Надежда Савченко. Акс аз бойгонӣ

Порошенко ба Надежда Савченко унвони қаҳрамонӣ дод

12
(Таҷдидшуда 11:44 03.03.2015)
Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко, ки ба Надежда Савченкои зиндонь дар маҳбаси Русия унвони қаҳармонӣ дод, умедворӣ кард, ки метавонад шахсан ба вай ин унвонро эъто кунад.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина ба халабон Надежда Савченко, ки дар боздоштгоҳи Русия қарор дорад, унвони Қаҳрамони Украинаро эъто кардааст, хабар медиҳад сойти раёсати ҷумҳурӣ.

Раиси ҷумҳури Украина изҳори умедворӣ кард, ки вай шароите хоҳад дошт, ки ба Савченко шахсан "Ситораи тиллоии Қаҳрамони Украинаро" тақдим кунад.

"Надежда рамзи шикастнопазирии рӯҳи украинӣ ва қаҳрамонии вай, рамзи чӣ гуна дӯст доштани ва ҳимояи Украина мебошад, вай рамзи пирӯзии мост", — гуфт Порошенко ва изофа кард, ки "мо ҳама кори заруриро барои озодии вай анҷом медиҳем".

Халабони украинӣ Надежда Савченко аз тобистони соли гузашта дар боздоштгоҳи Русия қарор дорад. Вай ба мушорикат дар қатли хабарнигорони Русия муттаҳам шудааст.

12
Барчаспҳо:
зиндонӣ, халабони украинӣ, ҷанги Украина, ҷанг, эътои унвони қаҳрамонӣ, раёсати ҷумҳурӣ, Надежда Савченко, Петр Порошенко, Украина, Русия
Мавзуъ
Додгоҳи Маскав ҳукми ҳабси Надежда Савченкоро тамдид кард