Хаз як ҳайвони хурди дарранда аз ҷинси қоқум мебошад, ки ба феҳрасти ҳайвонҳои нобудшуда шомил буд. Вале олимон тавонистанд ин навъ ҳайвонро аз сар зинда кунанд.
Гени яхбастаи хазро олимон тоқсозӣ карда, якбора ду ҳайвон таваллуд шуданд, ки яке аз онҳо нобуд шуд, вале як хази дигар саломат боқӣ монд.
Ҳоло олимон умедворанд, ки зинда мондани хази тоқсозишуда, имкон медиҳад, ки насли ин намуд ҳайвон афзоиш ва аз нестшавӣ наҷот ёбад.
Хази зиндамондаро Элизабет Энн номгузорӣ карданд.
Ба ҷуз аз хаз, олимон ҳамчунин аспи муғулии ёбоӣ ва ҳамчунин як навъ кабӯтари сайркунандаро тоқсозӣ карданд, ки ниҳоят нодир буданд.
Аз тасвирбаён навъҳои дигари ҳайвоноти нодирро хоҳед дид, ки олимон онҳоро бинобар хавфи нобудшавӣ тоқсозӣ намуданд.
Ин навъ ҳайвон ба хотири нодир будан, клонидан шуд
Олимон бар ин назар ҳастанд, ки клонидани хаз имкон медиҳад, ки ин навъ ҳайвонҳо аз нестшавӣ эъмин мемонанд
Гӯсфанди ба номи Долли, ки соли 1996 тогсозӣ шуд ва расо 6,5 сол зиндагӣ кард
Ин ду маймун дар лабораторияи академияи улуми Чин клонидан шуданд. 22 январи соли 2018
Олимони Донишгоҳи миллии Сеул нахустин бор сагҳои тогсозишударо намоиш доданд, ки соли 2005 таваллуд шуданд
Соли 2012 олимони ҳиндӣ бузи нодири кӯҳиро тогсозӣ карданд
Аз миёни ин се гурба, дутояш клонида шудаанд (гурбаи мобайнӣ ва аз қисмати рост ҷойгирифта)
Ин нахустин аспе аст, ки клонида шудааст. Аспро соли 2003 дар Италия пас аз 300 мавориди нобарор, тогсозӣ карданд
Зимнан, соли 2010 дар Испания нахустин бақар низ тогсозӣ шуд
Ин навъ гург ниҳоят нодир аст ва соли 2005 дар Кореяи Ҷанубӣ навъи онро тогсозӣ карданд
Сагбачаҳои клондонидашудаи саги олмонӣ, ки 11 сентябри соли 2001 дар ҷои фоҷиа дар Ню Йорк кор кардааст
Дар лабораторияи колледжи Харбин олимони Чин се навъ хукҳои клонидашударо намоиш доданд
Ин нахустин гурбаест, и соли 2001 дар иёлати Техас клонида шуд
Моҳ наздиктарин ҳамроҳаки табиӣ ба Офтоб мебошад чун ду сайёраи наздиктар ба хуршед - Уторид ва Зуҳра моҳ надоранд.
Масофаи миёна байни Замин ва моҳ ҳудуди 384 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Ин ягона ҳамрадифи табиии Замин аст, ки бар асари тобиши нури Хуршед медурахшад ва дар ҳар 29,5 шабонарӯз як бор ба гирди Замин мегардад.
Моҳ пас аз Офтоб дуюмин ҷирми бонури осмонист, ки дар Замин метобад ва яке аз ҳамрадифҳои калонтарини системаи офтобӣ ба ҳисоб меравад. Бар асоси донишномаи озод, инчунин ягона объекти ғайризаминист, ки ба он пои инсон расидааст.
Моҳ аз рӯи мадори худ ҳаракат карда, дар муддати 30 шабонарӯз аз байни Офтобу Замин як маротиба мегузарад. Дар ин вақт Моҳ нав мешаваду пас аз ду рӯз дар қисми ғарбии осмон дар шакли дос ё хатти нимдоира аз нав намудор мешавад.
Моҳтоб аз худ нур намебарорад, лекин шабона барои он ба назари мо равшан менамояд, ки нурҳои Офтоб ба сатҳи Моҳтоб расида, акс мешаванд.
