Ҷангалҳои Австралия боз ба коми оташ рафтаанд - дар соҳилҳои ғарбии ин кишвар сӯхторҳои ҷангал идома доранд.
Ҳудуди сӯхтор тақрибан 60 километрро ташкил медиҳад. То ҳол, сӯхтор беш аз 6 ҳазор гектар ҷангал ва тақрибан 30 манзилро нобуд кард.
Оташ ба шаҳрҳо наздик шуда истодааст ва сокинони маҳаллӣ кӯшиш доранд, ки аз оташ раҳо ёбанд. Оташнишонҳо тавсия медиҳанд, ки сокинони маҳаллӣ дар марказҳои махсус бимонанд.
Дар маҷмӯъ, тақрибан 400 нафар сокинон аз хонаҳои худ ба ҷои амн кӯчонида шуданд.
Сӯхторро тақрибан 300 нафар оташнишонон хомӯш мекунанд. Хабарҳо ҳаст, ки зимни хомӯш кардани оташ як оташнишон маҷрӯҳ шудааст.
Сабаби сӯхтор то ҳол муайян нашудааст.
Сӯхтори ҷангал дар адири Вуролоу, наздики бандари Пертаи Австралия
Омодагии оташнишонони Австралия барои хомӯш кардани сӯхтори ҷангал
Оташнишонони дар сӯхтор дар Вуроло, наздик ба бандари Австралия
Сокинон сӯхтори ҷангалро, ки шамол онро авҷ додааст, тамошо доранд
Оташнишон дар амалиёти сӯхторхомушкунӣ дар Вуроло наздикии бандари Перта дар Австралия
Шамол сӯхторро дар Австралия авҷ додааст
Сӯхтор дар наздикии роҳи мошингард дар Варолоу наздикии бандари Перта дар Австралия
Сӯхтори ҷангал дар Австралия. Оташнишонон омодаи сухторхомушкунӣ ҳастанд
Мошинҳои оташнишонкунӣ дар наздикии шаҳраки Бригадун
Таркиши нави кӯҳи Этна дар соҳили шарқии Ситсилияро мутахассисони Институти миллии геофизика ва вулқоншиносии Италия сабт карданд.
Ҳафтаи гузашта, ин вулқон фаъол шуд ва тибқи гуфтаи олимон, афзоиши навбатии фаъолият рӯзи 16 феврал, тахминан соати соати 16:10 (18:10 ба вақти Маскав) оғоз ёфт ва онро фаввораҳои лава ва партоби қудрати хокистари вулқон ҳамроҳӣ карданд, ки ин абри азимеро ба вуҷуд овард. Баландии абре, ки вулқони Этна ба вуҷуд овард ба 1 километр баробар буд.
Хуруҷи Этна боиси бастани фазои ҳавоӣ дар ин минтақа шуд. Маъмурияти Фурудгоҳи байналмилалии Катания фаъолияти худро ба муддати номуайян боздоштааст, зеро хадамот амнияти парвозҳоро таъмин карда наметавонанд.
Этна баландтарин вулқони фаъол дар Аврупо ба шумор меравад.
Дар моҳи июни соли 2013, он ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд. Моҳи марти соли 2017, ҳангоми хуруҷи вулқони дигар дар Ситсилия даҳ нафар маҷрӯҳ шуданд.
Таркиши нави кӯҳи Этна дар соҳили шарқии Ситсилияро мутахассисони Институти миллии геофизика ва вулканологияи Италия сабт карданд
Ҳафтаи гузашта, ин вулқон фаъол шуд
Баландии абре, ки вулқони Этна ба вуҷуд овард ба 1 километр баробар буд.
Этна баландтарин вулқони фаъол дар Аврупо ба шумор меравад.
Дар моҳи июни соли 2013, он ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд.
Моҳи марти соли 2017, ҳангоми хуруҷи вулқони дигар дар Ситсилия даҳ нафар маҷрӯҳ шуданд.
Хуруҷи Этна боиси бастани фазои ҳавоӣ дар ин минтақа шуд
Маъмурияти Фурудгоҳи байналмилалии Катания фаъолияти худро ба муддати номуайян боздоштааст, зеро хадамот амнияти парвозҳоро таъмин карда наметавонанд.
