Раиси ҷумҳури Русия В. Путин бо садри аъзами Олмон А.Меркел ва раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд музокирот кард

Песков: музокироти раҳбарони Русия, Фаронса ва Олмон судовар буданд

6
(Таҷдидшуда 10:00 09.02.2015)
“Дар идомаи музокироти дирӯзаи раиси ҷумҳури Фаронса Олланд ва садри аъзами Олмон Меркел дар Киев имрӯз музокироти судманд ва умедворкунандаи онҳо бо раиси ҷумҳури Русия сурат гирифтанд”, - хабар дод сухангӯйи раиси ҷумҳури Русия.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Музокироти раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбари Фаронса Франсуа Олланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел барои ҳалли қазияи Украина, ки дар Москав беш аз панҷ соъат идома дошт, судманд ва умедворкунанда буданд, изҳор дошт сухангӯйи раиси ҷумҳури Дмитрий Песков, хабар додааст рӯзи шанбе РИА Новости.

"Дар идомаи музокироти дирӯзаи раиси ҷумҳури Фаронса Олланд ва садри аъзами Олмон Меркел дар Киев имрӯз музокироти судманд ва умедворкунандаи онҳо бо раиси ҷумҳури Русия сурат гирифтанд", — гуфт Песков.

6
Барчаспҳо:
музокироти Москав, кишварҳои аврупоӣ, Дмитрий Песков, Ангела Меркел, Франсуа Олланд, Владимир Путин, Фаронса, Олмон, Украина, Русия
Мавзуъ
Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Украина хостори сулҳ дар Донбасс мебошанд
СММ: теъдоди қурбониён дар Украина аз 5,3 ҳазор нафар бештар шуд
Меркел: ихтилоф дар Украина ҳалли низомӣ надорад
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото

Нигаронии Тоҷикистон аз даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даъват ба оташбас кард

123
(Таҷдидшуда 18:22 28.09.2020)
Тоҷикистонро низ вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ бетараф нагузошт. Ҳукумати кишвар дар робита ба даргириҳои шадиди миёни Озарбойҷону Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳороти расмӣ нашр намуд.

Дар изҳороте, ки торномаи ВУХ нашр намудааст, гуфта мешавад, ки Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ менамояд.

"Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.

Зимнан, Тоҷикистон аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ таъкид менамояд.

Даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даҳҳо нафар аз ду ҷониб куштаву захмӣ шуданд - акс

Ёдовар мешавем, субҳи рӯзи якшанбе, вазорати дифоъи Озарбойҷон эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ба маҳалҳои аҳолинишини хатти тамос дар Қарабоғ тирандозӣ кардаанд.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд. Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

123
Барчаспҳо:
даргирӣ, Қарабоғи Кӯҳӣ, изҳорот, Тоҷикистон
http://1news.uz/culture/ozodbek-nazarbekov-vystupil-protiv-besplatnykh-vystupleniy-/

Назарбеков: "сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати кишвардорони ҳар ду давлат маншаъ мегирад"

187
(Таҷдидшуда 18:10 27.09.2020)
Вазири фарҳанги Ӯзбекистон, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад, аснои мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ изҳор дошт, сулҳе, ки феълан миёни ин ду кишвар побарҷост аз сиёсати Раҳмону Мирзиёев маншаъ мегирад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik.Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, ки дар раъси намояндагони илму фарҳанги кишвараш дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз дар мизи мудаввар бахшида ба дӯстии мардумони ин ду кишвар, иштирок намуд.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Тоҷикистон омад

Бар хабари котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар оғози ҳамоиш Зулфия Давлатзода вазири тоҷик иброз намуд, ки таърихи миллати тоҷик ва ӯзбек то андозае ба ҳам наздик мебошанд. 

"Дар шароити душвори пандемия аҳолӣ пеш аз ҳама ба фарҳанг ниёз дорад, зеро фарҳанг ба онҳо имкон медиҳад бо рӯҳияи болида ва иродаи қавӣ ба вазъиятҳои бӯҳронӣ мубориза баранд", - изҳор доштааст Вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Зимнан, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков низ иброз намудааст, ки ин нахустин сафари онҳо ба Тоҷикистон нест.

"Сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати пешгирифтаи президентони  ҳарду  давлат маншаъ мегирад. Тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шароити ҷомеаи муосир саҳифаи наверо дар муносиботи гуногунсамтаи ду давлат  боз намуд", - афзудаст Назарбеков.

Дар ҷараёни мизи мудавар намояндагони ҳар ду ҷониб доир ба рушди муносибатҳои илмию фарҳангӣ изҳори назар намуда, нақши сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳар ду давлатро дар тақвияти ин ҳамкориҳо муҳим шумориданд.

187
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

0
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

0
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд