Сюзан Эллиотт. Акс аз бойгонӣ

Сафир: ИМА дар Тоҷикистон бо Русия рақобат намекунад

3
(Таҷдидшуда 16:30 19.02.2015)
Сафири ИМА дар Тоҷикистон рабти ҳукумати худ дар бозиҳои сиёсии фаромиллӣ дар Осиёи Марказиро такзиб ва ҳамзамон аз аҳдофи Вашингтон дар Тоҷикистон ва Афғонистон қисса кард.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. ИМА дар Осиёи Марказӣ бо ҳеҷ кишваре рақобат намекунад, гуфтааст дар мусоҳиба бо хабаргузории "Авеста" сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт.

"Ман бар ин назарам, ки мо бо Русия ва ё кишвари дигаре дар ин минтақа рақобат надорем", — гуфтааст вай дар шарҳи изҳори назари сафири Русия мабнӣ ба он, ки дар ОМ бозии бузурги фаромиллии сиёсӣ ҷараён дорад.

Ҳамзамон вай мутмаъин аст, ки "Тоҷикистон шарик ва дӯсти хуби ИМА" аст, "ҳарчанд ҳоло умури зиёдеро бояд анҷом дод".

"Ман дар кишварҳои зиёде фаъолият доштам, вале мизони ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар сатҳи хеле баланд қарор дорад", — гуфт вай ва изофа кард, ки ИМА дар навбати худ дӯсти халқ ва ҳукумати ин ҷумҳурӣ аст.

Дар идомаи мавзӯъи рақобат бо Русия Эллиотт итминон додааст, ки ИМА бар ин назар аст, ки Тоҷикистон худ мустақилона тасмимгирӣ мекунад.

"Нуктаи назари ман — назари ҳукумати кишвари ман аст, ки ҳамаи тасмимотро дар кишвари шумо ҳукумат ва мардуми он қабул мекунанд, — гуфт вай. — Ва мо умедворем, ки дар оянда низ Тоҷикистон худ тасмимотеро мегирад, ки бар суди кишвар бошад ва умедворем, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳо равобити дӯстона дошта бошад".

Сафир иддаъои бархе аз хабарнигорон мабнӣ ба вуҷуди "сиёсати вижаи ИМА барои кишварҳои шарик ва сиёсати дигар барои кишварҳои мухолифро" такзиб кард.

"Ман бо чунин изҳори назар мувофиқ нестам. Ин дуруст нест, — эътироз кард сафир. — Агар як арсаи ҷудогона, маслан, бахши демократия ва ҳуқуқи инсонро бигирем, тибқи қонунгузорӣ мо муввазаф ҳастем ҳамасола дар бораи демократия, ҳуқуқи инсон, тиҷорати инсон гузориш таҳия кунем. Ва дар ин гузориш вазъият дар ҳама кишварҳоро бояд баррасӣ кунем. Мо дар ин гузоришҳо кишварҳои шарики худро ҷудо намекунем".

"Дар сурати вуҷуди равобити дӯстона бо кишварҳо чунин ба назар мерасад, ки мо ба кишварҳои дӯст авлавият медиҳем, вале ин хел нест", — зикр кард вай.

Дар робита ба мушкилоти Афғонистон сафири ИМА изҳори эътимод кард, ки нерӯҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон дар анҷоми фаъолияти худ ба дастовардҳое ноил шуд ва дар ҳаёти ҷомеъаи мадании ин кишвар "тағйироти бузурге рух додаанд".

"10 сол қабл духтаракон ба мактаб намерафтанд ва на ҳамаи писарбачаҳо онро хатм мекарданд. Ҳоло Афғонистон дар феҳрасти кишварҳои амн барои зиндагӣ мавқеъи баландтареро дар муқоъиса бо 10 соли қабл касб кардааст. Мо ба Афғонистон содиқем ва ба ин кишвару минтақаи Осиё дар маҷмӯъ дар таъмини субботу амният кӯмак мекунем", — хабар дод вай.

3
Барчаспҳо:
суҳбат, баҳс, рақобати сиёсӣ, шарики стратегӣ, мусоҳиба, сафири ИМА дар Тоҷикистон, Сюзан Эллиотт, Тоҷикистон, ИМА
Мавзуъ
Сафорати ИМА: ду ёвари вазири хориҷа аз Душанбе дидан мекунанд