Ҳаёт бидуни вируси корона: зиндагии мардуми Тибет чӣ гуна аст - гузориши аксӣ

265
(Таҷдидшуда 12:07 11.02.2021)
Ноҳияи худмухтори Тибети Чин яке аз манотиқи ангуштшумор мебошад, ки бидуни вируси корона ба сар мебарад. Ин ҷо танҳо як ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст

Инзивои минтақаи худмухтори Тибет дар Чин, бинобар ҷойгиршавӣ дар баландкӯҳ ва дурдастӣ мардуми ин ҷоро аз вирус эмин дошт.

Дар инҷо дар давоми тамоми пандемияи COVID-19 танҳо як ҳолати сироят ошкор карда шудааст.

Беморӣ дар Тибет 29 январи соли 2020 кашф карда шуд. Ин мард ба Лхасаи Тибет аз ноҳияи Суйчҷоуи вилояти Ҳубэй омада буд.

Маҳз аз ҳамин вилояти Ҳубей, ки шаҳри Вуҳан дар ҷойгир аст, паҳншавии навъи нави коронавирус оғоз ёфт.

Ҳаёти тибетиҳо дар ин соли вазнини тамоми ҷаҳон амалан аз соли гузашта фарқе надошт. Хуб, ба ҷуз он ки ниқобҳо бояд дар ҷойҳои серодам пӯшида мешуданд.

Чӣ тибетиҳоро аз сирояти марговар муҳофизат мекунад? Шояд кӯҳҳо ва табиат? Ё шояд тарзи ҳаёти суннатии онҳо.

Зиндагии бидуни вируси коронаи тибетиҳоро аз гузориши аксии  Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

265
  • © Sputnik

    Ноҳияи худмухтори Тибети Чин яке аз манотиқи ангуштшумор мебошад, ки бидуни вируси корона ба сар мебарад.

  • © Sputnik

    Ин ҷо дар аввали соли 2020 танҳо як ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шуда буд.

  • © Sputnik

    Сокинони маҳаллии шаҳри Лхаса.

  • © Sputnik

    Сокинони маҳаллии шаҳри Лхасаи Тибет.

  • © Sputnik

    Сокинони маҳаллии шаҳри Лхасаи Тибет.

  • © Sputnik

    Инзивои минтақаи худмухтори Тибет дар Чин, бинобар ҷойгиршавӣ дар баландкӯҳ ва дурдастӣ мардуми ин ҷоро аз вирус эмин дошт.

  • © Sputnik

    Зоирини Тибет дар шаҳри Лхаса.

  • © Sputnik

    Зоири Тибет дар шаҳри Лхаса.

  • © Sputnik

    Бемор дар Тибет 29 январи соли 2020 кашф карда шуд. Ин мард ба Лхасаи Тибетӣ аз ноҳияи Суйчҷоуи вилояти Ҳубэй омада буд.

  • © Sputnik

    Сайёҳони Тибет дар шаҳри Лхаса.

  • © Sputnik

    Сайёҳони Тибет дар шаҳри Лхаса.

  • © Sputnik

    Қасри Потала дар шаҳри Лхасаи Тибет.

  • © Sputnik

    Сайёҳони Тибет дар шаҳри Лхаса.

  • © Sputnik / Zhanna Manukyan

    Сокинони шаҳри Лхаса.

  • © Sputnik

    Зане бо кӯдакаш дар кучаи шаҳри Лхаса.

  • © Sputnik

    Монахи тибетӣ дар шаҳри Лхаса.

Барчаспҳо:
Чин

Қаҳрамонанд: изҳори муҳаббат ба занони давобахш

32
(Таҷдидшуда 17:14 05.03.2021)
Дар воқеъ пизишкон қаҳрамонони имрӯз ҳастанд. Талоши бонувони хилъатпӯш барои наҷоти ҷони инсоният боиси таҳсину офарин аст

То рӯзи 8 - март, иди бонувон рӯзҳои башумор боқӣ мемонад.

Ҳар як зан ва ба вижа занони пизишк арзандаанд, ки бароияшон ин рӯз фаромушнашаванда гардад.

Саҳми ҳар як пизишк дар наҷоти ҷони инсоният дар ин рӯзҳои мушкил беандоза ҳаст.

Sputnik Тоҷикистон гузориши аксиеро аз равиши кори пизишкон ва наҷоти ҷони одаомн омода кардааст.

Дар ин гузориш аксҳо аз беморхонаҳои гуногуни ҷаҳон гирд оварда шудаанд.

Ҷое пизишкон дар ҳоли изтироб дар талоши наҷоти ҷон ҳастанду ҷое барои болидагии хотири пиронсолон рақс мекунанд.

Дар ҳар ҳоле, ки набошанд, таманно мекунем, ки пизишкон доимо сиҳату саломат бошанд!

32
  • © REUTERS / Flavio Lo Scalzo

    Пизишк Анналиса Малара дар беморхонаи Сан-Маттео дар Павияи Итолиё.

  • © AP / Brian Inganga

    Ҳамшираҳои шавқат дар найробии Кения.

  • © Sputnik / Mikhail Voskresenskiy

    Ҳамширафи шавқат дар бемористони №2 шаҳри Маскав.

  • © REUTERS / Geoff Caddick / Pool

    Сарвазири Бритониёи Кабир Борис Ҷонсон бо ҳамшираи шавқат ҳангоми боздид аз маркази эмгузаронӣ дар Кумбран.

  • © REUTERS / Giorgos Moutafis

    Ҳамшираи шавқат дар назби бемор дар яке аз беморхонаҳои Афина.

  • © REUTERS / Juan Medina

    Кормандони хонаи пиронсолон ҳамроҳи бемор қабл аз эмгузаронӣ дар Мадриди Испания.

  • © Sputnik / Iliya Pitalev

    Ҳамшираи шавқат дар шӯъбаи эҳё дар яке аз беморхонаҳои Маскав, ба бемор ғизо медиҳад.

  • © REUTERS / Jon Nazca

    Корманди тибб вояи ваксинаи Pfizer-BioNTech - ро барои эмгузаронӣ дар Рондеи Испания омода мекунад.

  • © REUTERS / Pilar Olivares

    Кормандони тибб дар кунҷу канори Рио-де-Жанейрои Бразилия мардумро эм мекунанд.

  • © REUTERS / Matias Baglietto

    Пизишкон ҳангоми эмкунӣ бо ваксинаи Sputnik V дар майдони Ривер Плейти Буэнос-Айресе. Аргентина.

  • © AP / Ng Han Guan

    Корманди тибб дар шаҳраки Тсилини Чин бо ҳамкорони худ дар фурудгоҳи байналмилалии Тянхэи Вуҳан.

  • © REUTERS / Gleb Garanich

    Пизишк дар дохили палата дар яке аз беморхонаҳои Украина.

  • © AFP 2020 / Nhac Nguyen

    Кормандони тибб бо либоси муҳофизатӣ дар маркази муваққатии тестгирӣ дар шаҳри Ханоеи Ветнам.

  • © REUTERS / Khaled Abdullah

    Ҳамшираи шавқат бо дугоникҳои сиамӣ дар мошини ёрии таъҷилӣ ба фурудгоҳи Яман равон аст.

  • © AFP 2020 / Patrick Baz

    Кормандони беморхонае дар Ливан зери навои мусиқӣ мерақсанд.

  • © REUTERS / Ivan Alvarado

    Кормандони тибб дар хонаи пиронсаолон дар Сантяго.

  • © REUTERS / Luis Cortes

    Ҳамшираи шавқат бо тифли навзод, ки гирифтори коронавирус аст дар таваллудхонаи Толукеи Мексика.

  • © REUTERS / Luisa Gonzalez

    Пизишкти ёрии таъҷилӣ пеш аз эмгузаронӣ дар яке аз беморхонаҳои Богота дар Колумбия.

Барчаспҳо:
Ҷаҳон, қаҳрамонӣ, қаҳрамон

Девонагариҳои духтарон ба хотири зебогӣ - 12 акс

595
(Таҷдидшуда 18:17 04.03.2021)
Мегӯянд, ки зебогӣ қурбонӣ мехоҳад. Духтарон ба хотири бартараф кардан ин ё он камбудӣ ба амалҳое даст мезнанд, ки шояд барои дигарон девонагӣ намояд

Зебогӣ ба инсон рӯҳи болида мебахшад. Занонро олиҳаи ҳусн меноманд. 

Аммо баъзан зебогӣ қурбонӣ мехоҳад. Хусусан занон барои нигоҳ доштани ҳусн ва ҷавонии худ, ба амалҳое даст мезнанд, ки шояд барои дигарон девонагӣ намояд.

Масалан дар Ҷопом пештар анъанаи сиёҳ кардани дандонҳо мӯд буд. Дар Чин бошад, барои хурд кардани почаҳо онро аз хурдӣ мебастанд. 

Аксҳои ҷолиби моро дар ин бора аз гузориши аксӣ тамошо кунед.

595
  • Бартараф кардани доғи рӯй. Истифодаи технологияи навин барои бартарафсозии доғи кунҷитак. Дар даҳони зан трубаи нафаскашӣ. Маҷористон

  • Таблиғи "Кирми санитарӣ" барои харобшавӣ, Амрико

  • © CC BY 4.0 / Wellcome Collection / (cropped image)

    Таблиғи маскаҳо барои бартараф сохтани доғ ва ожанг

  • Тоскулоҳ барои ҷингила кардани мӯй. Олмон

  • © AP

    Як зани ҷопонӣ дандонашро ранг мекунад. 7 апрели соли 1966. Занҳ дар Ҷопон пештар дандонҳояшонро ранг мекарданд. Бештар ранги сиёҳ маъмул буд. Дертар ин анъана барои звнони шавҳардор гардид. То дирӯз дар Ҷопон дандонҳои тиллоӣ муд буд

  • © AP


    Моҳи октябри соли 1965. Машшотаи амрикоӣ мӯйи моделро дарзмол мекунад.

  • © AP

    Феълан бо ин анъана чиниҳо мубориза мебаранд. Дар Чин пештар занон барои хурд кардани ҳаҷми почаҳояшон онро дар хурдӣ бестанд. Акс аз соли 1936

  • © AP / Edward Kitch

    Нахустин муйхушкунад, соли 1957 дар Чикаго

  • Таблиғи ислоҳ кардани бинӣ

  • © AP

    Моделе аз Брюссел, 13 марти соли 1971

  • Карсет, акс аз соли 1908

  • © Foto Public domain

    Таблиғи чуқурак кардани рухсораҳо

Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол