Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

“Бозгашт ба Ватан” Путин ҷузъиёти пайвастшавии Қрим ба ФР рӯшан кард

6
(Таҷдидшуда 11:52 16.03.2015)
Раиси ҷумҳури ФР Владимир Путин дар ду мусоҳиба дар филми мустанади “Қрим. Бозгашт ба Ватан” ҷузъиёти пайвастшавии ин нимҷазира ба Русияро рӯшан кард.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Раиси ҷумҳури ФР Владимир Путин ҷузъиёти бозпайвасти Қрим ба ФР рӯшан кард: ба гуфтаи вай, ӯ худ шахсан ин масъаларо дунбол карда ва дар сурати ҷараёни манфӣ гирифтани ин раванд дар нимҷазира Русия омода буд нерӯҳои ҳастаии кишварашро дар ҳолати омодабош қарор бидиҳад, менависад РИА Новости.

Дар моҳи феврали соли гузашта дар Украина табадуллоти давлатӣ рух дод, ки дар пайи он Виктор Янукович аз мақом барканор шуд. Дар моҳи март Қрим ва Севастопол баъд аз баргузории ҳамапурсӣ манотиқи Русия шуданд.

Ба гуфтаи Путин, расман мухолифини украиниро қабл аз ҳама аврупоиҳо пуштибонӣ мекарданд. "Вале мо хуб огаҳ будем, ки дӯстон ва ҳамтоёни амрикоии мо дар ин амр нақши калидӣ доштанд. Онҳо миллатгароён ва гурӯҳҳои ҷангиро омода мекарданд", — гуфт Путин ва изофа кард, ки омодасозии ин гурӯҳҳои ҷангӣ дар қаламрави Лаҳистон (Полша) ва Литва сурат мегирифт.

Ба гуфтаи Путин, вай пайваста тавассути телефон бо Виктор Янукович дар тамос буд. Раҳбари собиқи Украина шоми 21 феврал ба раҳбари Русия занг зада мегӯяд, ки қасд дорад ба Харков барои ширкат дар ҳамоиши минтақавӣ биравад. Путин хоҳиш кардааст, ки вай Киевро тарк накунад, вале Янукович дубора занг зада гуфтааст, ки тасмимаш ниҳоӣ мебошад.

"Шумо медонед, ки худи ҳамон рӯз мухолифон бинои ҳукумат ва дастгоҳи раиси ҷумҳурро забт карданд", — изофа кард Путин.

Вай зикр кард, ки ба ҳангоми табадуллоти давлатӣ дар Украина Янукович дар Қрим қарор дошт ва қасди сафар ба Русияро надошт. Танҳо баъд аз ду рӯз вай чунин хоҳиш кард.

"Вақте рӯшан шуд, ки дар Киев бо касе намешавад музокирот кард, вай хоҳиш кард ва мо ӯро ба қаламрави Русия мунтақил кардем", — гуфт раиси ҷумҳури ФР.

Баъд аз ин ҳаводис Русия амалиёти бозгашти Қрим ба ҳайъати кишварро оғоз кард. Раиси ҷумҳур иқрор шуд, ки то замони ғасби мусаллаҳи ҳокимият дар Украина вай фикри "ҷудо кардани Қримро" надошт.

Путин, ба гуфтаи худаш, ба ҳамтоёнаш гуфтааст, ки ҳаводис чунин сурат гирифтанд, ки ФР ночор аст умури бозгашти Қрим ба ҳайъати Русияро оғоз кунад.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, ФР иттилоъеро дар ихтиёр дошт, ки мақомоти тундрави ҳокимияти Украина қасд доштанд дар Қрим амалиёти густурдаи террористӣ анҷом бидиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки хабар дод Путин, Русия ба Украина нерӯҳои низомӣ ворид накардааст ва теъдоди низомиён дар пойгоҳи низомӣ дар Қрим афзоиш дода нашуд.

Зимни ироъаи ҷузъиёти дигари раванди пайвастшавии Қрим ба Русия, Путин гуфт, ки дар моҳи марти соли гузашта дар нимҷазира нерӯҳои Раёсати иктишофии Русия, сарбозони дарёӣ ва нерӯҳои вижаи низомӣ фаъол буданд.

Маскав ба ҳар навҳаи тавсеъаи ҳаводис дар Қрим омода буд, зеро Ғарб ба ҳар роҳ талош дошт, ки аз пайвастшавии нимҷазира бо Русия дар пайи ҳамапурсӣ ҷилавгирӣ кунад.

Вай зикр кард, ки Русия метавонист дар сурати тавсеъаи манфии вазъият нерӯҳои ҳастаии худро дар ҳоли омодабош қарор бидиҳад, вале раҳбарияти кишвар бад ин назар буд, ки чунин ҳолат рух намедиҳад. "Мо омода будем, ки ин амрро анҷом бидиҳем", — гуфт Путин ва изофа кард, ки бо ҳамтоёни хориҷии худ сӯҳбатҳо карда ва изҳор дошт, ки Қрим қаламрави таърихии Русия мебошад ва ФР наметавонад сокинони ин нимҷазираро дар танҳоӣ бигзорад. "Ин мавқеъи кушода ва самимии мо буд. Ба ин далел фикр намекунам, ки касе қасд дошт даргирии ҷаҳониро оғоз бахшад", — изофа кард вай.

Вай таъкид кард, ки барои таъмини амнияти баргузории ҳамапурсӣ дар Қрим бояд аз хунрезӣ ҷилавгирӣ мешуд ва бад ин манзур нимҷазира ҳам аз самти дарё ва ҳам аз самти хушкӣ ба қалъае табдил дода шуд.

Раҳбари кишвар дар бораи таҳримот алайҳи ФР изҳори назар карда изҳор дошт, ки ин таҳримҳоро мебоист алайҳи ширкаткунандагони "табадуллоти давлӣ" ва "пуштибонҳои онҳо" роҳандозӣ мекард. "Мо аз манофеъи мардуми рус ва куллияи кишвар ҳимоят мекардем. Ивази ин амр ба пул ва ё ивази мардум ба дастовардҳову қарордодҳо ва ё интиқолҳои бонкӣ аслан ғайримумкин буд", — зикр кард Путин.

6
Барчаспҳо:
нимҷазира, андешаҳои президент, "Қрим. Роҳ ба сӯи Ватан", мусоҳибаҳо дар филм, президенти ФР, раёсати ҷумҳурӣ, Владимир Путин, Севастопол, Қрим, Русия
Мавзуъ
Ятсенюк гуфт, Украина бо Русия дар ҳоли ҷанг қарор дорад
Саакашвили: тасмими интиқоли силоҳ ба Украина 99% омода аст
Донетск алайҳи Украина ба иттиҳоми оғози ҷанг парвандаи ҷиноӣ боз кард
Путин гуфт, аллакай ба Украина силоҳ медиҳанд