Президент Таджикистана сменил руководителей прокуратур городов и районов. Фото: Пресс-служба президента Таджикистана

Президенти Тоҷикистон роҳбарони прокуратураҳоро иваз кард

18
(Таҷдидшуда 08:13 25.12.2014)
Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони як қатор додситониҳо ва Шӯрои амниятиро иваз карда, онҳоро ба хидмати содиқона аснои иҷрои вазифаҳояшон даъват сохт.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik.Президент, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Кӯлоб, Носири Хусрав, Восеъ, Рӯдакӣ, Рашт, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Рашт ва Хоруғ, прокурори нақлиётии вилояти Суғд, сардорони ду раёсати прокуратураи генералӣ ва машваратчии калон-сардори шӯъбаи амнияти ҷамъиятии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иваз кард, менависад сомонаи райисҷумҳур.

Президенти Тоҷикистон нафарони ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтааст.Аснои мулоқоташ Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори содиқонаю софдилона, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум ва умуман таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ҳидоят намуд

Ҳамин тариқ, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Кӯлоб, Носири Хусрав, Восеъ, Рӯдакӣ, Рашт, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Рашт ва Хоруғ, прокурори нақлиётии вилояти Суғд, сардорони ду раёсати Прокуратураи генералӣ ва машваратчии калон-сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуданд. 

18
Барчаспҳо:
иваз кард, Шӯрои амният, прокурорҳо, прокуратура, Эмомалӣ Раҳмон, Носири Хусрав, Восеъ, Рӯдакӣ, Рашт, вилояти Суғд, Хоруғ, Тоҷикистон

Трамп дар феҳристи номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрӣ дар таърихи Амрико

35
Бинобар назарсанҷӣ ҳатто дар байни ҷумҳурихоҳон низ маҳбубияти Трамп коҳиш ёфтааст ва танҳо 60 дарсади онҳо амалкарди уро мусбат арзёбӣ кардаанд

 ДУШАНБЕ, 18 январ - Sputnik. Норизоятӣ аз Трамп ӯро ба яке аз номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрии ҳамаи давронҳои Амрико табдил карда аст.

Иқдоми Трамп дар напазируфтани шикаст дар интихобот, ки ҳаводиси хушунатбори Конгрессро ба бор овард, мизони ризоят аз амалкарди ӯро ба 29 дарсад коҳиш додааст.

Ба гузориши хабаргузории "Парс тудей" ба нақл аз "Дейли мил", натиҷаҳои назарсанҷии "Пив", ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд, нишон дод мизони ризоят аз Доналд Трамп ба 29 дарсад кам шуд, ки поинтарин мизон дар давраи раёсати ҷумҳурии ӯ ба шумор меравад.

Норизоятӣ аз Трамп ӯро ба яке аз номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрии ҳамаи давронҳои Амрико табдил карда аст.

Ин мизони ризоят 9 дарсад камтар аз августи  2020 баровард шудааст.

Бинобар ин назарсанҷӣ ҳатто дар байни ҷумҳурихоҳон низ маҳбубияти Трамп коҳиш дошта аст ва танҳо 60 дарсади онҳо амалкарди уро мусбат арзёбӣ кардаанд.

 Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи августи 77 дарсади ҷумҳурихоҳон чунин назаре доштанд.

Тибқи ин гузориш ба назар мерасад худдории Трамп аз пазириши шикаст дар интихобот ва шуриши хушунатбори Конгресс дар рӯзи шашуми январ аз далилҳои аслии ин коҳиш бошад.

Назарсанҷии "Пив" нишон дод, ки 54 дарсади амрикоиҳо фикр мекунанд,Трамп бояд аз қудрат барканор шавад ва 45 дарсад муътақиданд ӯ бояд давраи худро ба поён бирасонад.

35
Барчаспҳо:
назарсанҷӣ, Доналд Трамп, ИМА
Брифинг, посвященый председательству Республики Таджикистан в Шанхайской организации сотрудничества в 2020-2021 гг.

Санаи ҳамоиши президентҳои давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе маълум шуд

529
(Таҷдидшуда 21:01 15.01.2021)
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе нимаи моҳи сентябри соли равон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16 – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, хабар дод Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Раёсат дар СҲШ-ро соли равон Тоҷикистон ба уҳда дорад. Имсол инчунин ҳамоиши ҷашнӣ - 20-умин солгарди таъсисёбии созмон мебошад.

Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ дар соли ҷорӣ 26-29 январ дар шаҳри Душанбе дар нақша аст.

“Дар Вазорати корҳои хориҷӣ барои баргузории саммити СҲШ, ки 16-17 сентябр дар назар аст, ситоди махсус ташкил шуда, нахустин ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллӣ 26-29-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад”, - изҳор дошт Аҳмадзода зимни мулоқот бо хабарнигорон.

Ӯ афзуд, ки сомонаи махсус ташкил дода мешавад, ки иттилоъ дар бораи чорабиниҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай дар соли равонро фаро хоҳад гирифт.

Баробари мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва вазирони умури хориҷии давлатҳои созмон, инчунин мулоқотҳои роҳбарони идораҳои соҳавӣ – аз мудофиа то иқтисоду тиҷорат ба нақша гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи намояндаи ВУХ Тоҷикистон, имсол барои бори аввал дар Душанбе Анҷумани иқтисодии СҲШ ба нақша гирифта шуда, инчунин ташкили мулоқоти намояндагони бахши сайёҳию расонаҳо дар назар аст.

СҲШ созмони байналмилалие мебошад, ки Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад.

529
Барчаспҳо:
мулоқот, Созмони ҳамкории Шанхай, Тоҷикистон

Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021

0
Хароҷоти умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 аз 27,6 миллиард сомонӣ зиёд хоҳад шуд. Маблағҳо ба куҷо масраф мешаванд: аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бинед
Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021
© Sputnik

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2021 қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ нисбат ба соли 2020 6,1% зиёдтар аст.

Манбаъҳои ташаккули буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 андозҳо (18,8 миллиард сомонӣ), даромадҳои ғайриандозӣ (1,39 миллиард сомонӣ), грантҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ (0,3 миллиард сомонӣ), қарзҳо ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (4,87 миллиард сомонӣ), маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ (2,26 млрд. сомонӣ) ташкил медиҳанд.

Дар соли 2021 ба бахши иҷтимоии иқтисод 13,16 миллиард сомонӣ ва ба бахши воқеии иқтисод 8,38 миллиард сомонӣ равона мешавад.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

Аз буҷаи давлат барои бахши қудрат ва идоракунии давлатӣ 1,43 миллиард ва барои мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ 2 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ғайр аз ин, 2 миллиард сомонӣ барои пӯшонидани ӯҳдадориҳои қарзӣ равона хоҳад шуд.

Тибқи гузориши пешниҳодшуда, имсол ба нақша гирифта шудааст, ки қисми зиёди маблағҳо ба соҳаи маориф - 5,59 миллиард сомонӣ равона карда шаванд.

Аз даромад то каср: буҷети шаҳрвандӣ барои соли 2020

Барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи аҳолӣ 4,1 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад. Қариб ҳамин миқдор маблағ дар Тоҷикистон барои рушди комплекси энергетикӣ ва сӯзишворӣ равона мегардад. Ҳамзамон, касри буҷа 0,5% ё 463 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

0
Барчаспҳо:
буҷа, Тоҷикистон