Қосими Раҳбар. Акс аз бойгонӣ

Президент Қосим Раҳбарро аз вазифа сабукдӯш кард

31
(Таҷдидшуда 10:09 11.03.2015)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо амрҳои худ рӯзи сешанбе Қосим Раҳбарро аз мақоми вазири кишоварзӣ озод ва дар ин мақом Зокиров Муҳаммадтоҳирро таъин кард.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо фармони президент аз вазифа барканор шудааст, менависад сомонаи расмии президент.

Ҳамакнун вазорати кишоварзиро Муҳаммадтоҳир Зокиров, ки аз ин пеш раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон буд, бар уҳда гирифтааст. Бо амри дигари раисиҷумҳур Акбар Табари Ятимзода дар курсии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ нишаст.

Давлатбек Хайрзода ва Иброҳим Нусратзода муовинони раиси Оҷонси давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин шуданд.

10 март ҳамчунин президент Холмурод Раҳмонро аз мақоми раиси ноҳияи Қумсангир ва Аминхода Фотеҳро аз мақоми раиси ноҳияи Балҷувон озод кард.

Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" барканор шудааст.

Бино ба фармони раисиҷумҳур, ки дар сомонаи president.tj чоп шудааст, аксари барканоршудаҳо ба кори дигар мегузаранд.

31
Барчаспҳо:
раис, вазир, барканорӣ, фармон, таъйин, Вазорати кишоварзӣ, Нуралӣ Сайвалӣ, Холмурод Раҳмон, Иброҳим Нусратзода, Қосими Раҳбар, Душанбе
Мавзуъ
Президенти ҶТ фармони таъини муовинони додситониро имзо кард