Роҳбарии “Гурӯҳи 24”-ро Шарофиддин Гадоев ба ӯҳда гирифт

© SputnikСаҳифаи Шарофиддин Гадоев дар Facebook
Саҳифаи Шарофиддин Гадоев дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимнан, Шарофиддин Гадоев масъулияти сухангӯии гуруҳро низ ба дӯш гирифта ва Собир Валиев ба ҳайси муовини вай интихоб шудааст.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Шарофиддин Гадоев, яке аз аъзои созмони мамнӯъшудаи "Гуруҳи 24", роҳбарии ин ташкилотро ба зимма гирифтааст. Дар ин бораи Гадоев дар саҳифаи худ дар Facebook иттилоъ додааст.

Вай бо нашрия як баёния аз номи Шӯрои раҳбарии "Гурӯҳи 24", навишт, ки дирӯз 11 марти соли 2015 нахустин ҷаласаи созмон "пас аз шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов баргузор" ва тасмими раҳбарии гуруҳ гирифта шудааст.

Гадоев менависад, зимни ин ҷаласа шӯро стратегияи ояндаи ҷунбишро муайян кардааст, ки ин стратегия "идомаи корҳои Қувватов" ном дорад.

Зимнан, Шарофиддин Гадоев масъулияти сухангӯии гур=ҳро низ ба дӯш гирифта ва Собир Валиев ба ҳайси муовини вай интихоб шудааст.

Шарҳи ҳоли Шарофиддин Гадоев:

Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар робита ба қатли Қувватов “чанд нафари дигар” боздошт шудааст

Гадоев Шарофиддин Мирзоевич дар санаи 19 майи соли 1985 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва дар хонаводаи тоҷик чашм ба дунё кушод. Аз соли 1992 то соли 2003 дар мактаби миёнаи Абдураҳмони Ҷомии ин ноҳия таҳсилоти миёнаи худро хатм намуд ва таҳсилоти олии худро аз соли 2004 то 2009 дар Донишгоҳи ДДМҶТ дар риштаи ҳуқуқшиносии байналхалқӣ ба итмом расонида, ҳамчунин дар соли 2014 курси кӯтоҳмуддати мудирияти сиёсиро дар кишвари Испания ба хатм расонд.

Аз соли 2003 то 2012 ба тиҷорат машғул шуда ва ба воридоту содироти маҳсулоти тиҷорӣ пардохт ва дар давоми корҳои тиҷории худ дар соли 2010 ширкати тиҷории «ҶДММ Голд Тур Транс"-ро таъсис дода, дар симати сармоягузор ва Директори генералии ин ширкат машғул ба кор буд. Баъд аз фишорҳои зиёд кишварро тарк намуда, ба Русия сафар кардааст.

Дар соли 2011 узви "Гурӯҳи 24" (ки он замон ба сурати махфӣ дар дохили кишвар таъсис шуда буд) гардида, аз соли 2013 аз тарафи Шӯрои гуруҳ ба унвони муовини сардори гурӯҳ шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов интихоб гардида, то имрӯз фаъолият мекунад. Гадоев бо дархости давлати Тоҷикистон таҳти пайгайрди пулиси байналмилал (Интерпол) қарор гирифт ва дар санаи 3 феврали соли 2014 дар кишвари Испания дастгир шуд. Дар санаи 22 июли 2014 аз сӯи додгоҳи шаҳри Мадриди Испания бегуноҳ ташхис дода шуд.

Шарҳи ҳоли Собир Валиев:

Валиев Собир санаи 3 апрели соли 1988 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи тоҷик таваллуд ёфтааст. Маълумоташ олӣ, мутахассис дар умури муносибатҳои бозаргонӣ ва соҳибкорӣ. Оиладор, соҳиби се фарзанд. Донандаи забонҳои русӣ ва туркӣ аст. Аз соли 2006 ба корҳои тиҷоратӣ машғул мебошад. Узви Шӯрои сиёсии "Гурӯҳи 24".

Лентаи хабарҳо
0