Моҳ дар пасманзари манораи Эйфел дар Порис
Моҳи пурра дар паси пайкарае дар Рум
Сайёҳ дар пасманзари моҳ дар боғи Папаго
Моҳи пурра дар болои пул дар Ироқ
Моҳи пурра дар Меделине, Колумбия
Моҳи пурра дар болои Қасри Виндзор
Моҳи пурра дар пасманзари ҳавопаймо дар Франкфурт
Моҳи пурра дар деҳаи Гюмушлу дар Туркия
Рӯзи ҷаҳонии хирси сафед бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкили ин ҷонварон ва аҳамияти ҳифзи онҳо эълон карда шудааст.
Ҳадафи асосии ин иқдом, паҳнсозии иттилоъ дар бораи хирси сафед буда, созмонҳои гуногуни экологӣ дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни оммавию маърифатӣ мегузаронанд. Таъкид мешавад, ки ҳифзи хирси сафед бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи инсоният қарор гирад, чун ҳамагӣ ҳудуди 25 ҳазор сар аз ин ҷонвар боқӣ мондааст.
Хирси сафед ҷонвари азимҷусса мебошад, ки дарозияш то 3 метр ва вазнаш то ним тонна мерасад. Зери пашми сафедаш пӯсти сиёҳ ва дар таги он қабати ғафси чарбу ҷой гирифтааст. Қаблан низ сокинони минтақаҳои қутбӣ хирси сафедро шикор мекарданд, аммо на ба дараҷаи мушкилзо чунин ин ҷонварон асосан дар маконҳое зиндагӣ мекунанд, ки барои инсон расидан ба он ҷо мушкил буд.
Аммо дар замони муосир қочоқчиён ҳар чӣ бештар ба шикори ин ҷонвар пардохтаанд, ки онро ба хатари нобудсозӣ дучор мекунад.
Пажуҳишгарон мегӯянд, агар инсоният барои ҳифзи хирси сафед чораандешӣ накунад, теъдоди ин ҳайвонот метавонанд то соли 2050 се баробар кам шавад.
Хирси қутбӣ бо бачаҳо дар мамнӯгоҳи миллии табиати Арктика дар Аляска
Хирси қутбӣ бо бачааш дар архипелаги Замини Франс Йозеф дар баҳри Баренс
Хирси қутбӣ дар боғи наботот ва ҳайвоноти "Роев Ручей" дар Красноярск
Хирси сафед дар Кожевникова
Хирси қутбӣ Герда бо бачааш дар Боғи ҳайвоноти Новосибирск
Хирсҳои сафед ҳангоми бозӣ дар баҳри Чукотка
Хирси қутбӣ дар қаламрави истгоҳи қутбӣ дар ҷазираи Ҳукер, архипелаги Замини Франс Йозеф
Хирси қутбӣ Урсула дар боғи ҷонварони "Роев Ручей" дар Красноярск
Хирси қутбӣ дар болои ях дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ
Хирси қутбӣ дар қаламрави истгоҳи қутбӣ дар ҷазираи Ҳукер, архипелаги Замини Франс Йозеф
Хирси қутбӣ дар боғи ҷонварони Приамурский ба номи В.П. Сисоева дар Хабаровск
Хирси сафед Умка-Аянӣ дар боғи ҳайвоноти Маскав
Хирси қутбии 14-сола, Феликси ятиммонда, ки соли 2006, ки ӯро дар истгоҳи илмии Ҷазираи Врангел пайдо карда буданд, дар ҳавзи боғи наботот ва ҳайвоноти "Роев Ручей" дар Красноярск оббозӣ мекунад
Хирси қутбӣ дар қаламрави истгоҳи қутбӣ дар ҷазираи Ҳукер, архипелаги Замини Франс Йозеф
Хирсҳои сафед дар болои ях дар Уқёнуси яхбастаи шимолӣ
Хирсҳои сафед дар наздикии деҳаи Риркайпий дар Чукотка
Пайкараи хирсҳои қутбӣ дар Боғи марказии фарҳангию фароғатӣ ба номи Горкий дар Маскав
Бачаи хирси сафед дар боғ дар Геленҷик
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.
Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.
Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.
Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.
Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.
Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.
Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео
Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.