Партовгоҳ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Вакилон тарбияи зистмуҳитии наврасонро тақозо доранд

4
(Таҷдидшуда 15:05 09.02.2015)
Мудири яке аз макотиби пойтахт ва вакили маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки барои волидайне, ки фарзандонашон дар хиёбонҳо муҳити зистро ифлос мекунанд, муҷозот ҷорӣ карда шавад.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Рӯзи душанбе Шӯрои Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон беш аз бист мавзӯъ, аз ҷумла ислоҳи қонун "Дар бораи вазоифи волидайн дар омӯзиш ва тарбияи фарзандон"-ро баррасӣ кардааст, менависад хабаргузории "Авеста".

Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки ҳамчунин мавзӯъи тасвиби қарордодҳои дуҷониба низ баррасӣ шудаанд.

"Ба манзури тасвиб қарордоди дуҷониба "Тавсеъаи васоили нақлияи шаҳри Душанбе" ва "Танзими партовҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа" баррасӣ шудаанд", — гуфт Султонов.

Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", рӯзи душанбе комитетҳо ва комиссияҳои порлумонӣ баррасии ислоҳоти қонун "Дар бораи вазоифи волидайн дар омӯзиш ва тарбияи фарзандон"-ро, ки аз сӯйи мудири яке аз макотиби пойтахт, узви маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон Гулчеҳра Ғаниева пешниҳод шуда имкони муҷозоти волидайн дар тарбияи зистмуҳитии фарзандонро дар назар дорад, оғоз кардаанд.

"Ғаниева далели ин ислоҳотро чунин шарҳ медиҳад, ки онҳо ба манзури ҳифзи муҳити зист, кам кардани партовҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, шаҳрҳо, навоҳӣ ва рустоҳо таҳия шудаанд", — гуфтааст манбаъи хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, эҳтимол дорад ин ислоҳот аз сӯйи вакилони ҷадиди порлумон баррасӣ шаванд.

Маҷлиси намояндагони даъвати чаҳорум, ки дар моҳи феврали соли 2010 интихоб шуда буд, 27 феврал фаъолияти худро анҷом медиҳад.

4
Барчаспҳо:
парлумони кишвар, пешниҳоди ислоҳи қонун, Маҷлиси намояндагон, Гулчеҳра Ғаниева, Муҳаммадато Султонов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Кӯдакони гумшуда: ёддошт барои волидайн
Ҷо Байден кишвардори феълии Амрико бо Ллойд Остин. 8 апрели соли 2009

Бори нахуст сиёҳпӯст роҳбари Пентагон шуд: Ллойд Остин кист?

1006
(Таҷдидшуда 13:48 23.01.2021)
Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Ӯ ҳанӯз соли 2016 ба нафақа баромада буд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сенати Амрико номзадии Ллойд Остинро ба мақоми раҳбари Пентагон тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Бар хабари манбаъ, ба ҷонибдорӣ аз Остин 93 сенатор раъй дода танҳо ду нафар мухолиф баромаданд. Як рӯзи пеш, аз номзадии ӯ кумитаи соҳавии сенатҳо пуштибонӣ кард.

Зимнан, ба довталабони ҳарбие, ки камтар аз ҳафт сол пеш ба нафақа баромадаанд, тасдиқи махсуси Конгресс зарур аст. Остин бошад, соли 2016 ба нафақа баромада буд.

Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Остин аввалин сиёҳпӯст мебошад, ки ба вазорати мудофиаи ИМА роҳбарӣ мекунад.

Номбурда дар Олмон ва сартосари Амрико хидмат намуда, дар ҳайати фармондеҳи дивизия буд ва то соли 2006 ба рутбаи генерал-лейтенант расид.

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

Соли 2010 Остин фармондеҳи қувваҳои Амрико дар Ироқ таъйин шуд ва масъули аз қаламрави ин кишвар берун овардани низомиёни амрикоӣ буд. 

Моҳи декабри соли 2011, ӯ муовини фармондеҳи Ситоди артиш таъин шуд ва аз соли 2013–2016 фармондеҳии марказии Амрикоро раҳбарӣ кард. Вай дар ин вазифа дар таҳияи стратегияи Вашингтон дар мубориза бо "Давлати Исломӣ" нақши калидӣ дошт.

Пас аз ба нафақа баромадан дар 2016, ӯ дар ҳайати Шӯрои директорони бузургтарин истеҳсолкунандаи силоҳ Raytheon кор мекард.

1006
Барчаспҳо:
роҳбар, Амрико, Пентагон
Первые политические консультации между Таджикистаном и Оманом

Баргузории нахустин ройзаниҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Умон

78
(Таҷдидшуда 19:39 20.01.2021)
Ҳайати дипломатҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби аввали вазири умури хориҷии кишвар, Хусрав Нозирӣ нахустин машваратҳои сиёсӣ бо Салтанати Умонро баргузор кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

“Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Шайх Халифа бин Алӣ ал- Ҳорисӣ роҳбарӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар ройзаниҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Умонро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла  дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Афзоиши содироти ширинӣ ва шакалоти Эрон ба Тоҷикистон

Ҷонибҳо барқарорсозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зимнан зарурати татбиқи Барномаи иҷроӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2020-2022-ро, ки ҳангоми сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Масқат 19 декабри 2019 ба имзо расида буд, таъкид карданд.

78
Барчаспҳо:
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамкорӣ, Тоҷикистон-Уммон
Ирландский боец без правил Конор Макгрегор, архивное фото

Набарди ҷавобии Макгрегор ва Поре: мусобиқоти UFC 257 дар АМА. Пахши мустақим

0
(Таҷдидшуда 08:04 24.01.2021)
Кадоме аз размикорони кунунӣ дар вазни суб - Конор Макгрегор ё Дастин Пуэре пирӯз хоҳад шуд, ба зудӣ маълум мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Араб аввалин мусобиқаро имсол дар “Ҷазираи муҳорибаҳо” дар наздикии Абу-Даби баргузор мекунад.

Диққати аксари тамошобинон ба бозии ҷавобии Конор Макгрегор ва Дастин Паре нигаронида шудааст.

Ҳарду варзишгар 32 сол доранд. Ҳарду паҳлавон тақрибан як вазн нишон доданд: Поре 70,7 кило ва Конор бошад 70,3 кило.

Интизор меравад, ки сабқати асосии UFC 257 байни МакГрегор ва Поре тақрибан аз соати 8:00 то 8:30 субҳи 24 январ ба вақти Маскав оғоз шавад.

Ин нахустин қувваозмоии Макгрегор ва Поре дар майдон нест. Сентябри соли 2014 Макгрегор дар даври аввал Пореро ба нокаут фиристод.
Бояд гуфт, ки дар размҳои омехта Макгрегор 26 сабқат гузаронд, ки аз он 22 ададашро бурид. Дар чор қувваозмоӣ бохт.

Дар маҷмуъ Поре 32 сабқат гузарондааст, ки 26 ададашро бо пирӯзӣ ва 6 ададро бо шикаст анҷом додааст. Поре на танҳо дар қувваозмоиҳои UFC, балки WEC низ иштирок мекунад.

 

0
Барчаспҳо:
рақиб, рақобат, АМА, муҳориба, Макгрегор