Барои дидани намоҳои нуқтаҳои гуногуни Замин аз кайҳон дар асри ҷадид шарт нест, инсон кайҳоннавард бошад. Кофист, ки танҳо ба аксҳое, ки мо барои шумо интихобу ҷамъоварӣ кардаем, назар кунед.
Замин аз кайҳон ба куллӣ дигаркуна ба назар мерасад. Худи ҳамон кӯҳҳо, абрҳо, соҳилҳо ва ҷазираҳо аз фазои кайҳонӣ ғайриоддӣ ва баъзан шинохтанашавандаанд.
Беҳтарин аксҳо ва паёмҳо аз кайҳон дар моҳи май - гузориши аксӣ
Кайҳонавардонро, ки чунин манзараҳоро мебинанд, хушбахт гуфтан мумкин аст. Ҳангоми сафар ба кайҳон, аксарияти онҳо дастгоҳҳои аксбардориро худро бо худ мегиранд, то баъдтар тамоми зебоиҳои сайёраи худро ба онҳое намоиш диҳанд, ки аз имконияти беназири дидани манзараҳои заминӣ аз кайҳон маҳруманд.
Мо дар гузориши тасвириии худ аксҳои дар замонҳои гуногун гирифтаи кайҳоннавардони Пойгоҳи байналмилалии кайҳониро ҷамъ овардем. Тамошо кунед ва лаззат баред.
Акси силсилакуҳҳои Қароқурум, ки Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус аз саҳни Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ бардоштааст
Ҷазираи Тупаи, ки шаклан ба дил монанд асту яке аз мавзеъҳои романтикии замин ба шумор меравад. Аксро Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус бардоштааст
Масоҳати васеи биёбони Арабистонро доманакӯҳҳо ва тӯдаҳои бузурги рег, ки ҳоло шумо мебинед, ишғол мекунанд. Аксро Сергей Куд-Сверчков, кайҳоннаварди рус аз саҳни Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ бардоштааст.
Кӯҳи барфпӯши Фуҷияма, ки онро кайҳонаварди Ҷопон Соити Ногути гирифтааст
Пекини шабона, ки кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст
Тӯфони регӣ, ки аз биёбони Сахара омада истодааст. Онро кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст.
Вид из космоса на вулкан Этна на Сицилии, снятый российским космонавтом Сергеем Кудь-Сверчковым с МКС
Яке аз нуктаҳои ҷолиби табии Австралия, сангпораи Урулу
Биёбони Душти Лут дар Эрон
Кули африқоии Чад
Ҷазираҳои сабз, ки истироҳатгоҳи Кабо Верде дар он ҷо ҷойгир аст
Нурҳои шабонаи Порис, Фаронса
Абрҳои нуқрагуне, ки онро кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст
Намои кайҳонии Кабо Верде, ки кайҳонаварди рус Сергей Куд-Сверчков аксбардорӣ намудаст
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ муваққатан баста шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, тайи як рӯзи ахир бар асари боришоти шадид дар километри 67-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ва шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.
"Кори рафъи оқибатҳои тармафароӣ идома дорад",-афзудааст манбаъ.
Ғайр аз он, дар давоми рӯзи гузашта наҷотдиҳандагон ронандагон ва мусофирони 28 автомашинаро, ки аз километри 65-ум то 73-юми роҳи Душанбе-Айнӣ банд буданд, берун овардаанд.
ГУфта мешавад, барои таъмини бехатарии ронандагон дар зимистон ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам аз ҷониби наҷотдиҳандагони шӯъбаҳои вокуниши Кумита посбонӣ карда мешаванд.
Ин ниҳод ҳамзамон аҳолиро аз хатари баланди резиши тарма, сангрезӣ, яхбандӣ, гардиши барф дар қисматҳои кӯҳистонии роҳҳо вобаста ба шароити обу ҳаво ҳушдор медиҳад.
Кумита хотиррасон мекунад, ки эҳтиёткор бошед ва ҳушёриро дар роҳҳо аз даст надиҳед, агар имконпазир бошад, аз ҳаракат дар қитъаҳои хатарноки роҳ, ҷамъоварии ҳезум ва сайругашт дар кӯҳҳо худдорӣ кунед.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ инчунин ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки дар сурати яхбандӣ қоидаҳои ҳаракат ва масофаи заруриро дар шароити душвори обу ҳаво риоя кунанд.