Тарҳи ҷадиди тавофуқоти сулҳи Минск ба Кремл пешниҳод мешавад

© Sputnik / Николай Лазаренко / Гузариш ба медиабонкСафари раҳбарони Фаронса ва Олмон ба Киев
Сафари раҳбарони Фаронса ва Олмон ба Киев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарҳи ҳалли қазияи низомӣ дар Донбасс, ки аз сӯйи се кишвар дирӯз дар Киев таҳия шуд, тавофуқоти Минск мебошад, ки ба шароити феълӣ мутобиқ карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд имрӯз дар Маскав нақшаи расидагӣ ба сулҳ дар Украинаро ироа мекунанд, ки бар пояи тавофуқоти сулҳи моҳи сентябри Минск таҳия шудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Асоси ин нақша санади Минск мебошад, ки бо дарназардошти тағйир ёфтани вазъ дар ҷанубу шарқи Украина аз тирамоҳи соли гузашта бознигарӣ шудааст. Ибтикор барои таҳияи тарҳи нав ба нигаронии Берлин ва Минск аз эҳтимоли воридоти аслиҳаи марговар ба Киев аз сӯйи ИМА маншаъ гирифтааст.

Санади Минск, ки аз 12 банд иборат аст, аз сӯйи намояндагони Украина, ҷамоҳири худэъломи Донетск ва Луганск бо миёнаравии Русия ва САҲА 5 сентябр имзо шуда буд. Ин санад аз муқаррароти оташбас ва табодули асирон ва бархе аз тавофуқоти сиёсӣ, аз ҷумла тааҳҳуди Украина барои тасвиби қонун дар бораи мақоми вижаи манотиқи Донбасс иборат буд. Барои иҷрои ин санад дар авосити моҳи сентябр тавофуқоти Минск таҳия шуда буд.

Ҷонибҳо рӯзи гузашта дар пайи музокироти чаҳорсоъата таъаҳҳудоти худ ба санади Минскро эълом карданд.

Порошенко, Меркел ва Олланд зарурати оташбаси фаврӣ дар шарқи Украина, ихроҷи артишҳои хориҷӣ, канор бурдани васоили ҷангии сангин ва озод кардани куллияи асирон даъват карданд. Ин нукот муқаррароти санади Минскро такрор мекунанд. Вале ҳамакнун рӯшан мешавад, ки ин бозгашти комил ба тавофуқоти моҳи сентябр набудааст.

Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Украина хостори сулҳ дар Донбасс мебошанд

"Масоиле баррасӣ шуданд, ки роҳҳои иҷрои тавофуқоти Минскро мушшахас мекунанд. Таъкид мекунам, ки куллияи тавофуқот, на бандҳои ҷудогонаи он", — таъйид кард вазири хориҷаи Украина Павел Климкин.

Дафтари садри аъзами Олмон низ хабар дод, ки асоси музокироти Меркел ва Олланд рӯзи ҷумъа дар Маскав куллияи 12 нукоти санади Минск хоҳанд буд. Вале расонаҳои олмонӣ менависанд, ки масири аз ҳам ҷудошавии ҷонибҳо бо дарназадошти тағйири вазъ муҷаддад мешавад.

Яке аз ин нашрияҳо навиштааст, ки раҳбарони ду кишвар ба Киев ба хотири "ба даст овардани ризоияти Петр Порошенко" барои иҷрои ин барнома мераванд. "Ба Порошенко мехостанд тавзеъ диҳанд, ки ин охирин шонси наҷоти Украина аз шикати низомӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ мебошад", — навиштааст нашрия.

Порошенко изҳор дошт, ки музокироти Киев "умедворкунанда аст ва барои оташбас имкон медиҳад". Вале Чалий изофа кард, ки ҳоло Маскав сухани худро нагуфтааст ва то натоиҷи ниҳоӣ вақт зиёд аст.

Вай изофа кард, ки "мо умедворем, ки Маскав аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунад". Гузашта аз ин дидори Порошенко бо ноиби раиси ҷумҳури Амрико ва сипас бо Меркел дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0