Абдуфаттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарӣ

Ҳамаи муовинони Абдуфаттоҳи Ғоиб барканор шуданд

31
(Таҷдидшуда 10:13 19.02.2015)
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният аз камбудиҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия интиқод намуда буд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти Оҷонсии зидди фасоди молӣ, дар ин ниҳод тағйироти кадрӣ сурат гирифт, менависад АМИТ "Ховар".

Бо фармонҳои президент муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҳир Ҷобирзода, муовинҳои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишозода аз вазифаҳои ишғолнамуда сабукдуш шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният аз камбудиҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия интиқод намуда буд.

Вай гуфта буд, махсусан аз тарафи кормандони ин ниҳод содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ боиси нигаронист. Аз ҷониби кормандон риоя нашудани муҳлатҳои муқарраршуда ва бидуни тамдиди мӯҳлат кашол додани санҷиш ба мушоҳида мерасад.

Президент афзуда буд, ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳангоми санҷишҳои молиявӣ қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ, аз қабили камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ошкор гардидаанд, вале маводи санҷишӣ барои додани баҳои ҳуқуқӣ ва қабули қарори қонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда нашудааст.

Ҳамчунин дар асоси дастури раисҷумҳур, аз ҷониби прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муҳаммад Арбобов ва роҳбарони прокуратураҳои вилоятҳои Суғду Хатлон Шариф Қурбонзода ва Сироҷиддин Нурзода ва ҳам прокурори шаҳри Душанбе Мирзошариф Шарифзода аз вазифа озод шуданд.

31
Барчаспҳо:
интиқод, барканорӣ, фасод, оҷонсии коррупсия, прокуратура, Раҷабалӣ Ширинов, Тоҳир Ҷобирзода, Миллопар Бандишоев, Абдуфаттоҳи Ғоиб, Душанбе
Мавзуъ
Додситонҳои Душанбе, Суғд, Хатлон ва Бадахшон иваз шуданд