Нишасти хабарии муовини раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина Валерий Чалий

Чалий: дар тавофуқоти Олланд, Меркел ва Порошенко ақоиди Путин нест

2
(Таҷдидшуда 12:09 06.02.2015)
Кремл умедвор аст, ки тарҳи муштараки раҳбарони Фаронса, Олмон ва Украина барои оташбас дар Донбасc ҳаматарафа аст ва пешниҳодоти ахири раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро дар бар дорад.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Муовини раҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳури Украина Валерий Чалий изҳор дошт, ки тарҳи ҳалли мусолиҳатомези вазъият дар Донбас, ки дирӯз дар Киев матраҳ шуд, пешниҳодоти Владимир Путинро сарфи назар кардааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Ёвари раиси ҷумҳури Русия Юрий Ушаков изҳори умедворӣ кард, ки тарҳи раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел барои ҳалли бӯҳрон дар Украина ҳаматарафа буда, пешниҳодоти ахири раҳбари Русия Владимир Путинро фаро гирифтааст.

"Асоси ин музокирот ҳеч як санади Путин набуд. Ин тарҳе буд, ки аз дирӯз ҳайатҳои ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла украинӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ бар пояи тавофуқоти Минск онро ташдид карданд", — гуфт Чалий.

"Ҳеч асосе, ки гӯиё касе аз Русия чизе овардааст, набуд ва ман дар ин бора мутмаинан изҳор дорам", — изофа кард Чалий.

Ташдиди амалиёти низомӣ дар Донбасс

Вазъият дар Донбасс дар моҳи январ дубора нигаронкунанда шуд. Баъд аз он ки нерӯҳои украинӣ бо истифода аз оташбас нерӯҳои худ дар ҷанубу шарқи кишварро тақвият дода, ба мавзеъоти ҷудоихоҳон ҳамла карданд, ки аз иҷрои амалиёти вижа дар фурудгоҳи Донетск оғоз шуд.

Дар ситоди марказии Украина изҳор доштанд, ки "артиши Украина барои зарбаи ниҳоӣ нерӯи кофӣ дар ихтиёр дорад". Ҳамзамон фармондеҳи Ситоди марказӣ Виктор Муженко алорағми изҳороти қаблӣ алайҳи Москав, эътироф кард, ки дар қаламрави кишвар ҷузъу томҳои артиши Русия вуҷуд надоранд.

Баъд аз афзоиши теъдоди қурбониёни ин даргирӣ аз ҷумлаи сокинони осоишта ҷудоихоҳон изҳор доштанд, ки "масири даргириро" ба манзури ҷилавгирӣ аз тирборони маҳаллоти маскунӣ канор мебаранд.

Яке аз нуқоти доғи даргирии ҷудоихоҳон ва нерӯҳои давлатӣ дар Донбасс Дебалтсево аст, ки дар ин минтақа нерӯи бузурги артиши Украина ба муҳосира афтоданд.

Обострение ситуации в Донбассе
© Инфографика .
Обострение ситуации в Донбассе
2
Барчаспҳо:
ташдид, изҳори назар, раёсати ҷумҳурии Русия, Юшаков, Валерий Чалий, Меркел, Путин, Украина, Русия
Мавзуъ
Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Украина хостори сулҳ дар Донбасс мебошанд
СММ: теъдоди қурбониён дар Украина аз 5,3 ҳазор нафар бештар шуд
Меркел: ихтилоф дар Украина ҳалли низомӣ надорад