
Роҳи оҳан дар мавзеи зериобмонда дар Олмон
Қу, мурғи обие дар майдони бозии кӯдакон, ки зери об мондааст
Чағалак ё худ мурғи дарёӣ дар болои тахтаи роҳнамо
Мард ҳангоми аксгирии обхезӣ дар Келн
Ҷои бозии кӯдакон, ки зери об мондааст
Хонаҳо дар хиёбони зериобмонда дар Олмон
Одамон дар наздикии соҳили зериобмонда дар Келн
Қатор ҳангоми убур аз роҳи оҳан дар минтақаи зериобмонда дар Олмон
Тарабхонаи болои об дар Олмон
Ғолибони озмуни "Мошини сол" ҳар сол дар намоишгоҳи худравҳои Женева эълон карда мешаванд. Аммо, имсол ин озмун бинобар пандемия лағв шуд ва овоздиҳӣ ба таври маҷҷози сурат гирифт. Ҳайати доваронро 59 рӯзноманигор, ки 22 кишвари Аврупоро намояндагӣ мекунанд,ташкил медод. Маҳз ҳамин доварон ғолибонро эълон карданд.
Тамоюли мошинҳои хурд тағйир наёфтааст - ва имсол мошинҳо шакли хетчбеки шаҳрӣ аз Toyota беҳтарин мошин барои Аврупо дониста шуд.
Раҳмон “Арактор” ихтироъ кард : мошини ҳайратовар ва бурранда -видео
Toyota Yaris-и нав дар охири соли 2019 муаррифӣ шуд ва фурӯши аврупоии он аз соли 2020 оғоз ёфт. Фурӯши мошинҳои ҷопонӣ аз Peugeot 208 ва Dacia Sandero зиёд будааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Peugeot 208 беҳтарин мошин дар Аврупо шинохта шуда буд.
Toyota Yaris дар намоиши Palexpo дар Женеве. Беҳтарин худрави соли 2021 эълон шуд
Toyota Yaris дар маросими ҷоизасупории "Худрави соли 2021" дар Женеве
Худрави Fiat 500 Electric дар моқими дувум ҷой гирифт. Ин худрав низ дар Аврупо яке аз беҳтарин дониста шуд
Худрави севум, ки ба аврупоиҳо писанд омадааст Cupra Formentor будааст
Дар ҷои чаҳорум худрави электрикии VW ( Volkswagen) ID.3. ҷой гирифтааст
Худрави Škoda Octavia дар мақоми панҷум ҷой гирифтаст
Land Rover Defender – дар яке аз ҷойҳои охири ин феҳрист ҷой гирифтааст.
Худрави барқии Citroen e-C4 дар ҷои охир қарор гирифт
Фарқи асосӣ дар фасл аст, дар акси ҳол, андешаҳо ва проблемаҳо ба ҳам монанданд.
Оё коронавирус коҳиш меёбад? Аз табиат чӣ сюрпризҳоро интизор шуда метавон? Сиёсатмадорон чӣ ваъда медиҳанд ва чӣ кор мекунанд?
Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ хокистарро то панҷ километр пароканда кард - навор
Ва як саволи асосӣ: чӣ бояд кард, то соли пандемия ба давраи комилан аз ҳаёт покшуда табдил наёбад?
Хурсандии хурдро нодида нагирифтан, ҳаракат кардан, эҷод кардан, табассум кардан, - чунин мешуморанд бисёр сокинони сайёраи мо, ки роҳи ҳалли мушкилии феълӣ аст.
Иштирокчии намоиши коллексияи либосҳои кӯдакон аз тарроҳ Светлана Анохина дар доираи Ҳафтаи мӯди Қрим.
Духтарак дар намоиши Teamlab Borderless дар Шонгхой
Хуруҷи вулқони Синабунг дар Индонезия.
Президенти пешини Фаронса Николя Саркозӣ ба толори додгоҳи Париж ворид мешавад
Духтарони афғон дар тамрини таэквондо.
Митинг алайҳи зӯроварӣ нисбати занон дар Мехико.
Ҷадвали муми Одри Хепберн дар Стейкхаус Питер Люгер дар Ню Йорк.
Полис намоиши эътирозиро дар Бангкок, Таиланд пароканда мекунад.
Бачаи бабр дар боғи ҳайвоноти хусусии Аморот бо тӯб бозӣ мекунад.
Марде алайҳи бастани марказҳои фитнес дар Олмон эътироз мекунад.
Чароғҳои шимолӣ дар Лапландия.
Сокинон ба итмом расидани фосилаи иҷтимоиро дар Чи Лин, музофоти Хай Дуонг, Ветнам ҷашн мегиранд.
Рақси танго дар Париж
Шикаст дар рафи яхи Брунт дар Антарктида.
Меҳмонхонаи Тоҷмаҳал, Мумбай
Боғи истироҳатӣ дар Пекин
Зарофа дар Кения аз роҳ мегузарад
Эътирозгаре, ки полис ҳангоми тазоҳурот алайҳи кудатои низомӣ дар Янгони Мянмар боздошт кард.
Хонандагон дар Фаластин автобусро интизоранд
Моҳ дар заминаи бурҷи Эйфел дар Париж
Духтар дар соҳили Де Каталан дар Марсели Фаронса.
Пекин, роҳгузарон
Занон дар соҳили ҷазоири Занзабир.
Мужчина в защитных масках на лице во время празднования Пурима в Иерусалиме.
Чархболи низомӣ ҳангоми намоишгоҳи силоҳ дар Кобули Афғонистон.
Марде бо телефизор дар Юнон дар назди хонаи харобшуда
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шабакаи якуми телевизиони Русия дар бораи роҳёбии Манижа Сангин ба Евровидение-2021 эълон кард.
Гуфта мешавад, Манижа Сангин Русияро бо таронаи Russian woman. намояндагӣ хоҳад кард.
Қаблан шабака иттилоъ дода буд, ки иштирокчии Евровидение аз кишвар рӯзи душанбе - бо овоздиҳии тамошобинон дар як намоиши махсуси идона муайян карда мешавад.
Довталабон Manizha, #2Маши или Therr Maitz буданд, ки тоҷикдухтар соҳиби роҳхат ба Евровидение-2021 гардид.
Евровидение-2021 рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор мешавад ва дар он сарояндагон аз 41 кишвар ширкат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, озмун ба таври муқаррарӣ баргузор мешавад, аммо ҳайатҳо ва шумораи рӯзноманигорон коҳиш дода мешаванд.
Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео
Ҳанӯз маълум нест, ки тамошобинон ба намоишҳо ҳозир мешаванд ё не.
Соли гузашта Евровидение бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуда буд. Мебоист Русияро гурӯҳи Little Big намояндагӣ мекард.
Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики муқими Русия соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст ва ба гуфти худаш замони нооромиҳо бо аҳли оилаашон ба Русия омадааст.
Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.
Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфт қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд. Ахиран ӯ намоҳанги худ "Не до славянка"-ро пешкаши мухлисон кард ва дар он бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом дод, ки ин тарона мавриди истиқболи коргарон қарор гирифт.
Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон
Номбурда мегӯяд, аз 8-солагӣ ба эҷоди суруд машғул ҳаст ва ҳамаи намоҳангҳои худро худаш монтаж ва омода мекунад.
Ӯ ахиран соли гузашта нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд.